Тайи даҳсолаи охир дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамасола як зумра фестивалу намоиш, иду озмунҳои анъанавию фестивалҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегарданд, ки муаррифгари фарҳанги тамаддунсолори миллати куҳанбунёди мо мебошад. Барои ҳамин сол то сол таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷӣ ва сокинони дохиливу ҳасоядавлатҳо нисбати кишварамон зиёд шуда истодааст.
Дар ин чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ теъдоди зиёди меҳмонони хориҷӣ ва сокинони кишвар иштирок намуда менамоянд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тамоми ҷорабиниҳои фарҳангӣ мутобиқ ба фаслҳои сол дар давоми сол баргузор мегарданд.
Ба ҳамин тартиб рўзҳои шанбе ва якшанбеи охири моҳи январ дар саросари кишвар Иди Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳо ва тухми зироатҳои кишоварзӣ бо мусоидати Вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои марбута доир мегардад.
Дар идомаи он як зумра фестивал- озмунҳо ва ҷашнгириҳое аз қабили фестивали байналмиллалии «Наврўз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», фестивали таъомҳои миллӣ, фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ зери унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», фестивали «Сайри гули лола», «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон», «Сад ранги чакан», «Навои шашмақом», фестивал- озмуни театрҳои касбии «Парасту», фестивали намоиши атласу адрас, фестивали «Оши палов», намоиши идона бахшида ба меваҷоти гуногун, асал, каду, шолӣ, картошка, биринҷ, намоиши чорвои зотӣ, ҷашни «Тиргон», фестивал - озмуни «Андалеб», фестивали ансамблҳои оилавии «Тараннуми Истиќлол», намоиши «Китоби сол» ва «Китоби Душанбе», таҷлили Иди Меҳргон, озмунҳои кадбонуи беҳтарин, озмуни «Ҳунар омўз», озмуни ќаннодӣ ва ҳавлопазӣ, озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ ва озмуни дастархонороӣ сурат мегирад.
Яке аз озмунҳое, ки тайи чанд соли охир дар байни мардум маҳбуб гардидааст, озмуни дастархонороӣ мебошад, ки тибқи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто №АП-1256 аз августи соли 2019 ва №АП-1332 аз 27 январи соли 2020, таҳия гардидааст. Масъули баргузории ин озмун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи бехатарии озӯқаворӣ, Иттифоқи Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад,
Озмуни мазкур дар се марҳала, дар сатҳи шаҳру ноҳия ва вилоят доир гардида, ғолибон барои иштирок дар озмуни сатҳи ҷумҳурӣ роҳхат мегиранд. Қисми ҷамбастии озмун дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ ва ғолибон муайян мегарданд. Мақсад аз баргузории озмуни дастархонороӣ - эҳёи анъанаҳои миллӣ, суннату фарҳанги мардумӣ буда, идомаи мантиқии амалигардии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Яъне мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо боло бурдани фарҳанги сарфаю сариштакорӣ мебошад.
Ҳайати комиссияҳои озмунӣ бештар ба фарҳанги дастархонороӣ, мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар он, ороиши тарҳ ва нақшу нигори миллӣ дар матои дастархон, интихоб ва ҷобаҷогузории зарфҳо дар дастархон, мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар зарфҳо, сарфакорӣ дар ороиши дастархон, муаррифии дастархон бо забони давлатӣ ва либоси миллӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо ба ҳар як дастархон таваҷҷуҳ мекунанд.
Ҳадафи дигари ин озмун аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар таъомҳои миллии худро, ки дар маҳалҳои дурдасти кишвар ҳастанд ва хатари нестшавӣ онҳоро таҳдид дорад, аз нав эҳё намуда, дар тарабхонаву ошхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар ба онҳо умри дубора бахшем. Дар ин раванд бояд номгўи таъомҳои миллии дар сарҳади фаромушшавӣ қарордошта ва тарзи омода намудани он ҷамъоварӣ шуда, ба шакли китоби алоҳида чоп ва дастраси ҳаводорон гардонида шавад.
Корманди Марказ А. Мирзозода