6 - уми сентябри соли равон дар шаҳри Москва шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино "Қонуни тиб" дар Озмуни XXI байналмилалии "Санъати китоб"-и кишварҳои узви ИДМ барандаи Шоҳҷоиза шуд.
Дар маросими тантанавии эътои ҷоизаҳо, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Москва" баргузор шуд, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иштирок ва дипломи Озмунро қабул намуд.
Китоби «Қонуни тиб»-и Ибни Сино дар як муҷаллади бузурги хушрангу тарҳ ба забони модарии шайхурраис ва хатти сириллик тавассути Сарредаксияи илмии "Энсиклопедияи миллии тоҷик" ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик шодравон Саййиднуруддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи 21-уми Озмуни байналмилалии "Санъати китоб" рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд ва натиҷаи он имрӯз дар шаҳри Москва эълон гардид.