Табаддулоте дар муносибатҳои истеҳсолии аграрӣ

Идомаи мақола
Ҳар аср доираи рӯйдодҳои мушаххасеро фаро мегирад, ки махсуси ҳамон аср мебошанд ва ба фарҳангу тамаддуни ҷомеа ва сарнавишти инсонҳо бетаъсир намемонад. Дар робита ба ин дар доираи ҷаҳонбинию урфу одатҳои миллии халқи тоҷик риояи расму ойин зина ба зина барои ҳама ҳукми қатъӣ мегирад.
Аз даврони истиқлол марҳалаи нави худшиносии миллӣ оғоз ёфт. Истиқлол барои амиқрафти шуури иҷтимоиву маънавӣ такони ҷиддӣ дод. Паҳлуҳои тозаи шинохти иҷтимоии худ ошкор гардид, баъзе паҳлуҳои масъала беш аз пеш аҳаммият пайдо кард. Тағйири вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ҷанги дохилӣ ва буҳрони ҳамагонии миллӣ, ки пайомадҳои ғайри чашмдошт ва харобкори замони истиқлол буд, барои инкишофи муътадили шуури иҷтимоӣ ва хештаншиносӣ монеаҳои зиёде эҷод намуд, ҷомеаро аз рушди маънавӣ боздошт, масъалаҳои зиёде ба миён овард, ки  то ҳол мавриди баррасии аҳли андеша қарор наёфта буданд [1]. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбариашон масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешгирӣ аз исрофкориро пайваста таъкид мекарданд. Аз ҷумла, ҳангоми мулоқот дар мавзӯи «Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ» 19 марти соли 1993 ёдовар шуданд, ки аввалин коре, ки роҳбарияти нав ба он даст зад ва ҳанӯз ҳам ба он машғулем, эҳёи мақомоти қонунии ҳокимият, риоя ва назму низоми қонун, амнияти шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагӣ ва кори пурсамари онҳо мебошад. Дар марҳалаи ҳозира давлат истеҳсолотро бояд бо мақсади дастгирии иҷтимоии доираҳои камбизоати аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити якхела барои ошкор сохтани қобилияти одамон ба кор танзим намояд [2]. 
Дар ҳақиқат солҳои 1990-1992 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ марҳалаи хеле паст рафтани сатҳи зиндагӣ ба ҳисоб мерафт ва баъди ҳодисаҳои солҳои 1992 кишварамон ба буҳрони азими иқтисодӣ гирифтор шуд. Бо саъю талошҳо ва таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти азиме ба вуҷуд овардан, солҳои 1995 ва 1997 ба аҳолии мамлакат 75 ҳазор гектар (аввал 50 ҳазор ва баъд 25 ҳазор гектар) замин тақсим карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ (30 октябри соли 1999) зикр намуданд, ки «…масъалаи таъмини истиқлолияти озуқаворӣ моро водор намуд, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзиро оғоз кунем. Дар ин давра ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд. Анҷом додани ин кор, яъне тақсими замин кори чандон осон набуд. Зеро чунон ки медонед, ин масъала ба таври ҷиддӣ тағйир додани психологияи одамон ва муносибат ба заминро талаб мекард. Сарфи назар аз муқовимат дар тамоми зинаҳои роҳбарӣ мо ин корро анҷом додем ва имрӯз бо эътимоди қавӣ метавонем изҳор кунем, ки ин табаддулоте дар муносибатҳои истеҳсолии аграрӣ буд» [3]. 
Ба аҳолии деҳот тақсим кардани 75 ҳазор гектар замин аллакай натиҷаҳои мусбат бахшид ва замин файзу баракаташро даҳчанд афзун намуд. Мутаассифона, исрофкорӣ ва афзудани ҳирси ҷамъоварии сарват боиси косташавии сатҳи маънавияту рӯзгори қисми зиёди мардуми камбизоат гардида, монеъи пешравии кишвар ба самти тамаддуни умумибашарӣ, сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мегардид.
Доир ба танзими расму ойинҳои халқӣ 9 июли соли 1999 дар шаҳри Душанбе машварати умумиҷумҳуриявӣ бо иштироки Президент ва роҳбарони мақомоти ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу интизомӣ, Шӯрои уламо, раисони ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳалҳо баргузор гардид.
Сарвари давлат дар маҷлис зикр карданд, ки «Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму ойинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем. Муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем. Аммо танзим намудан маънои маҳдуд кардани анъана ва расму ойинҳоро надорад, балки яке аз роҳҳои мусоидат намудан ба густариши худшиносӣ ва маданияти халқамон мебошад» [4]. 
Ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Абдураҳим Холиқзода дар асари худ «Ватандӯстӣ ва ҳуқуқ» овардааст, ки Ватан худ гаҳвора аст, ки миллатҳоро ташаккул, ҷомеаҳоро муттаҳид ва халқҳоро саодатманд менамояд. Ватан муқаддас аст ва Роҳбари Ватан аз зумраи муқаддасоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳар ҷомеаи озоду низомпарвар аст. Роҳбари давлат масъулияти азими ба соҳилҳои розу ниёзи мардум расонидани киштии миллатро бар уҳда дорад [5]. 
Ҳамин аст, ки Роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» 12 декабри соли 1992 таъкид доштанд, ки барои ҳар як давлати соҳибистиқлол масъалаи асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан мумкин аст [6]. 
Зарурияти танзими расму ойинҳоро ба инобат гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июли соли 1999, таҳти рақами 1247 фармон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард [7]. Мақсад ва вазифаҳои танзими ҷашну маросим дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нутқи ӯ дар маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳои халқӣ ҳаматарафа муайян шуданд. Ҳадафи асосии танзими ҷашну маросим аз мусоидат кардан ба ташаккули худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва тоҷику тоҷикистонӣ будан, қавӣ гардонидани базаи молиявии оила, ташкили таълиму тарбияи дурусти фарзандон, ба воя расондани насли ба ору номуси ободкунандаи Тоҷикистон мебошад.
Мувофиқи ин ҳидояту пешниҳодҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 «Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ» қабул гардид ва дар ҳайати он 22 нафар шахсони обрӯманди вазорату идораҳо шомил гардиданд: 
1.Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия
2.Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия
3.Котиби масъули Комиссия (моҳонагир) 
Аъзои Комиссия:
4.Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
5.Мудири шуъбаи фарҳанги ДИПҶТ 
6.Мудири шуъбаи иттилоотии ДИПҶТ
7.Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 
8.Муовини вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
9.Муовини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
10.Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
11.Муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 
12.Раиси Кумитаи оид ба корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ
13.Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ
14.Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ
15.Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ
16.Саркотиби илмии Академияи Илмҳои ҶТ
17.Мудири шуъбаи таърихи дини Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
18.Мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 
19.Муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
20.Раиси Шӯрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон 
21.Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон 
22.Раиси Шӯрои куҳансолони Ҷумҳурии Тоҷикистон [8]. 
Дар вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ комиссияҳои доимоамалкунандаи танзими анъана ва ҷашну маросим ташкил гардид. Раисии Комиссия ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Комиссия  (моҳонагир) дар назди шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 апрели соли 2001 дар Паёми худ ба аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъкид намуда, чунин дастури зиндагисоз дод: «Мо бояд барои баланд бардоштани маҳсули меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосили ҳар ваҷаб замин ва зиёд кардани содироти кишоварзӣ шароит фароҳам созем. Ин дар сурате муяссар мегардад, ки ҳар порча замин соҳиби ҳақиқии худро, ки ба беҳбудии ҳолати агротехникии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол манфиатдор аст, пайдо намояд» [9]. 
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки таҳияи Ҳуҷҷати фарогири Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро пешниҳод намояд. Ҳуҷҷати мазкур дар доираи Ҳуҷҷати моҳиятан мобайнии (васатии) стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ (октябри соли 2000) таҳия гардида, Барномаҳои инвеститсияҳои давлатӣ, кумаки техникӣ барои солҳои 2001-2003 ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла дастурҳои барномавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (соли 2001) дар мавриди арзёбии камбизоатӣ дар Тоҷикистон зикр намуда буд, истифода шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мазкурро бо ҳамкории Фонди байналмилалии асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН), дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои донор татбиқ менамояд.
Натиҷаҳои таҳлили сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1999 сурат гирифт, нишон дод, ки аз чор се ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба онҳо дар муқоиса ба шаҳр (18,6 фоиз) аксари бештари аҳолии нодортарин (23,4 фоиз) рост меояд. Вобаста ба минтақаҳо аз шумори умумии аҳолии нодор 45,7 фоиз дар вилояти Хатлон, 26,1 фоиз дар вилояти Суғд, 19,2 фоиз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 6,9 фоиз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 2,1 фоиз дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд [10]. 
Дар радифи фармони Сарвари давлат ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, дар асоси он Комиссияи танзими ҷашну маърака ва расму ойинҳои мардумӣ дар назди ҳукуматҳо ташкил карда шуд, ки ба он муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сарварӣ менамуданд. Ба ҳайати Комиссияҳо намояндагони кор бо занон, кор бо ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ахбори омма, сохторҳои низомӣ, шуъбаҳои фарҳанг, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ходимони дин шомил гаштанд. 
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000,№ 268 Тавсиянома «Оид ба танзими расму ойинҳо ва ҷашну маросими мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Тавсияномаро Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ чун дастурамал барои комиссияҳои анъана ва маросими миллии маҳалҳо пешниҳод намуд.
Табиист, ки тули асрҳо расму анъанаҳо аз авлод ба авлод гузашта, дар тафаккури мардум ҷой гирифтаанд ва ба танзим даровардани он кори осон ва якрӯзаву яксола нест. Фармони Сарвари Давлат аз рӯзи эълон шуданаш ба дастгирии умум сазовор гашт. 
Бо кӯшиши пайгиронаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллии шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои маҳаллӣ дар мамлакат ҷашну маросим ва тӯю маъракаҳои миллию мардумӣ то андозае танзим карда шуданд. Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз моҳи ноябри соли 1999 то моҳи майи соли 2007 чорабиниҳои зиёдеро ба сомон расонид. Аз ҷумла 16 конференсияи илмию амалӣ, машваратҳои ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 480 семинар-машваратҳо дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва расму ойинҳои мардумӣ доир намуд. Дар кори ин семинар - машваратҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ, раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо, муовинони онҳо, раисону аъзои комиссияҳои маҳаллӣ, мудирони шуъбаҳои маънавиёту фарҳанг, ҷавонон, занон ва оила, дин, сохторҳои қудратӣ ва интизомӣ, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, шӯроҳои куҳансолону собиқадорон, инчунин, имомхатибони масҷидҳо ширкат варзиданд. 
Вобаста ба дастгирии ниёзмандон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доранд, ки «Саҳми шахсии ҳар фарди соҳибдил, ба назари ман, пеш аз ҳама адо намудани қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии хеш мебошад. Агар дар рӯзҳои ҷашн мо ба одамони ятим, камбизоат, куҳансолон, маъюбону ниёзмандон кумак расонем, ба онҳое, ки фарзандон ё сарпарасташонро гум кардаанд, дасти ёрӣ дароз кунем, бисёр кори хайр мебуд. Агар ҳар кадоми мо ба анъанаҳо ва расму ойинҳои пешомада кӯркӯрона тақлид накунему ба онҳо аз рӯйи ақли солим ва талаботи замон баҳо диҳем, роҳи осону сарфакоронаи онро пеш гирем, бевосита қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худро адо мекунем» [11]. 
Кумак расондан ба ятимону ниёзмандон дар мамлакат аллакай ба ҳукми анъана даромад, ки дар он ҳиссаи соҳибкорон низ хеле назаррас мебошад.
Фаъолияти Комиссия доир ба анъана ва маросими миллӣ дар вилояту шаҳру ноҳияҳо хеле назаррас буд. Аз ҷумла,  дар шаҳри Душанбе аз соли 1999 ҷиҳати пешгирии зиёноварӣ ба пешрафти кору меҳнат дар ҳудуди шаҳр дар соатҳои барвақти субҳ ташкил намудани маъракаҳои серхароҷоти оши наҳорро манъ карданд (дар рӯзҳои корӣ низ оши наҳор баргузор мегардид) ва гузаронидани тӯю маъракаҳо дар рӯзҳои корӣ пас аз соати 17:30 то соати 23:00 баргузор карда мешуданд. Маросими динӣ ба зиёфатҳои бодабдаба табдил ёфта буданд ва дастархони маъракаҳои азодорӣ аз хурсандӣ кам фарқ мекардагӣ шуд. Аксарияти мардум бештар ба худи маросимҳо не, балки ба зиёфатҳо таваҷҷуҳ доштанд. Ба ин нигоҳ накарда дар рӯзҳои истироҳат аз соати 6-и субҳ зиёфатҳо оғоз карда мешуданд. Ҷашни зодрӯз низ баъди соати корӣ пурдабдаба гузаронида мешуд [12]. 
Дар шаҳри Хуҷанд низ баргузории маъракаҳо, аз ҷумла тӯйи домодию арӯсӣ ва хатнасур хеле ташвишовар буд. Солҳои 90-ум маъракаҳои тӯй хеле вазнин гардида буд, ки он қабл аз ҳама ба теъдоди зиёди меҳмонон вобаста буд; кор ба ҷое расид, ки дар шаби тӯйи арӯсӣ, домодталабон то 1000 нафарӣ, дар оши наҳор бошад, то 1500 нафар иштирок мекарданд [13]. 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо қарори иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати III) аз 27 октябри соли 2005, № 33 Низомномаи комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд «Оид ба танзими расму ойинҳои миллӣ ва ҷашну маъракаҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд» -ро тасдиқ намуд. Низомномаи мазкур аз 6 боб ва 30 модда иборат буд, ки дар амалӣ намудани фармони Президенти кишвар санади муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб мерафт. Дар асоси моддаи 19: «Маъракаи домодталабон дар ҳолати зарурӣ бо иҷозати комиссия дар рӯзҳои корӣ – нисфирӯзӣ аз соати 11:00 то соати 13:00 ё бегоҳ баъди соати корӣ гузаронида шуданаш мумкин аст». Дар сархати 7-и моддаи 22 – и Низомнома омада буд: «Шумораи меҳмонон дар тӯйи домодию арӯсӣ дар шаби тӯй то 300 нафар, дар ҳолати ду ва ё зиёда тӯй барпо намудан то 500 нафар муқаррар карда, дар доираи то 4 соат гузаронида шавад». Дар сархати 8-и моддаи 22 – и Низомнома омада буд: «Домодталабон асосан хоси мардуми шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофии он буда, маросими нисбатан нав мебошад. Маъракаи домодталабон бо иштироки якҷояи зану мард бо теъдоди то 200 нафар меҳмонон гузаронида шавад». Тибқи моддаи 23 бошад «Барои мутобиқат ба суннатҳои беҳтарини мардуми мо ва мувофиқи шароити замон ташкил кардани тӯйи хатна он бо иштироки аҳли оила ва наздикон, бидуни зиёфатҳои паёпаю пурдабдаба ва хароҷоти баризофаю намоиши супоридани ҷиҳоз ва дигар ашёю анҷом бо иштироки то 300 нафар меҳмонон дар як рӯз дар доираи танҳо як чорабинӣ – ё оши наҳор ва ё зиёфат гузаронида шавад» [14]. 
Ҳамин тариқ, тибқи Низомнома шумораи меҳмонони даъватшуда то нисф кам карда шуд. Дар заминаи низомномаи танзими расму ойинҳо ва ҷашну маъракаҳо дар шаҳри Хуҷанд маъракаҳо нисбатан камхарҷу ботартиб гардиданд.  
Тӯю маросим воқеан ҳам нисбатан камхарҷ шуданд. Соли 2000-ум дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ба амал татбиқ намудани фармони Президенти мамлакат корҳои муайян ба анҷом расиданд. Масалан, дар шаҳри Хӯҷанд маъракаҳои «Тӯйбарон», «Салом», дар маъракаи хонадоршавии ҷавонон ва бо тантана додани тилловорӣ хеле кам шуд. Дар маросими дафну азодорӣ ва маъракаҳои баъди он ба монанди «Шаби сиёҳ», «Бегоҳи охир», «Бист»-ро худи аҳли маҳаллаҳо кам карданд. Дар ҳудуди шаҳри Исфара зиёфати ёру дӯстони домод ва арӯсшаванда, намоиш додани ҷиҳози арӯсӣ кам гардида, анъанаҳои «Оши очагӣ», «Ҳаққи шир», «Маслиҳатошӣ» кам гардид. Дар шаҳри Конибодом низ маъракаҳои «Оши занон», «Духтарталабон» барҳам хурд. Дар шаҳри Истаравшан гузаронидани «Гаҳворабандон», «Очабинон», «Домодталабон», «Арӯсталабон», «Маҷлиси духтарон», «Салом», «Шармшиканон», «Сари ҳафта» манъ карда шуд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2001 дар муқоиса бо соли 1999 чорабиниҳои серхарҷи зиёфати духтарон, маслиҳатошӣ, додани руймолча ва миёнбандҳо ба хизматчиёну иштирокчиёни ҷашну маросим, фотиҳаошӣ, оши сол, шаби сиёҳ, бегоҳи охир, дар хонаи шахси маросими дафндошта забҳи гусфанд ва ғайраҳо кам гардид. 
Аз мушоҳидаи рӯзноманигорон бармеояд, ки дар ноҳияи Ванҷ андозаи сарфа ва сариштакорӣ риоя намегардид. Дар деҳаҳои Раванд, Техарв ва Ғумаст бошад, то қабули қонуни танзим (то соли 2007) дар як тӯй то 1100 кг гушт сарф мешуд [15]. 
Собиқадори соҳаи танзим Азизулло Мирзозода ҳолати баргузории тӯйи домодию арӯсиро дар ноҳияи Лахш то қабули қонуни танзим чунин баён намудааст. «Соли дуюми амали қонун буд, ҳангоми ифои вазифа дар раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ноҳияи Лахш ба сафари хизматӣ сафарбар гардида будам. Рузҳои корӣ санҷиши фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳуҷҷатгузории онҳоро дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот анҷом дода, қарор гардид рузҳои шанбе ва якшанбе дар ҳудуди ноҳия аз баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ  дидан намоем. Ҳамин тартиб якчанд маъракаҳоро дида, ба манзили зисти собиқадори соҳаи маориф, муаллими солхӯрда, мутаасифона ному насабашон ёдам намондааст, ки маъракаи туйи домодиву арӯсӣ дошт, дидан намудем. Охири маърака буд ва муаллим моро бисёр гарм пазироӣ намуда, ба суҳбат даъват намуд, ки пешниҳодро пазируфтем. Дар суҳбат мавсуф аз иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати қабули қонун изҳори ризоият намуда, зимнан гуфт, ки мардуми ноҳияи Лахш аз қабули қонун хело бурд намудаанд ва фоидаи зиёд ба даст овардаанд, бинобар ин агар нимпайкараи роҳбари давлатро аз оби тилло сохта дар маркази ноҳия гузоранд ҳам кам аст, чунки дар маъракагузаронӣ мардуми ноҳияи Лахш, махсусан мардуми қирғиз, мушкилоти сангин доштанд. Аксарияти сокинони ноҳия маъракаи  тӯйи домодию арӯсиро дар давоми ҳафта, бо истифодаи зиёда аз 1000 кг гӯшт мегузарониданд, ки боиси забҳи якчанд аспу гову гӯсфанду бӯз мегардид. Баъди зиёфат ба ҳар як меҳмон ду нони бозорӣ ва тахминан 2 кило гӯштро дар рӯймол печонида, ҳамчун туҳфаи тӯёна медоданд. Барои исботи фикр ба фарзандаш супориш дод навори туйӣ фарзандашро, ки то қабули қонун баргузор шуда буд, биёранд. Наворро оварда ба намоиш гузоштанд, ки дар он омодагӣ ба тӯй, забҳи як чанд чорвои калону хурд ва пухтани таомҳо дар 4-5 деги калонҳаҷм дида мешуд. Дар идома шояд рӯзи дигари маърака буд, ки дар як хонаи дарози 4-5 метра гӯшти пухташуда мисли теппа  мехобид. Дар хонаи дигар бошад тахминан сад рӯймолча бо дудонагӣ нон омодаи тақсим ба назар мерасид. Муаллим наворро шарҳ дода зикр кард, ки ҳамин гӯшти пухта, ки тахминан як тоннаро ташкил медиҳад як - ду килогӣ бо ду дона нон ба меҳмонон тақдим хоҳад шуд. Ана чунин буд, тарзи тӯйи домодии мо, 4-5 сол маблағ ҷамъ карда як тӯй барпо мекардем ва ду - се соли дигар қарз мекандем-гуфт бо ҳасрат дар хотима муаллим» [16]. 
Вобаста ба озодӣ аз хурофоту таассуб профессор Абдураҳим Холиқзода бомаврид андешаи худро бо далел баён намудааст: «Замоне калисоҳои аврупоӣ «раҳмати илоҳиро тавассути падидаи индулгенсия - (лот. хайрхоҳӣ) ҳамчун чипта барои биҳишт» ба пулҳои тиллоӣ мефурӯхтанд, аммо бо эътирози руҳонии ислоҳотгарои олмонӣ Мартин Лютер (1483 - 1546) ва таъсири 95 тезиси пешниҳоднамудаи ӯ шуруъ аз соли 1517 таҳаввулоти куллие дар ҷаҳонбинии динии онҳо ба миён омад. Ҳамин тавр, руҳониёни аврупоӣ 500 сол муқаддам динро аз асорати хурофот ва ҷаҳолати молӣ наҷот доданд ва роҳро барои рушди илму озодии мафкура боз намуданд. Равшан аст, ки ба ин кор бархе аз руҳониёни мо ҳеҷ гоҳ даст задан намехоҳанд, зеро бозори манфиати шахсӣ аз эътиқоду боварҳо устувортар гардидааст. Ин аст, ки дар фазои мафкураи динии мо ҳанӯз ҳам на танҳо фурӯши роҳхати илоҳӣ бар ивази қурбонии навҷавонон ва молу пули аҷнабиён идома дорад, инчунин хурофоту таассубу ифротро воситаи муҳимми таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум қарор додааст.» [17]. 
 
…Давом дорад.
 
Адабиёт:
 
1.Муҳаммадҷон Шакурӣ. Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ. Душанбе, 1999, с.7.
2.Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 1, Душанбе. «Ирфон», 2002, с.39.
3.Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Душанбе, «Ирфон», 2002. ҷ. 3, с. 222.
4.Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Душанбе, «Ирфон», 2002. ҷ. 3, с. 125.
5.Холиқзода А.Ғ. Ватандӯстӣ ва ҳуқуқ. Душанбе. «Балоғат», 2024, с.33.
6.Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 1, Душанбе. «Ирфон», 2002, с.6.
7.Тавсиянома оид ба танзими расму ойинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. «Шарқи озод», 2000, с.8.  
8.Тавсиянома оид ба танзими расму ойинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. «Шарқи озод», 2000, с.12.  
9.Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Душанбе, «Ирфон», 2002. ҷ. 4, с. 80.
10.Тоҷикистон. Ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ. Душанбе, «КДММ «Универсал-3», 2002. с. 14, 19.
11.Эмомалӣ Раҳмон. Дар бораи дин. Душанбе, «Шарқи озод», 2006. с.121.
12.Вализода О. Танзими зиндагӣ. Душанбе. «Ирфон», с. 29.
13.Файзуллоев М., Абдуқодиров А. Маросиму маъракаҳои Хуҷанд. Хуҷанд. 2008, с.41.
14.Рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», №88(1336), Хуҷанд, 2.11.2005. с.2.
15.Рӯзномаи «Ҷумҳурият», №56 (21263), 12.05.2007.
16.Мирзозода А. Шикасти тилисм. Душанбе. 2021, с.172.  
17.Холиқзода А.Ғ. Ғарб дарвозаи фулодини хурофотро шикаст, роҳи наҷоти мафкураро ёфт.  Маҷаллаи «Дин ва ҷомеа», №8(124), 2024, с.19.  
 
 
Вализода Одинашоҳ-сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ, номзади илмҳои педагогӣ
Яндекс.Метрика