Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо чопи мақолаи “Амният ва илм” изҳори назарҳои ҷолибу хондание дар бораи амнияти миллӣ кардааст.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо чопи мақолаи “Амният ва илм” изҳори назарҳои ҷолибу хондание дар бораи амнияти миллӣ кардааст. Аз ҷумла ӯ менависад, ки “Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад”. Амният ва илм Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи "амният" муродифи калимаи "давлат" аст ва баръакс. Аввалин тасаввурот оиди ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи "давлат", зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад. Ба ҳамин хотир, "Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз" (Томас Гоббс) эълом гаштааст. "Кишвар" ва "мамлакат" синонимҳои муваффақи истилоҳи "давлат" мебошанд. Аммо аз лиҳози ҳуқуқӣ баробарвазн буда наметавонанд. "Давлат" мафҳуми юридикӣ аст. Истилоҳоти аввалан номбаршуда ишора ба ҷанбаи ҷуғрофиёианд. Кишвар, мамлакат метавонад бошад. Аммо давлат набошад. Мансубияти ҳокимияти сиёсӣ дар давлат тибқи конститутсия муайян карда мешавад. Он тақсимнашаванда аст. Ягон гурӯҳ, ҳаракати сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ дигар ин ҳуқуқ ва масъулиятро надорад. Дар таърифи классикии давлат унсурҳои асосӣ - миллат ва миллатҳо, қаламрав, ташкилоти сиёсӣ, пойдору мустаҳкам будани қонун, ҳуқуқ ва имконоти қонунии ҳокимияти сиёсӣ оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳудуди ин воҳиди сиёсӣ муайян карда шудаанд. Панҷ ҷузъи (нишонаи) давлат, ки номбар гардид, дар маҷмӯъ маънои таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлатро дорад. Ҳамин тариқ, давлат падидаи осмонӣ ё туҳфа нест. Заминӣ аст. Дар асоси қонуниятҳои хоси раванди ҳодисаҳои ҷамъиятӣ пайдо гаштааст. Аз ҷиҳати назариявӣ ва илмӣ арзи вуҷуд мекунад. Таърихи давлат, таърихи таъмини амнияти он аст. Ин ду мафҳум, тарзе ки хотиррасон гардид, якдигарро аз лиҳози мантиқи сиёсӣ ва натиҷаи он – ҳуқуқӣ пурра мегардонад. Тафсири пайдоиш ва рушди амният, ҳамчун муҳимтарин унсури давлат, дар асоси қонуниятҳои инкишофи ҷамъият заминаҳои илмӣ - назариявӣ дорад. Ҳарчанд эътироф бояд кард, ки дар бораи пайдоиши давлат фарзияҳои гуногун мавҷуданд. Ин падидаро тавассути паҳн кардани тасаввурот, консепсия ва назарияҳо, ашхос, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва қишрҳои муайяни сиёсӣ дар олам ва минтақа "соҳибӣ" карданӣ мешаванд. Ба он тобиши сирф идеологӣ медиҳанд. Аммо чунин тарзи ҷаҳонбинӣ ва амалия ҳам мисли истилоҳоти "давлат" ва "амният" ниёз ба тафсири илмӣ дорад. Истилоҳоти "дониш" ва "илм" дар қавмияти ниҳоят эътиқодмандонаи семантикианд. Лекин як чиз нестанд. Донишҳо метавонанд рӯзмарра, омӣ, идеологӣ, эътиқодӣ ва монанди инҳо бошанд. Илмӣ набошанд. Аммо барои тафсири система, структура ва функсияи давлату амният, зарурати тавзеҳи он аз мавқеи шакли шуури ҷамъиятие муҳим аст, ки охирин қудрати шарҳи қонуниятҳои рушди ҷомеаро дошта бошад. Ҳамзамон, ин қонуният на дар асоси афсона, мифология, теология, балки дар ҷараёни ҳаёти чандинасра, таҷрибаи дақиқи дар амалия санҷидашудаи худи Инсон ошкор ва тасдиқ гардида бошад. Ва ин донишҳо бояд ҳамеша дар ҳолати рушди бемайлон барои манфиатҳои заминии худи Одам хизмат намоянд. Албатта, назарияи эътиқодии фавқуттабиӣ оид ба пайдоиши давлат ва амният низ вуҷуд дорад. Ба хотири ин ақида, ҳар рӯз садҳо, ҳазорҳо нафар ҷони худро қурбон мекунанд. Бегуноҳон ҳалок мегарданд. Мардум бехонумон мешавад. Чунин назария ҳам беасос нест. Он падидаи онтологӣ ва тавлидкардаи ҳадафҳои заминӣ аст. На осмонӣ. Ба хотири манфиат доштан дар сохтани давлати мувофиқ, хеле осон асоснок кардан ва нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ - ҳокимият ва албатта, истифода намудан аз он аст. На бештар аз ин. Вазъи имрӯзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ - таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният меистад. Ин мавзӯи дараҷаи аввал маҳсуб мегардад. Ҳар нафаре, ки қудрати фикри солимро дорад, намехоҳад "чеҳра ба гиря бишӯяд ва оҳанги рақс аз оҳу нола биҷӯяд" (Ҳофиз). Ҳамзамон маълум аст, посух ба ин асрор корест на осон. Муҳим ба назар мерасад, ки дар дараҷаи муқаддимавӣ баъзе масъалаҳои амниятӣ аз нигоҳи назариявӣ мавриди баҳс қарор гиранд. Давлат ва амният Амнияти давлат мафҳуми системавӣ мебошад. Он аз ячейкаи одии давлат оғоз ва дар олитарин муассисаҳои давлатӣ ба тарзи принсипиалӣ таҷассум меёбад. Муҳтавои ин масъала дар Қонуни асосии ҳар кишвар сабт гаштааст. Тибқи он дар давлат нафар, муассиса, корхонае вуҷуд надорад, ки амали вай берун аз манфиатҳои таъмини амнияти давлат мавриди назар гирифта шавад. Субъектҳои дорои ҳуқуқ, ҳамзамон, вазифаҳои муайян дар самти таъмини амнияти давлатро доранд. Давлат дар натиҷаи таҳлили дараҷаи самаранокии шаклҳои гуногуни ҳокимият, аз ҷумла бисёрҳокимиятӣ, муҳимтар аз он, дар асоси раванди қонуниятҳои инкишофи ҷомеа ба вуҷуд омадааст. Он воситаи асосии муташаккилии раҳбарии ҷомеа мебошад. Тавассути он дастгоҳи идорӣ иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташударо таъмин мекунад. Ба тарзи дигар, давлат қувваи марказонидашудаи ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар асоси маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие, ки ҷомеа ва худи давлат зарур медонад, арзи ҳастӣ менамояд. То замоне ки давлат - гаронтарин ҷузъи системаи сиёсии ҷомеа, миллат ва миллатҳо вуҷуд дорад, тақрибан ба ҳамин андоза (қиматнокӣ, арзишмандӣ, баробарвазнӣ) барои фалаҷ кардан, аз фаъолият боз монондан ва оқибат нест кардани он хатарҳо мавҷуданд. Ин таҳдидҳо якранг, дар як сатҳ, бетағйир ва мутлақ буда наметавонанд. Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад. Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад. Дар он маҷмӯи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама, захираҳои ақлонӣ ва амалии он истифода мешаванд. Бе донистани моҳият (ҷавҳар)-и чунин тахрибкорӣ, ғаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он, мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст. Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон.

С.Ятимов. Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” , 30.05.2017 №: 107

Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика