ТАЪЛИМОТИ ҲУҚУҚИИ БУРҲОНУДДИН МАРҒЕЛОНӢ ОИД БА МУАЯЙН НАМУДАНИ НАСАБИ ФАРЗАНД

Бурҳонуддин Марғелонӣ (1117-1197) яке аз мутафаккирон ва фақеҳони бузурги асримиёнагии ҳуқуқи мусулмонӣ ба шумор рафта, таълимоташ саршори ақидаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Яке аз қисматҳои таркибии таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ ба меъёрҳои ҳуқуқии никоҳию оилавӣ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Дар қисмати мазкур ҷои намоёнро масъалаҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар нисбат ба фарзанд ва масъулияти фарзанд нисбат ба волидайн ишғол менамояд. Таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба муаяйн намудани насаби фарзанд яке аз қисматҳои таркибии онро ташкил медиҳад.
 
Аллома Бурҳонуддин Марғелонӣ яке аз фақеҳони барҷастаи шохаи мовароуннаҳрии мактаби ҳуқуқии ҳанафия дар асари безаволаш «Ҳидоя» боберо бо номи «Боб оид ба субути насаб» [1, 329-339] ҷой додааст, ки он асоси таълимоти ҳуқуқии ӯ оид ба муайян намудани насаби фарзанд мебошад. Таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба муайян намудани насаби фарзанд дар асоси таълимоти оилаи ҳуқуқи мусулмонӣ ташаккул ёфтааст. Асоси таълимоти мазкурро таълимоти мактаби ҳуқуқии ҳанафия ташкил медиҳад.
 
Бурҳонуддин Марғелонӣ дар таълимоти ҳуқуқии худ оид ба муайян намудани насаби фарзанд масъалаҳои гуногуни ҳаёти оиладориро оварда, онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, бо асосу далелҳои мушаххас ҳаллу фасл намудааст. Дар таълимоти мазкур фақеҳи барҷаста Бурҳонуддин Марғелонӣ асоси ҳуқуқии бавуҷудоӣ ва таваллуд шудани кӯдакро дар бастани никоҳ миёни марду зани никоҳшаванда ва барпо намудани оила байни онҳо донистааст.
 
Тибқи таълимоти мазкур фарзанде, ки аз никоҳи зану мард таваллуд мешавад, насаби падарро мегирад. Дар мавриде, ки падари кӯдаки таваллудшуда фарзандашро эътироф накунад, шоҳидии модари кӯдак барои эътирофи падарии ин мард нисбат ба фарзандаш бассанда аст, чунки модари кӯдак медонад, ки кӯдак аз кӣ бавуҷуд омадааст ва насаби фарзанд дар асоси шоҳидии модари кӯдак муайян карда мешавад.
 
Дар таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба муайян намудани насаби фарзанд муҳлати таваллуд шудани фарзанд аҳамияти калон дорад. Агар кӯдак баъди шаш моҳи бастани никоҳ байни марду зани никоҳшуда таваллуд шавад, кӯдак бе шакку шубҳа фарзанди ҳамон мард ҳисобида мешавад ва насаби ҳамон мард ба кӯдак дода мешавад.
 
Ҳамин тариқ, омӯзишу тадқиқоти таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба муайян намудани насаби фарзанд дар замони муосир аҳамияти калон дорад. Моро зарур аст, аз осори гузаштагонамон ба хуби баҳравар шавему дар рушди давлатдорӣ ва ташаккули ҳуқуқи миллиамон аз онҳо истифода намоем.
 
Адабиёт:
1. Имом Бурҳонуддин Абӯҳасан Алӣ ибни Абӯбакри Марғелонӣ. Ҳидоя. Дар 2 ҷилд. Ҷилди II / Аз хати ниёгон ба кирилӣ баргардони Ҳоҷӣ Акбар Насимзода; такмили матни тоҷикӣ, шарҳу тавзеҳот ва тахриҷи аҳодис аз Маъруф Раҳимов; муҳаррир Сироҷиддин Икромӣ. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 632 с.
 
Шоев Фируз Маҳмадаминович – и.в. сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика