Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мафкураи сиёсии ҷавонони тоҷик.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои зимоми сиёсату роҳбарии ҷумҳуриро ба зимма гирифтан эҳёи тафаккуру дарки миллиро дар меҳвари сиёсати хеш қарор дода, асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро офариданд.

Қобили тазаккур аст, ки миллати тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ҳифзи марзу бум, манфиатҳои милливу фарҳангӣ, гиромӣ доштани забону фарҳанг ва сарнавишташ талош намудааст. Тоҷикон яке миллатҳои куҳанбунёд ва дорои фарҳанги ҷаҳоншумул буда, нақши фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Академик Бобоҷон Ғафуров барои зинда гардонидани таърихи куҳани миллати тоҷик ҷонбозиҳои зиёд намуда, дар давраи басе ҳассоси таърихӣ ва сиёсӣ китоби «Тоҷикон»-ро навиштанд, ки далели ғайрату матонати бузурги ин шахсияти таърихӣ мебошад. Асари бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маъхази ғании андешаву тафаккури миллӣ ва сарчашмаи боэътимоди гузаштаи халқи тоҷик маҳсуб мешавад, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» аст.

Дар ин асарашон Пешвои миллат мегӯянд, ки «… тафаккури солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз намудан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии ҷумҳуриро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро, баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии ҳамаи мо мебошад».

Воқеан қишри фаъоли ҷомеаи тоҷик вазифадор аст, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат ҷавононро дар руҳияи ифтихори миллӣ ва эҳтиром доштан ба таърихи пурғановат тарбия намуда, дар мустаҳкамшавии мафкураи сиёсии ҷавонони тоҷик саҳм гузорад.

Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика