Садои қадами марзбон ба осмон мерасад!

Ҳифзу ҳимояи ватан дар ислом ҷойгоҳи хос дорад ва Худованди таоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Дар таълимоти исломӣ иборае мавҷуд аст, ки дўст доштани ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дўст доштани ватан аз гўшаи имон аст. «Ҳуббу-л-ватан» дўст доштани ватан, муҳофизати ватан, хизмат ба ватан, обод кардани он, садоқат ва ростӣ мебошад. Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурўҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани «Ҳуббу-л-ватан» эътимод  доранд.
 
Ҳимояи марзу буми Ватани азизамон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дўши Қӯшунҳои сарҳадии кишвар вогузор гардидааст. Имсол аз таъсисёбии ин қўшунҳо расо чоряк аср пур мегардад. 
 
Аввалин санаде, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти сарҳад бахшида шуда буд, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 - декабри соли 1992 таҳти рақами 981 мебошад. Дар асоси ин қарор дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои ҷабҳаи халқӣ иборат аз 1200 нафар бригадаи таъиноти махсуси марзбонон барпо карда шуд. Ин масъала дар сессияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баррасӣ шуда буд.
 
Вазъияти дар сарҳади ҷумҳурии тозаистиқлол баамаломада андешидани чораҳои фавриро барои ҳарчи тезтар мустаҳкам кардани он ба миён гузошта буд. Аз ин хотир, Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 1992 фармони таъсиси Раёсати ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба тасвиб расонид. Бригадаи таъиноти махсус ба сохтори раёсат ворид карда шуд.
 
Ин ду санад дар амри барпо намудани Артиши сарҳадии Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз бозиданд. Баъд аз ду сол-30-юми майи соли 1994 фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 273 дар бораи барпо намудани Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Мувофиқи ин фармон ҳар сол 28-уми май чун рӯзи иди касбии сарҳадбонони тоҷик таҷлил карда мешавад. 
 
Дар асоси тадбирҳои муайяншуда барои пурра ва мукаммал намудани ҷузъу томҳои сарҳадӣ аз сохтори Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ 2000 воҳиди хизматӣ, аз он ҷумла 228 афсар, 80 прапоршик ва 1692 сарбоз ҷудо карда шуд. Ҳамзамон аз полкҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ 3893 хизматчии ҳарбӣ ба ҷадвали штатии қўшунҳои сарҳадӣ ворид карда шуданд. Сарварии аввалини Раёсати сарҳади тоҷикро полковник Рогов А.И. ба уҳда дошт. Санадҳои зикргардида инҳо таҳкурсӣ ва заминаҳое буданд, ки барои мукаммал гаштани қўшунҳои сарҳадӣ шароит фароҳам оварданд. Зарурати пайдарпай мустаҳкам кардани онҳоро ба назар гирифта, 30-майи соли 1994 дар пояи Раёсати ҳифзи сарҳади ҷумҳурӣ Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадӣ дар ҳайати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 
 
Сабаби асосии таъҷилан таъсис додани Раёсати ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадӣ дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар аввалин рўзҳои давлатдорӣ, ин халалдор шудани низоми ҳимояи хатти сарҳад, дар баъзе минтақаҳо ҳатто беназорат мондани он, ғайриқонунӣ ворид гардидани яроқу аслиҳа, маводи мухаддир, адабиёти экстремистию террористӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тахрибкор буд. Ҳимояи баъзе қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад беш аз пеш душвор мегардид ва шумораи вайронкунандагони хати сарҳад торафт зиёд мешуд. Дар натиҷаи амалӣ намудани чораҳои зарурӣ доир ба таҳкими марзҳои давлатии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан Афғонистон, ки ин қисмати сарҳад 1400 километрро ташкил карда, асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошаду солиёни дароз ин хатти сарҳадӣ  асосан аз ҷониби Хадамоти сарҳадбони Федератсияи Россия ва қисман аз тарафи ҷузъу томҳои Раёсати ҳифзи сарҳади Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муҳофизат карда мешуд, соли 1994-ум Қӯшунҳои сарҳадӣ созмон дода шуда, 28 май ҳамчун Рӯзи сарҳадбонон эълон гардид. Қӯшунҳои сарҳадии давлати ҷавони мо ба монанди дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар давраи хеле ҳассос ва  мушкили таърихи кишварамон ташкил дода шуда буд. Имрўз ин қӯшунҳо ба сохтори муташаккил, муназзам ва боэътимоди ҳифзи марзу буми диёри азизамон табдил ёфтааст, ки яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон мебошанд.
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад ва аз рӯи мавқеъ ва ҳудуди ҷойгиршавиаш сарҳади он ба ду қисм тақсим мешавад: 
 
1.Сарҳадоти Ҷумҳурии исломии Афғонистон (1400 км) ва Ҷумҳурии халқии Хитой (511 км) мебошанд.
2.Сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон, мутаносибан 1363 ва 990 км масофа доранд. 
 
Лоиқ ба ёдоварист, ки баъди дар соли 2005-ум пурра ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон вогузор гардидани вазифаи ҳимояи сарҳади давлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя масъулияти ҳомиёни марзу буми кишвари тозаистиқлоли мо даҳчанд афзуд.
 
Бадхоҳони давлату миллати мо аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сар карда, даст ба сарҳадшиканӣ, қочоқи силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир мезаданд. Аз навтаъсиссии давлати ҷавони мо суиистифода бурда, убури ғайриқонунии сарҳадро гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба авҷи худ расонида буданд. Ҳамаи ин дар маҷмўъ низоми мавҷудаи таъмини амнияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории моро халалдор месохт. 
 
Баъд аз ташкили қўшунҳои сарҳадӣ батадриҷ он такмил дода шуда, нигаҳбонии сарҳади Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз пеш мустаҳкамтар гардид.Вале, ҷумҳурии мо, ки дар хати транзитии интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷойгир аст, кори сарҳадбононро даҳчанд душвор гардонидааст. Бисёр ҳодисаҳои вайронкунии сарҳад ва задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марз аз ҳамин сабаб рўй медиҳанд. Ҳамсояро интихоб намекунанд, вале бо ҳукми тақдир Афғонистони ҷангзадаи нотинҷ ҳамсояву ҳамсарҳади мост ва аз ҳама асосаш, таҳкими марзи сарҳадии байни Тоҷикистону Афғонистони кунунӣ барои роҳ надодани интиқоли маводи мухаддир, қоҷоқи аслиҳа, убури ифротгароёни мухталифи дар он ҷо паноҳёфта (аз қабили ҷангҷўёни зиндамондаи диишии аз Ироқу Сурия ба Афғонистон интиқолдодашуда, ки дар ҳайати шуъбаи «ДИИШ»-и Ҳаракати «Давлати исломии Хуросон» фаъолият доранд) на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун сипар ё минтақаи буферӣ аҳамияти махсусеро дорост.
 
Ба қавли уламо як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомиёни ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.
 
Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: 
 
1.Овози мусбати қалами нависандагон.
2.Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол).
3.Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо Ватанро аз душманон ҳизф мекунанд).
Марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амон бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.
 
Роҳи дар тўли сӣ сол тайнамудаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро пеши назар оварда, қайд кардан лозим аст, ки таъсисёбии ин ниҳод дар таърихи  давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол як  рӯйдоди муҳиму тақдирсоз дар бақову пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳимояи марзу буми диёри азизамон ва истиқлолияти сиёсии давлати тозабунёди тоҷикон маҳсуб меёбад.
 
Барои тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ҷумҳурӣ Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шудааст ва имрўзҳо садҳо хатмкардагони  ин муассисаи таҳсилоти олии низомӣ дар нуқтаҳои гуногуни сарҳади давлатии Тоҷикистон ифои вазифа карда истодаанд. 
 
Инчунин, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиии Тоҷикистон барои таҳсил ба донишгоҳҳои низомии кишварҳои хориҷӣ фиристонида мешаванд. Зеро, дар ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ғайр аз заминаи кофии моддиву техникӣ ва иншооти муҷаҳҳаз, нақши кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорати ҳарбӣ ва воқеан содиқу ватандӯст бағоят калон аст. Имрўзҳо ба масъалаи бозомӯзиву такмили ихтисоси кадрҳо ва ба меъёрҳои муосир расонидани сатҳи касбияти онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, интихобу ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон таъмин мебошад. Натиҷаи ин заҳматҳо мебошад, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиии Тоҷикистон ҳамарўза софдилона вазифаҳои дар назди онҳо гузошташударо иҷро намуда, сарҳадшиканон ва вайронкунандагони низоми сарҳадиро боздошт ва интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот, яроқҳои оташфишон, маводи мухаддирро пешгирӣ менамоянд. 
 
Вазъияти сарҳади давлатӣ дар байни Тоҷикистону Афғонистон, инчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлати Тоҷикистон аз сарҳадбонони мо  аз ҳарвақта бештар зиракиву ҳушёрӣ ва омодабошии доимиро тақозо менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Қаламрави ҳар як кишвари мустақил яке аз муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории он буда, амнияти ҳар як халқу давлат аз сатҳи ҳифозати марзу бумаш вобаста мебошад!» Аз ин рў, марзбонони боҳиммати мо сарҳади давлатии Тоҷикистонро доим дар ҳолате бояд нигоҳ доранд, ки амнияти мардум ва давлати соҳибистиқлоламонро ҳеҷ кас бо ягон восита халалдор карда натавонад. 
 
Ба он кишварҳое, ки он ҷо низоми амн вайрон шудааст, аҳли он кишварҳо ҳаёти осуда надоранд, зеро ҳар лаҳза марг онҳоро домангир мегардаду мардуми он гурезону сарсон ва доимо эҳсоси хатар он ҷо ҳувайдо аст. Барқарории амну субот аз заруриётест, ки тамоми аҳли башар бар он иттифоқ доранд, зеро ҳифзи хун, мол, номус, ақл ва дин ба туфайли амну субот амалӣ хоҳад шуд.
 
Касе дар кишваре, ки дар он амну субот ҳукмфармост, ноили амн гардаду дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст. Зеро неъмати амн аз дунё ва тамоми дороии он беҳтар аст ва Пайғамбари бузургворамон (с) дар ин боб фармудаанд: «Касе аз шумо саҳар бархезад, дар худ амнро ҳис кунад ва дар бадан тансиҳатиро, дар назди ў қути ҳамонрўзааш бошад, чунон аст, ки барояш дунё ҷамъ оварда шудааст» (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа). Афзунии ин неъмат, ин амну суботи ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо ба шукр ва сипосгузорӣ мешавад, зеро Худованди бузург дар Қуръони карим фармудааст: «Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам; ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби Ман сахт аст» (сураи «Иброҳим», ояти 7).
 
Расули Худо (с) низ дар мавриди шукр чунин фармудаанд: «Касе камро шукр накунад, бисёрро шукр натавонад кард ва касе мардумро шукр накунад, Худоро шукр натавонад кард. Аз неъмати Худо сухан гуфтан шукр аст ва тарки он ношукрист … « (Ривояти Имом Аҳмад аз Нуъмон ибни Башир). 
 
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар нохалафе аз хориҷ нияти халалдор кардани сулҳу суботу оромии кишвареро дошта бошад, аввал бо марзбонони он кишвар рў ба рў мешавад. Мисоли равшани он ҳуҷуми фашистони истилогар 22 июни соли 1941 ба хоки Иттиҳоди Шўравӣ ва  задухўрдҳои аввалини онҳо бо марзбонон дар қалъаи Брест буд. 
 
Аҷдоди мо ҳанӯз дуюним ҳазор сол пеш дорои артиш ва барои ҳифзи марзҳои қаламрави худ низоми хоси марзбониро таъсис дода буданд. Дар аҳди Сомониён низ сохтори мукаммали низомие бо номи марзбонон арзи вуҷуд дошт, ки он давлати пуриқтидору мутамаркази тоҷиконро як асри тамом аз ҳуҷуму тохтутозҳои бегонагон чун сипари боэътимоде нигоҳ дошта буд.  Ҳимояти Ватан-Модар дар ҳама давру замон барои ҳар як фарди бонангу номуси миллат, аз ҷумла марзбонон муқаддастарин ва пурарзиштарин вазифа шинохта шудааст. Марзбонони ин сарзамини биҳиштосои мо аз рўзҳои аввал ин вазифаи муқаддаси пуршарафро дар гармову сармо ва дар ҳама ҳолатҳо сарбаландона ва ҳатто ба ивази ҷони хеш адо намуда истодаанд.
 
Дар ояти 200 сураи «Оли Имрон» Парвардигор мефармояд: «Ё аюҳа-л-лазина оману исбиру ва собиру ва робиту ва-т-тақу-л-лоҳа лаъалакум туфлиҳун» (Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!).
 
Муфассирон ибораи «ва робиту»-(омода бошед)-ро, ба марзбонон нисбат додаанд. Яъне, Парвардигори карим дар ин ояти карима ҳамагонро  фармудааст, то барои ҳимояи марзу буми Ватан омода бошанд.
 
Дар ибтидо «работ» хоначаеро мегуфтанд, ки дар он марзбонон иқомат мекарданд ва баҳри ҳимояи ватан шабу рўз машаққат мекашиданд. Баъдтар калимаи «работ» ба худ маъноҳои дигарро низ касб кард.
Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, ватани худро  ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо - сафарбар кардан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, тарбияи фарзандон дар рўҳияи баланди ватанпарварист.  
Адо намудани қарзи шаҳрвандӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ин амалӣ намудани фармудаи шариат аст. Зеро Худованд фазилати муҳофизони ватанро дар Қуръони карим зикр намуда, барояшон савоби беандоза муқаррар сохтааст. Ҳифзи ватан ҷиҳоди акбар аст ва онҳое, ки хизмати Ватан-модарро адо менамоянд, баҳри зиндагии осоиштаи мову шумо шабҳо бедорхобӣ мекашанд ё дар сарҳадот аз убури ашхоси ҷиноятпеша ҷилавгирӣ мекунанд, фарзу суннатро иҷро кардаанд.
 
Аммо баъзе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ рўй тофта, ба ҳар роҳу васила мехоҳанд аз хизмати Ватан-Модар фирор кунанд. Чунин ашхос фармудаҳои Худову Расулашро нодида мегиранд, ки ин  амал хиёнат ба ватан маънидод мегардад. Хушбахтона, аксари ҷавонони мо ҳисси баланди ватандўстӣ дошта, ҳамасола садҳо ҷавонони далеру шуҷоъ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро имрўз давлати мо муқтадир гашта, барои адои хизмат ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
 
Дар даврони Шўравӣ ҷавонон саъю кўшиш ба харҷ медоданд, ки пас аз хатми мактаби миёна ҳатман сараввал рафта ба Ватан-Модар хизмат кунанд, зеро хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт маҳсуб гардида, ба ҷавонон ҳиссиёти ватандӯстиву ҷавонмардиро сабақ медиҳад. Вале боиси таассуф аст, ки баъзе ҷавонони мо аз адои ин қарзи хеш дар назди Ватан-Модар сарпечӣ менамоянд ва барои он аз василаҳои зиёди ғайришаръие истифода мебаранд. Дар давлати Қатар баръакс, ҷавонон барои ба хизматӣ ҳарбӣ рафтан ҷидду ҷаҳди зиёде ба харҷ медиҳанд. Ҳатто дар рафти ҷанги 8 солаи байни Ироқу Эрон (солҳои 1980-1988) ҷавонони ватандўсти бо ору номус аз хизмати ҳарбӣ сарпечӣ намекарданд. Соли 1987 дар шаҳри Носирияи Ироқ ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо маро, ки паси чамбараки мошини давлатӣ нишаста будам, манъ карда, ҳуҷҷатҳоро барои тафтиш талаб намуданд. Вақте  диданд, ки шаклу симоям ба арабҳо монанд асту бо забони арабӣ ҳарф мезанам,  вале дар ҳуҷҷатҳо «хориҷӣ» сабт шудааст,  шубҳае дар дилашон пайдо шуд, дар ҳамин ҳолат афсаре бо рутбаи майор ба ман муроҷиат карда гуфт: «Шарм намедорӣ худатро аҷнабӣ метарошию аз хизмати сарбозӣ гурехтаӣ! Фаромўш накун, ки Пайғамбарамон (с) аз майдони корзор нагурехтааст!». Вақте ҳангоми суҳбат маълум шуд, ки ў замоне дар қисми ҳарбии ш.Красноводски Ҷумҳурии Туркманистон таълими ҳарбӣ гирифтаасту афсарони тоҷик устодони ў будаанд ва банда ин устодонашро хуб мешиносам, итминони комил пайдо кард, ки воқеан хориҷӣ мебошам. Ин афсар ба ман гуфт, ки замон замони ҷанг аст ва  ҳуҷҷатҳоро танҳо ба хотири он тафтиш мекунем, то нафарони бегонаи ба кишвар воридгардида ва ҷавонони бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз хизмат сарпечӣ  мекардаро муайян намоем.  
 
Дар шароити кунунӣ ҳамаи мо дар давраи хеле душвори бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, афзоиш ёфтани нооромиву муноқишаҳои минтақавӣ, авҷ гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, муборизаҳои иттилоотӣ ва дигар равандҳои глобалӣ, ки метавонанд ба пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии мо низ хатар эҷод намоянд, қарор дорем. Дар чунин шароит ҳар як фарди ватандўсту ба ору номус, ҳар як муҳофизи шуҷои марзу буми Ватанро воҷиб аст, вазифаҳои дар назди ў гузошташударо сарбаландона иҷро намояд ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, арзиши бебаҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳувияту ифтихори миллиро ба дурустӣ дарку эҳсос намуда, дар таъмини амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии кишвар саҳмгузор бошад. Зеро таъмини  амният ва ҳифзи Ватан корест, ки барои ҳар фарди мусулмон ва сокини худшиноси ин кишвар шараф ва ифтихори ватандорӣ маҳсуб меёбад.  
 
НАҶМУДДИН САЛИМОВ - мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосирa
Яндекс.Метрика