Мо расму оинҳоро дар сурате ба як низоми муайян оварда метавонем, ки аслро аз бадал фарқ намоем ва ба арзишу моҳияти воқеии онҳо дуруст сарфаҳм равем.
Эмомалӣ Раҳмон
Расму оин ва анъанаву маросим яке аз шаклҳои муҳимтарини шуури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа мебошад. Инсоният дорои хусусияти пайваста омӯхтани тамаддун мебошад. Зимни омӯзиши урфу одатҳо ва назария, мо пайваста дар мавҷудияти сабабият, ки асоси зуҳуроти фарҳанги башарӣ мебошад, дар амали қонунҳои мустаҳкамкунанда ва татбиқшаванда, ки мувофиқи он ин зуҳурот дар марҳалаҳои муайяни тамаддун устувор ва ҳамчун унсурҳои хоси ҳаёти ҷамъиятӣ мегарданд, эътимод ҳосил менамоем.
Масъалаи ташаккул ва барқароршавии расму оинҳои нав доимо диққати аҳли ҷамъиятро ба худ ҷалб намуда, ба ташаккулёбии хислатҳои баланди ахлоқӣ, талаботи маънавӣ ва эстетикии одамон таъсири муҳим мерасонад.
Таҳлили мазмуни афсона, нақлу ривоятҳо ва дигар эҷодиёти халқ ба он гувоҳӣ медиҳад, ки дар онҳо фалсафаи ҳаётии халқ ифода ёфтааст.
Эътиқодҳои динӣ дар давраи палеонтропҳо тахминан 200 ҳазор сол пеш ва забони комил бошад, дар давраи неоантропҳо, яъне тахминан 40 ҳазор сол пеш пайдо шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки на танҳо олатҳои кор, балки расму оинҳои динӣ низ дар пайдоиши худ ба нутқи фаҳмо ниёз надоштаанд. (1)
Таҳлили типологӣ нишон медиҳад, ки олати қайроқсанги Осиёи Миёна бо маданияти ба истилоҳ суонии давраи палеолити Ҳиндустон хеле шабоҳат дорад. Аз ин чунин бармеояд, ки ин ду кишвар дар давраи палеолити поин як роҳи умумии таърихиро тай кардаанд. Чунонки аз мадракҳои геологӣ маълум мешавад, аҳли маданияти қайроқсанг дар давраи пиряхҳои нахуст ва яхбандии рис, яъне дар давраи плейстотсени миёна, беш аз 200 ҳазор сол қабл аз ин зиндагӣ ба сар бурдаанд.(2 )
Миллату халқиятҳо вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии худ аз замонҳои қадим расму оин ва анъанаҳоро эҷод карда, тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додаанд.
Ба таъкиди аллома Бобоҷон Ғафуров тахминин 40-35 ҳазор сол пеш ташаккули навъи имрӯзаи башар Homo sapiens сурат мегирад.(3)
Ташкилоти иҷтимоӣ дар палеолити поин хеле сода ва ибтидоӣ буд. Коллективҳои аз ҳама қадим ва нав ташаккулёфтаи одамонро Ф.Энгелс «гала» номидааст. Давраи галаи ибтидоӣ давраест, ки ҷамъияти инсонӣ ташаккул ёфта, асоси асосҳои он фароҳам меояд. Дар охири палеолити миёна ва боло ташкилоти қабилавии ҷамъият-коммунаҳои ибтидоӣ бо тартиби қавмию насабӣ пайдо мешавад. Ин сохти қавмии модарӣ буд, ки зан дар он мавқеи хеле баландро ишғол мекард. Муносибати оилавӣ дар доираи никоҳи гурӯҳӣ сурат мегирифт.(4)
Дар бисёре аз кишварҳо инсонҳо бо расму оинҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, ки донистани онҳо барои давлатдорӣ аҳамияти калон дорад.
Натиҷаи пажуҳишҳои тӯлонии донишмандони ҷаҳон аз роҳи тадқиқоти муқоисавии таърихӣ чигунагии робитаҳои урфу одатро аз замони сукунати муштараки онҳо то ба баъд ба таври дақиқ муайян менамояд.
Масалан, дар давраи Кушониён (асрҳои I—III милодӣ) ҳар халқ ба худ маросими дафни хос дошт. Гӯрҳои давраи Кушониён хеле ҷолиби диққат мебошанд. Баъзан дар даҳон ё синаи мурда тангае мемондаанд ва ин тангаҳо ба тангаҳои Евкрадит монанд буда, ба асри I пеш аз милод, яъне ба давраҳои баъди суқути давлати Юнону Бохтар нисбат доранд. Дар гӯри занҳо асбоби зинатии тиллоӣ (гӯшвораҳо), оҳанин (ангушттарин, сагакҳои либос), сангину шишагин, биринҷӣ (оина, дастпона, ангушттарин) ёфт шудаанд.(5)
Аз сарчашмаҳои илмӣ бармеояд, ки дар байни боқимонда мардуми одии Аврупо ин анъана ҷой дошт. Юнониёну пруссиҳои қадим низ барои «харидории хӯроки бомаззаву хӯшхӯр» дар даҳон ё дасти мурда танга мегузоштанд. (6)
Дар китоби олими бузурги асри XI Осиёи Миёна – Абӯрайҳони Берунӣ (973-1051) «Осор-ул-боқия» бо номи «гуфтор андар идҳои тақвими суғдиён» боби махсусе ҳаст. Расме ҳаст, ки соле як бор «аҳли Суғд бар мурдагони пешини худ гиря мекунанду бар онҳо навҳа мезананд ва рӯйҳои худро мехарошанду барои мурдагон таом мебаранд». Ҳамчунин, расм дар байни хоразмиён ва форсҳо низ мавҷуд буд. Аз ривоятҳое, ки дар бораи ин халқҳо карда мешаванд, баъзе ҷиҳатҳои тозае аён мегардад, аз ҷумла, ин аст, ки онҳо «дар рӯзҳои фарвардгон (моҳи аввали баҳор) барои арвоҳи мурдагон дар гӯристонҳо ғизо мегузоранд». Аз гуфтаҳои Берунӣ чунин бармеояд, ки парастиши мурдагон низ маъмул буд.(7)
Ҳангоми кофтуковҳои археологӣ дар Аврупои қадим низ гӯрондани сарбоз бо олати ҷангӣ, асп ва саги шикорӣ, гӯронидани зан бо ороишҳои тиллоӣ пайдо карданд. (8)
Дар Англия ва Германияи қадим расми маъмуле буд бо номи «Эълони мотам». Ҳангоми фавти соҳиби хона вазифадоранд, ки ба тамоми асбоби рӯзгору ҷиҳоз, халтаҳои пурбори хона ва дарахтону ҳайвонҳои хонагӣ даст расонида, аз фавтидани соҳиби хона хабар медоданд, то ки онҳо низ аз фавтидани ӯ бохабар бошанд.(9)
Ин далелҳои таърихӣ исботи он аст, ки аз рӯйи фаҳмиши он замон одамон хеле сода ва зудбовар буданд.
Мутафаккири халқи тоҷик Носири Хисрав (1003-1068) ҳангоми тасвири саҳрои Соҳираи водии Байтулмуқаддас менависад, ки мардуми авом чунин гӯянд: «Ҳар кас, ки ба сари он водӣ шавад, овози дӯзахиён шунавад, ки садо аз он ҷо бармеояд». Ман он ҷо шудам, аммо чизе нашунидам.(10)
Маросими сӯгвории ҳангоми дафн дар Осиёи Миёна ва эҳтимолан, дар Эрон ҳам ақидаҳои қадимии халқӣ нисбат ба манъи динӣ зӯртар буданд. Дар давраҳои баъдина зидди ин маросим ислом ҳам дурудароз муборизаи шадид бурд, вале дар ҳама ҷо – ҳам дар Байнаннаҳрайн, ҳам дар Эрон ва ҳам дар Осиёи Миёна маҷбур шуд, ки ақиб нишинад. Ин ё он шакли маросими мазкур то ба қарибиҳо вуҷуд дошт. Дар болои мурда гиряву нола карда ва ҳатто «самоъ рафтан» (як навъи рақси маросими дафн) дар байни тоҷикон дар рӯзҳои мо ҳам маъмул мебошад. (11)
Дар давлати хонии Хӯқанд (1709–1876) хурофот ва таассуб ҳукмфармоӣ мекард. Ҳангоми сохтмони канал об қитъаеро рахна карда, бо роҳи дигар ҷорӣ шуд. Амалдорони хон, ки ба кори сохтмон назорат мекарданд, аз байни коргарон ҳамаи касони «Тӯхтасин» номдоштаро даъват карда, фармуданд, ки онҳоро зинда ба замин гӯронанд, то роҳи ҷараёни об боздошта шавад. (12)
Аз бунёдгузори фалсафаи қадими Чин Конфутсий (551-479) оид ба урфи пешниҳоди хӯроку туҳфа ба арвоҳи фавтидагон пурсиданд. Ӯ гуфт: «одати пешниҳоди хӯрокаву туҳфа ба хотири онест, ки наздиконаш ӯро зинда меҳисобанд». Ҳамзамон, аз ӯ пурсиданд, оё шахси фавтида медонад, ки ба арвоҳи ӯ хайр мекунанд? Вобаста ба ин савол файласуфи чинӣ хомӯширо авлотар донист. (13)
Таърих гувоҳ аст, ки давлатҳои адолатнок аз қадим ба қабули қонунҳое, ки ба баланд бардоштани вазъи маданӣ ва ахлоқии ҷомеа мусоидат мекард, ҳусни таваҷҷуҳи хоса доштаанд. Дар асри XIII дар Арагония Иакови I фармон дод, ки ҳама хизматгорони вай дар хӯроки нисфирӯзӣ беш аз ду навъи гушт дигар навъ истифода нанамоянд. Файласуф ва ҳуқуқшиноси машҳури фаронсавӣ Шарл Луи Монтескё (1689-1755) дар китоби 7-уми асари машҳури худ «Рӯҳулқавонин» фасли махсусеро ба масъалаи муносибати се навъи идора ба исрофкорӣ ва карру фарри зиёдатии инсонҳо бахшидааст. Ба андешаи муаллиф «Карру фарри барзиёд ва исрофкорӣ ҳамеша дар муқобили беадолатӣ қарор дорад, зеро дар тақсими баробари неъматҳо карру фарри зиёдатии иддае пайдо шуда наметавонад. Чунин исрофкорӣ сӯйистифода аз меҳнати дигарон аст».(14)
Этнографи машҳури англис Эдуард Бернетт Тайлор (1832-1917) менависад, ҳолатҳои тамаддуни паст дар Аврупо, эҳтимол, боқимондаҳои қадими тағйирнопазири ҷаҳолатро ифода месозанд. Аз ин нуқтаи назар, шаҳодати он ки дар кадом ҳолат минтақаҳои ақибмондаи Ирландия ду ва ё се аср қабл қарор доштаанд, аҷиб аст. Ҳамон вақт аз ҷониби парлумон санадҳо ба муқобили урфу одатҳои қадима интишор ёфта буд. Дар Франш-Конт бошад, соли 1573 парлумон қонунро дар бораи несту нобуд кардани соҳирон ва ҷодугарон ба тасвиб расонд. (15)
Дар ҳар давру замон аз тарафи ҳокимон ва давлатмардони ҳушёр ҷиҳати шиносоӣ ва омӯзиши фарҳангу расму ойинҳои мардум барномарезиҳои муайяне анҷом мегирифт.
Аз ҷумла, бо супориши Генерал – губернатори Туркистон, генерал С.М. Духовский дар соли 1900 «Маҷмӯаи маълумотҳо оид ба мусулмонӣ» таҳия гашта буд ва ба таври муфассал хонандаро бо расму оинҳои мардуми маҳаллӣ шинос мекунад ва ӯро дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба тарзи ҳаёти инсонҳо тарбият мекунад. Дар ин маҷмӯа тамоми ҳолатҳои зиндагӣ дар назар гирифта шуда буд, ки агар инсон рафтори шоиста дар ин ҳолатҳоро надонад, мумкин аст дар назди ҳамватанонаш дар ҳолати ногувор қарор гирад. Бинобар ин, дар ин маҷмӯа барои ҳамаи чунин ҳолатҳо тавсияҳои мушаххас дода шуда буд, ки як шаҳрванд чи гуна бояд рафтор намояд.(16)
Ислоҳотҳои Петри Кабир дар Русия дар соли 1701 рӯҳияи озоди шоҳигарии нав дар дигар амру фармонҳо баён гардида буд: дар зону истодан ҳангоми пайдо шудани подшоҳ, бе кулоҳ гаштан дар зимистон ҳангоми аз назди қаср гузаштан, риши дароз доштан манъ шуда буд. Дар соли 1702 навбати ислоҳоти ҳаёти оилавӣ оғоз гардида, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта буд.
Масъалаи дигаре, ки бояд ба он ба таври дуруст назар карда шавад, ин масъалаи шакл ва шеваи баргузории маросим ва хурсандиҳо мебошад. Аз назари шариати ислом баргузории маросимҳои хурсандӣ қоидаҳо ва меъёрҳои хосси худро дорад. Дар баъзе аз рисолаҳои аҳли тасаввуф ҳадиси маъруф аз паёмбар (с) оварда шудааст, дар бораи ин ки Муҳаммад (с) ба Абубакр гуфт, ки маросими ақди никоҳ бояд ҳатман бо навохтани олати мусиқӣ ҳамроҳ бошад (махсусан доира), бо ин мақсад, ки ба атрофиён аз қонунӣ будани ин чорабинӣ эълон карда шавад. Албатта, набояд фаромӯш кард, ки меъёрҳои шариат дар ин гуна мавридҳо бояд риоя шавад ва аз даст задан ба амалҳои ғайриисломӣ парҳез карда шавад. (17)
Дар Афғонистон низ соли 1303 (1925) низомномаи маросими азодорӣ мувофиқи аҳкоми шаръӣ ва мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ ва имзои Шӯрои уламои ҳайати олияи тамйизияи мунтахабаи маҷлиси Луи ҷирга қабул гардида буд. Ҳадафи асосии низомномаи маросимҳои азодорӣ, ки замоне дар Афғонистон қабул шудааст, аз байн бурдани хароҷоти зиёдатие буд, ки бар дӯши мусибатдорон таҳмил гашта буд. Аз ҷумла, дар бандҳои 1 то 5 - и низомнома омадааст: агар фавти шахс аз тарафи субҳ бошад, мардум бояд то зуҳр дар хонаи азодорон бимонанд ва агар дар зуҳр ё баъд аз он фавтида бошад, бояд то шом дар он ҷо бошанд ва баъд аз он ҷо берун раванд; мувофиқи дастуроти шариат кафан ҳаттал-имкон аз карбос бошад; дар рӯзҳои дуюм ва сеюм рафту омади одамон барои фотиҳа то нисфи рӯз ҷоиз аст ва баъд аз он манъ аст; шабона фақат хешовандони наздик дар хонаи мурдадор то се рӯз мемонанд ва аз хонаи худашон ба хонаи мурдадор дар ҳадди имкон чою таом тадорук кунанд. (18)
Равандҳо ва тамоюлоти ҷомеаи башарӣ ба андозае расидааст, ки ҷомеашиносон аз даврони дигаргуниҳои бузург дар таърихи инсоният ибрози ақида мекунанд. Ин дигаргуниҳо аз ҷараёни худшиносии халқҳо, миллатҳо ва дар маҷмуъ инсоният ғизо мегирад.
Таассубу хурофотпарастӣ ва маросимгароӣ бошад, асосан аз сатҳи пасти маърифати динӣ сарчашма мегирад. Маърифати мардум он вақт комил мегардад, ки он дар муқоиса бо таърихи ҷаҳон, инчунин донишҳои муосир омӯхта шавад.
…Давом дорад.
Адабиёт:
1.Поршнев Б.Ф. О начале человеческой истории. Москва, 1974, с. 125.
2.Тоҷикон. Бобоҷон Ғафуров. Душанбе. «Нашриёти муосир», 2020, с.29.
3.Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Душанбе. «Нашриёти муосир», 2020, с.32.
4.Маркс К. ва Энгельс Ф. Асарҳо, ҷилди 35, с.111.
5.Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Душанбе. «Нашриёти муосир», 2020, с.202.
6.Берунӣ А. Осор-ул-боқия. 1958, с.236, 255.
7.Тайлор Э. Первобытная культура. Москва, 1989, с.194.
8.Тайлор Э. Первобытная культура. Москва, 1989, с.190.
9.Тайлор Э. Первобытная культура. Москва, 1989, с.94.
10.Носири Хисрав. Сафарнома. Душанбе, 1970, с. 27.
11.Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Душанбе. «Нашриёти муосир», 2020, с.321.
12.Набиев Р.Н. Дар бораи қурбонӣ кардани одамон ҳангоми каналсозӣ ва пайдоиши ин одати хурофӣ. 1961, с.41.
13.Тайлор Э. Первобытная культура. Москва, 1989, с.217.
14.Холиқов А.Ғ. Роҷеъ ба табиати ҳуқуқии қонуне, ки алайҳи исрофкорӣ қабул мешавад: озодӣ ва сарҳади манфиатҳо. Душанбе. 2009, с.33.
15.Тайлор Э. Первобытная культура. Москва, 1989, с.47.
16.Сборник материалов по мусульманству. Ташкент, 1900.
17.Низомов А. Суфизм в контексте музыкальной культуры народов Центральной Азии. Душанбе, 2000, с.120.
18.Низомномаи маросимҳои таъзиядорӣ. Афғонистон, (1303), 1925.
Вализода Одинашоҳ - сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ, номзади илмҳои педагогӣ