“Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрўзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.
Дар муддати 33 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон бо пешрафту созандагиаш ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, мардуми шарифу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зеботар гаштани ин диёри арҷманд якдилона талош мекунанд. Бо шукргузорӣ аз Истиқлолият дар атрофи Сарвар ва Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, барои ободу зеботар гаштани ин сарзамин ҳар як фард нақши худро дорад.
Агар саҳифаҳои ҳаёти кишварамонро варақгардон кунем, аз муваффақиятҳои ноилгаштаамон болидахотир ва фараҳманд мегардем. Зеро, солҳое буданд, ки рўҳияи мардуми шарифи Тоҷикистонро ноумедӣ фаро гирифта буду, кас гумон намекард, ки рўзҳои осудагию фараҳафзо боз ба кишварамон бармегардад. Он рўзҳо орзу мекардем, то оташи қаҳру ғазаб, кинаю адоват ва қасдгириҳои ҷанги таҳмилӣ аз байн биравад ва шахсиятҳои хирадманду миллатдўст, дурандешу халқдўст, давлатсозу ояндабин, далеру шуҷоъ ба майдони сиёсат ворид гарданд ва ташаббускори раҳоӣ аз табоҳӣ, озодӣ аз ҷаҳолат гарданд.... Ин ҳама орзуҳои ҳар як фарди миллатдўст дар он рўзҳои ҷанги таҳмилӣ буданд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки комёбиҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба дорад. Хушбахтона, шахсе ба сари қудрат омад, ки дар муқобили ҳамагуна хавфу хатарҳо муборизаи қатъӣ бурда, самти ҷараёни киштии умеду ормонҳои миллатро ба сўи офтоби шўълавар мутаваҷҷеҳ намуд. Аз ҳама гуна монеаҳои сиёсиву иқтисодӣ бо иродаи қавӣ убур карда, кишвари азизамонро ба қуллаи мақсуд - сулҳ, ваҳдат ва ризоияти ҷомеа бо масъулияти тамом оварда расонид. Ба таҳдидҳои бадхоҳон, душманони миллат ва давлати тоҷикон ҷавобҳои қотеона дода, Тоҷикистонро аз хатари таърихии парокандашавӣ нигоҳ дошт. Ў кишвари ҳамешабаҳори моро дар арсаи олам ба ҳайси як давлати мустақил, дорои саҳифаҳои дурахшони таърихию фарҳангии ибратомўз ва забону адабиёти ғанӣ ба оламиён муаррифӣ намуд. Нақши ин фарзанди барўманди миллати тоҷикро, метавон ба Исмоили Сомонии сонӣ шабоҳат дод, ки бо ҷоннисорӣ, матонату иродаи устувор давлати тоҷиконро аз нав эҳё гардонид ва бо номи шахсияти сулҳҷўю давлатсоз машҳур ба ҷаҳон гардид.
Имрўз олимону сиёсатмадорони гўшаҳои гуногуни олам таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистонро мавриди омўзиш қарор дода, барои бартараф сохтани зиддиятҳои дохилӣ ва таҳкими сулҳу ризояти миллӣ аз он ҳамчун намунаи беҳамто истифода мебаранд.
Воқеан, даврони истиқлолият ба тоҷикистониён тамоми ҳуқуқҳои инсониро фароҳам овард, ки ин боиси сарфарозии ҳар як шаҳрванд ва таҳкими ризоияти халқи шарафманди мо гардидааст.
Баъзе аз бародарон камбудиҳо ва норасоиҳои ҷузъиро ба майдони баҳс кашида, аз масоили умдаи давлатсозӣ худро канор гирифта, ҷониби ниҳодҳои давлатӣ санги маломат мезананд. Андеша намекунанд, ки барои саробонии як оилаи кўчак чӣ гуна мушкилотро рафъ кардан лозим меояд. Хусусан, дар даврони ҷаҳонишавию тазодҳои замони муосир, манфиатҷўию аз нав тақсимкуниҳои ақсои олам давлатдорӣ кардан кори басо мушкил аст.
Қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсозе дар таърихи навини халқи шарафманди мо мебошад. Маҳз бо ибтикори фарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994, дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ аланга мезад, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд ва он ҳамчун шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат бори нахуст Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии давлатро муайян кард.
Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи беш аз 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, якҷоя бо дигар кишварҳои олам дар ҳаллу фасли мушкилоти иқтисодию сиёсӣ, амниятию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон саҳмгузор мебошад. Дар асоси меъёрҳои муайяннамудаи Конститутсия дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ тарҳрезӣ гардида, тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро ба танзим дароварда шуд.
Чуноне дар моддаи 26 Сарқонун омадааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ зимни риояи аслҳои конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, амалӣ гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарфи назар аз нажоду миллат, ба ҳар кас эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ ҳуқуқу озодиҳоро кафолат додаст. Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар муносибатҳои байни давлат ва ташкилоти динӣ шароити баробари ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки дар мамлакат фазои софу беғубори озодии виҷдон ва эътиқод барқарор гашта, шаҳрвандон эътиқоди динии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ гардонида истодаанд.
Ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихии “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин”, “Кимиёи саодат”-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқимат, ки асрҳои дароз дар гўшаи фаромўшӣ монда буданд, чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд. Хуллас, барои ҳар нафаре, ки мехоҳад пайрави дини Ислом бошад, дар Тоҷикистон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Дар робита ба ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва эълон гардидани ш. Душанбе ҳамчун пойтахти тамаддуни исломӣ, дар арсаи байналмилалӣ, бахусус олами Ислом, шўҳрати Тоҷикистонро фузунтар намуд.
Арҷгузорӣ ба шахсияти бузургони миллат, мисли Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ ва дигарон, омўзиши мероси гаронбаҳои онҳо аз ифтихороти миллат маҳсуб мегардад. Худшиносии миллӣ, қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат ва хизматҳои шоистаи онҳо дар рушду нумўи илму фарҳанги умумибашарӣ ва таҳкими ваҳдати миллат аз ҳадафҳои ҷавҳарии ин иқдоми таърихии сарвари давлатамон мебошад.
Мо итминони комил дорем, ки минбаъд низ мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун яке аз пояҳои устувори эътиқодӣ ба миллати тоҷик хидмати арзанда хоҳад кард.
Имконпазир гардидани ҳамаи ин неъматҳои зиндагӣ ба шарофату фазилат ва заковати Сарвари ғамхору дурандеш ва миллатдўст- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба даст омадаанд. Мардуми шарифи диёри азизамон итминони комил дорад, ки сиёсати пешгирифтаи созандаю ободкорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарўза идомаву тақвият ёфта, дурнамои ҳадафҳо пешрафти иқтисодиёт, маънавиёт, илм, фарҳангу иҷтимоиёти ҷомеа, саодати мардум ва осудагиву тараққиёти мамлакат мегардад.
Наҷмиддин Салимов - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир