Халқи тоҷик аз замонҳои қадим таърихи пурғановат дорад, ки тавонист то ба имрӯз ҷашну маросимҳои худро ҳифз намояд ва ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Расму оини мардуми мо тӯли солҳо аз насл ба насл гузашта, ташаккул ёфта ва дар ин муддат арзишу моҳияти худро аз даст надодааст. Як давраи таърихӣ давраи дигарро иваз карда бошад ҳам ё ин ки новобаста аз забткориву зулму ситами таърихӣ, тоҷикон тавонистаанд рукнҳои муҳимтарини фарҳангӣ аҷдодони худро ҳифз намоянд. Расму оинҳои мо аз давраҳои қадим инкишоф ёфта, имрӯз на танҳо тарзи ҳаёти мо, балки шуури моро ташкил медиҳанд ва ифодагари хусусиятҳои шарқии миллати моянд.
Одатан ҷашну маросимҳо дар байни мардуми тоҷик бошукуҳ мегузаранд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳури расму оини муайяне риоя карда мешавад.
Қаблан ҷашну маъракаҳои миллӣ, чи маъракаҳои туй ва чи маъракаҳои дафн ба чорабиниҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, хилофи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум шуда буданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8-уми июни соли 2007-ум ба танзими анъана ва маросимҳои миллию динӣ мусоидат карда, барои ҳифзи манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахрвандон равона шуд. Бинобар ин, дар тафсирҳои қонуни мазкур омадааст, ки мақсад аз қабули он “аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст”.
Дар Точикистон ба монанди дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шарқ, оила яке аз рукнҳои асосӣ буда, дар ҳаёти шаҳрванд мақоми баланд дорад. Аз анъанаву маросимҳои гуногуни зиёди оилавӣ бештар ба маросимҳои ақди никоҳ, дафн ва маросимҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.
Маросими туй бештар хусусияти миллӣ дорад. Хусусияти туйи миллӣ дар он аст, ки одатан тамоми маъракаҳо дар хонаи ҳам домод ва ҳам арӯс гузаронида мешуданд. Дар чунин мавридҳо дастархон ороста мешуд, хешу табори домоду арӯс ҷамъ меомаданд ва меҳмонони зиёдеро меҳмондорӣ мекарданд. Маблағҳои ниҳоят зиёд масраф мешуд. Имрӯз бошад мувофиқи қонуни мазкур, якум, тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. Дуюм, ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудаталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ аст. Сеюм, маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд. Чорум, падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. панҷум, ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд. Шашум, маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад. Ҳафтум, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд. Ҳаштум, тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муяйн менамояд.
Мақсади асосии қабули қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии мардум, мусоидат барои паст кардани камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равон карда шудааст. Вазифаи қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Риояи қонуни миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ба ору номус буда, мардум бояд дарк намоянд, ки қонуни мазкур барои баланд бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, беҳтар гаштани шароити зиндагии мову шумо равона шудааст.
Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.