ТАЪЗИЯ

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти ходими намоёни давлатӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИРШО МИРАЛИЕВ андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Амиршо Миралиев 20-уми декабри соли 1946 ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон бо ихтисоси агроном (1970) ва Мактаби олии ҳизбии Ленинград бо ихтисоси сиёсатшинос (1988) мебошад. Солҳои 1990-2000 - вакили мардумӣ, 2001-2006 - раиси вилояти Хатлон, 2006-2010 - Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010-2015 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2005 ва 2005-2010 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Ӯ дорои унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», мукофоти давлатии ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, медали «Барои меҳнати шоён», медали ҷашнӣ бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои ҷашнӣ «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медалҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ «20 сол» (тиллоӣ), «25-сол», ордени Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ «Рафоқат» мебошад. Маросими ҷанозаи марҳум фардо, 7 декабр дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор мегардад.

Ёду номаш гиромӣ бод!

Яндекс.Метрика