СУННАТҲОИ МАРДУМИИ ИДИ ФИТР

Иди Рамазон аз ҷашнҳои мардумии тоҷикон аст, ки рӯзи якуми моҳи шавволи солшумории ҳиҷрӣ баргузор мегардад. Аз ҷумлаи анҷом додани кори савоб дар ин рӯз додани садақаи фитр мебошад, ки мардуми тоҷик ба хотири анҷоми кори хайр онро иҷро мекунанд. Пас аз он, ба оромгоҳи гузаштагонашон, хонаи наздикону пайвандон, ёру дӯстон, ҳамсоягон (асосан хонаҳое, ки мурдаи тоза доранд) рафта, орзуву таманнои хайр мекунанд, ки аз меҳру муҳаббат доштан нисбати якдигар мебошад. 
 
Аз ҷумлаи анъанаву суннатҳои неке, ки дар рӯзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад. Одатан анҷоми корихайру савоб дар иди Рамазон бештар ба чашм мерасад.
 
Анъанаҳои марбут ба моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр аз суннатҳои муқаддаси мардуми мо буда, сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва талаби аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд. Фазилати хоси анъанаҳои марбут ба моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр ин аст, ки онҳо барои ваҳдату ҳамгироии қишрҳо ва табақаҳои гуногуни ҷомеа ва таҳкими ҳувияти милливу иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
 
Суннати неки дигаре, ки барои истиқболи иди Рамазон аз Паёмбар (с) ба умматонаш мерос мондааст, дар ин рӯз худро оростану перостан ва беҳтарин либос пӯшидан ва бо шодию нишот ба идгоҳ ва ба табрики ҳамдигар рафтан аст. Шодиву хурсандӣ кардан дар рӯзҳои ид дар замони Паёмбар (с) низ маъмул будааст. Чунончи, дар як ривоят аз Оишаи Сиддиқа (р) омадааст, ки рӯзе назди ӯ ду духтарак Ҳаммома ва Зайнаб сурудхонӣ мекарданд. Дар ин вақт Паёмбар (с) даромаданд ва ба як паҳлу дароз кашиданд. Баъд аз он Абубакри Сиддиқ даромаданд ва сурудхонии духтараконро дар ҳузури Паёмбар (с) дида, духтари худро сарзаниш карданд. Паёмбар (с) хитоб ба Абубакри Сиддиқ гуфтанд: “Ба онҳо чизе магӯ!”.
 
Хусусияти хоси ҷашн гирифтани иди Фитр дар мардуми тоҷик ин аст, ки дар рӯзи иди Рамазон шодию хурсандии кӯдакон ҳадду канор надорад. Онҳо либосҳои идона ба бар карда, идгардак мекунанд, аз сари субҳ дар ба дари хонаҳои маҳаллаашон гашта, соҳибхонаҳоро бо ид муборакбод мегӯянд. Соҳибхонаҳо ҳам барои шод кардани табъи онҳо чизе (тухм, чормағз, чагалдак, орзуқ, қанд ва ғайра) медиҳанд. 
 
 
Садуллоев Аҳмадҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика