Таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ, ҷаҳолат ва андешаҳои ифротӣ

Дар ҳама давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки дидаву дониста одамонро ба сӯи гумроҳӣ ва ҷаҳолат мебарад. Дар ҳаққи чунин афрод гуфта мешавад «худ гумроҳ шуда ва дигаронро ҳам гумроҳ менамоянд» (Риёзу-с-солиҳин, 1392).  
Дар ҷомеа одамоне ҳастанд, ки мепиндоранд, роҳи рост фарзандонро ба назди баъзе шахсони ба ном «мулло» бурда, дар ҳуҷраҳо таълим додан аст. Таълимоти пинҳонӣ ва беназорати кӯдакону наврасон дар назди шахсони тасодуфӣ ғайриқонунӣ аст. Мутаассифона вақтҳои охир ин амал рӯ ба афзоиш овардааст.
Бояд зикр намоем, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ барои таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбнӣ шудааст. Барои бори аввал машғул шудан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷаримаҳои сангин ва дар ҳолати такрор намудани чунин кирдор то се сол аз озодӣ маҳрум намудан пешбинӣ шудааст.
Ин ба он хотир аст, ки вақте фарзандони моро шахсони тасодуфӣ, ки худ саводи кофӣ надоранд таълими динӣ медиҳанд, мо фикру ақидаҳои чунин шахсони ба ном «муаллим»-ро намедонем, ки оё андешаҳои онҳо ба мазҳаби Имоми Аъзам созгор аст ё не? 
Чунин шахсон метавонанд, ки дидаву дониста ба кӯдакону наврасон дар бораи дин тасаввуроти нодуруст талқин намуда, дар мафкураи онҳо ақидаҳои хурофотӣ ва ифротиро ҷой намоянд. Мусаллам аст, ки майнаи кӯдакону наврасон осебпазир буда, афкору ақидаи онҳоро ба тарафи нодуруст будан кори осон аст. Дар ин синну сол ба кӯдакону наврасон ҳар чӣ талқин карда шавад, онро ҳақиқат меҳисобанд ва ба худ қабул мекунанд. Дар натиҷа фарзандони мо дар як муддати кӯтоҳ метавонанд хурофотпарсту ифротгаро шаванд. Бинобар ин, таълимоти ғайриқонунии динӣ заминаи мусоид барои коштани тухми хурофот ва ифротгароӣ аст.
Агар таҳлил кунем, аксари онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё ба сафи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ пайваста, ба куштори мусулмонон даст задаанд, дар хурдӣ дар ҳуҷраҳо таълимоти кунҷакӣ ва ғайриқонунии динӣ гирифтаанд. Ва маҳз таълимоти ғайриқонунии динӣ барои ба роҳи ифрот қадам мондани онҳо замина шудааст.
Солҳои навадум аксари одамон фарзандони худро ба назди шахсони шубҳанок бурда монданд, ки аксари чунин «муллоҳо» аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» буданд. Чунин «муаллимҳо»-и наҳзатӣ ба кӯдакону наврасон ба истилоҳ «дарс» дода, дар мафкураи онҳо афкори эътирозиро ҷой карданд. Оқибат ақидаи мардум хурофотӣ шуда, бо фармони хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби ТТЭ «Ҳизби наҳзати исломӣ», ҳаммаслакон ва ҳамақидаҳои онҳо, инчунин шахсоне, ки таълими кунҷакии динӣ гирифта буданд, бо мақсади аз байн бурдани Тоҷикистон ва миллати тоҷиқ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар натиҷа ҳудуди 150 ҳазор одамони бегуноҳ кушта, ҳазорҳо кӯдакон ятим монданд, шаҳрҳо ва деҳаҳои обод валангор шуданд ва ба ҷумҳурӣ беш аз 12 миллиард доллар зарар расонида шуд. Ин аст оқибати таълимоти ғайриқонунии динӣ!        
Бинобар ин, барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ мо набояд бетараф бошем. Дар маҳалҳо масъулони деҳа – ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, аҳли диёр дар ҳоле, ки аз чунин кирдори ғайриқонунӣ огоҳи пайдо кунанд, бояд ҳатман пеши роҳи онро гиранд, агар худ натавонанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор созанд. Ҳамчунин масъулони мактабҳо бояд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Агар бинанд, ки талабае чанд муддат ба мактаб намеояд, аз ҳоли ӯ бохабар шаванд. Зеро кӯдакону наврасон фарзандони моянд. Вақте дар ҳуҷраҳо ғайриқонунӣ таълими динӣ мегиранд, аз дарсҳои мактаб канор монда, ҷоҳил мешаванд. Ҷаҳолат заминаи мусоид барои хурофот ва хурофот қадам ба сӯи ифротгароӣ аст.
Мисоли равшани он Афғонистон аст. Дар он кишвар ҳар кас хост, ба кӯдакону наврасон дар хонааш дарси динӣ дод. Кӯдакон аз таълимоти дунявӣ дур монданд, хурофотпарасту ифротгаро шуданд, илм хору залил гашт. Оқибат Афғонистон ба харобазор табдил ёфт, ҳар рӯз қатлу куштор, ҳар рӯз амалҳои террористӣ, мардум овораву саргардон, истеҳсолот аз байн рафт, ҳол то ҳадде табоҳ шуд, ки ғорату одамрабоиву одамкушӣ воситаи дарёфти қути лоямут гардид.
Баҳри пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ мо ҳаргиз бояд бетараф набошем! Нагузорем, ки фарзандони мо хурофотпараст ва ифротгаро шаванд, нагузорем, ки шахсони тасодуфӣ ба мафкураи фарзандони мо ақидаҳои экстремистиро ҷойгир намуда, онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд.
Мақсади ташкилотҳои ифротӣ бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намудани наврасону ҷавонон аст. Бо ин мақсад имрӯзҳо аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шабакаи интернет тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда шудааст. Саҳифа, гурӯҳ ва каналҳои махсус таъсис дода, шабу рӯз ақидаҳои ғаразноки диниро паҳн мекунанд. Дар аввал чунин менамояд, ки дар чунин саҳифаҳои интернетӣ масъалаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ паҳн карда мешаванд. Дар асл, чунин нест! Дар ҳолати аъзо шудан ба чунин гурӯҳҳо ва каналҳои ба ном исломӣ ва тамошову мутолиаи пайвастаи матлабҳо ва наворҳои видеоӣ, андешаи кас дигаргун шуда, дар мафкураи ӯ ақидаҳои зиддимазҳабӣ ва зиддидавлатӣ ташаккул меёбанд. Чунин ҷавонон ақидаҳои экстремистиро ба худ дуруст қабул намуда, мепиндоранд, ки дини ислом ҳамин аст! Гумон мекунанд, ки дини ислом ин ҷиҳод, ҳиҷрат ва қатлу куштор аст. Маҳз чунин андешаҳо садҳо ҷавонони тоҷикро водор сохтанд, ки ба Ироқу Сурия рафта, террорист шаванд.  
Бинобар ин, мо бояд таълимоти ғайриқонунии диниро решакан кунем. Онҳое, ки мехоҳанд таълимоти динӣ гиранд, барояшон аз тарафи давлат тамоми шароитҳо муҳаё аст ва онҳо метавонанд ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон дохил шаванд. Инчунин, барои ҳалли масъалаҳои динӣ сомонаи расмии Маркази исломӣ фаъолият мекунад, ки ба саволҳои динӣ мувофиқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ посухҳои саривақтӣ дода мешавад.
Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо бояд ба қадри неъмати бебеаҳо – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ҳарис бошем. 
 
А.Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Яндекс.Метрика