Боиси ифтихори бузург ва сарфарозии ҳамагон аст, ки дар таърихи навини тоҷикон рӯзи 16 ноябри соли 2016 санаи хотирмон ва таърихӣ сабт гардид. Зеро дар ин рӯз расман Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин иде аст, ки қаҳрамони он Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон буда, таҷлили он қадрдонии хизматҳои Пешвои миллат дар назди Ватан мебошад.
Бояд зикр кард, ки Рӯзи Президент дар аксар кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Масалан, дар Амрико қариб 300 сол инҷониб Рӯзи Президент ё ба ибораи дигар Иди Президент ҷашн гирифта мешавад.
16 ноябр барои халқи тоҷик бо он хотирмон аст, ки дар ин рӯз соли 1992 иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд.
Бо ҳамин давлати тоҷикон ба рушду тараққӣ рӯй оварда, оҳиста – оҳиста давлати мо соҳиби Нишону Парчам гашт ва баъд аз қабули Конститутсия, Президенти ҷумҳурӣ интихоб карда шуд.
Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Паёмбар (с) фармудаанд:«Подшоҳи одил дар рӯи Замин сояи Худо аст. Ҳар кас чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст…». (ривояти Бухорӣ дар «Таърихи кабир», ҳадиси 3/366, Абӯдовуд ҳадиси 928, 2/210, Сунани Тирмизӣ ҳадиси 2224, Ибни Ҳиббон 259/4, Заҳабӣ ҳадиси 507/14, Муснади Имом Аҳмади Ҳанбал 34/79 ва ғайра). Худованд танҳо ба бандагони меҳрубонаш ҳамин гуна роҳбарро ато мефармояд.
Ин сарчашмаҳои арзишманди таърихӣ, ки ҳадиси мазкурро зикр кардаанд, худ олимони барҷастаи дини ислом мебошанд ва бо як муҳаббати хоса таъкид кардаанд, ки «Подшоҳи одил дар рӯи Замин сояи Худост».
Имрӯз дар сиёсати давлатдории мо мардуми Тоҷикистон,Президент муродифи ҳамон мафҳуми «подшоҳ»-и асримиёнагист. Тафовут дар он аст, ки подшоҳ аз насл ба насл ба сари қудрат меомад, аммо Президентро мову шумо дар асоси интихоботи умумихалқӣ интихоб карда, вазифадор ҳастем, ки дар асоси Конститутсияи ҷумҳуриямон ба ӯ итоат намоем ва дастуру ҳидоятҳояшро, ки баҳри сарҷамъӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони азиз равона шудаанд, иҷро намоем.
Хушбахтона, Худованд ба мардуми Тоҷикистон меҳрубонӣ намуда, барояш Роҳбареро сари давлат овард, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат ва фаношавӣ наҷот дод. Парвардигор ба мо Роҳбареро ато намуд, ки моро муттаҳид сохт. Вай тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад, то мардум зиндагии шоиста дошта бошад.
Ҳар гоҳ корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро варақ занем, бешак саргузашти саҳобагони сулҳовар ба хотир меояд, ки Паёмбар (с) дар шаънашон гуфта буданд: Ин писари ман соҳибмартаба аст, чунки байни ду гурӯҳи бузурги бо ҳам ҷанганда сулҳу созиш мекунад.
Вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар ҷанг мекард, касе роҳбарии кишварро ба ӯҳда нагирифт. Зеро медонистанд, ки дар шароити ҷанги бародаркуш роҳбари давлат будан бори сангин ва зиёд дорад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкил ва тақдирсоз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, балки бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дӯш гирифта, дар баромади аввалини худ, дар Қасри арбоб аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоваранд ва Худову мардум шоҳиданд, ки Сарвари давлат ба савганди худ вафо карданд.
Фаромӯш нашудаанд он рӯзҳое, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои гуфтушунид аввалин бор ба Афғонистон сафар карданд. Ин сафари пурхатар ва бебозгашт буд. Ҳар лаҳза метавонист охирин бошад, зеро касе кафолати бехатариро дода наметавонист. Бо ҷоннисорӣ, далериву шуҷоат, ақлу тадбир ва хиради худодод муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро сари мизи мудаввар – мизи сулҳ шинонида, ба ҳамаи талаботи мухолифон розӣ шуданд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир буд, ки тамоми давлатҳои дунё онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор доданд, зеро дар таърих кам ҳолате аст, ки миллате бо ҳам ба низоъ омада, дар кӯтоҳтарин муддат бо ҳам сулҳ бандад. Таърих гувоҳ аст, дар чунин ҳолат ҷанги бародаркуш солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд кушта ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бешубҳа, сулҳи тоҷикон дастоварди бузургтарини Президенти кишвар мебошад, ки ӯро дар назди Худову дар дидаи мардум маҳбуб сохт. Сарвари давлат бо зиракии хеш дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро аз қумандонсолориву ҷангсолорӣ берун кашида, ваҳдати миллӣ ва ризоияти миллиро таъмин намуданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 1200 сол бори дигар мардуми тоҷикро бо ҳам муттаҳид сохтанд ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро эҳё намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати сулҳпарвар ва мутараққӣ муаррифӣ намуданд.
Ташаббусҳое, ки Сарвари давлати тоҷикон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир пешниҳод менамоянд, баёнгари он аст, ки Президенти кишвар ҳамеша дар фикри некӯаҳволии мардум мебошанд. Чунонки дар ҳадис омадааст: «Касе дар фикри дастгирии бародари муъминаш бошад, Худованд дар фикри дастгирии ӯст».
Яке аз чунин иқдомоти Сарвари давлати тоҷикон ин ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими дунё – Оби тоза нигаронида шуда, инак беш аз 15 сол инҷониб дар саросари ҷаҳон дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешаванд, ки ба ин васила миллионҳо мардум аз норасоии об эмин гаштаанд. Таъмин будани инсоният ба об ин ҳам ваҳдат аст.
Солҳои охир душманони дини мубини Ислом аз номи ин дини таҳаммулпазир ва сулҳҷӯ як қатор амалҳои террористӣ анҷом дода, ба ин васила шаъни дини исломро паст ва мусулмононро бадном сохтанд. Дар робита ба ин Президенти кишвар аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳониён арза доштанд, ки террорист ватан, миллат ва дин надорад. Роҳбари давлати тоҷикон шаъну шарафи тамоми мусулмононро ҳимоя намуда, номи исломро аз тамғаи «террор» беолоиш намуданд. Ин амалест, ки дар пешгоҳи Парвардигор дорои савоби бениҳоят буда, беҳтарин хизмат барои дини ислом мебошад. Дар ин маврид Паёмбари акрам (с) фармудаанд:«Ҳар кас равишеро аз суннати ман эҳё кунад, чунон аст, ки тамоми оламро эҳё сохта бошад».
Чанд муддат бадхоҳон мазҳаби моро мавриди интиқод қарор дода, нисбати пешвои мазҳаб – Имоми Аъзам, Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит суханҳои носазо гуфта, оиди зарурати мазҳаб тафриқа меандохтанд ва ба ин роҳ заминаро барои низоъҳои мазҳабӣ муҳайё месохтанд.
Беҳтарин иқдоме, ки бо ибтикори Президенти кишвар роҳандозӣ шуд, Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам ва эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд.
Аввалан, мардум дар бораи Имом Абӯҳанифа маълумоти кофӣ пайдо намуда, аз таълимоти аслӣ ва ақидаи саҳеҳи мазҳаби ҳанафӣ огоҳ гаштанд. Сониян, дар симпозиум уламои барҷаста, ходимони дин ва шахсони муътабар аз тамоми кишварҳои мусулмоннишин иштирок намуда, тамоми олимони замон, новобаста аз равияву мазҳабашон бар он иттифоқ намуданд, ки ҳақиқатан Имоми Аъзам бузургтарин нобиғаи ҳар давру замон буда, мазҳаби тадвинкардаи ӯ дар асоси Китобу суннат аст ва мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби таҳаммулпазир ва инсонпарвар мебошад. Яъне, бо ибтикори ин симпозиум собит карда шуд, ки таълимоти Имом Абӯҳанифа беҳтарин ва саҳеҳтарин манҳаҷи исломӣ буда, даъвои салафия ва бемазҳабонро ботил сохта, бо ин роҳ пеши роҳи фитнаи дигаре баста шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид.
Ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, аз ҷумла “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин”, “Кимиёи саодат”–и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқимат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.
Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, маротибаи панҷум ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат ибтидои соли ҷорӣ бори дигар Хонаи Каъбаро зиёрат намуда, аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мавриди эҳтироми бузург қарор дода шуданд. Бо фармони Шоҳи ин мамлакат – Малик Салмон, дарҳои Хонаи Каъба дар пешорӯи Пешвои миллат кушода шуданд ва Роҳбари давлати тоҷикон дар дохили Байтуллоҳ даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи ватану миллат дуои хайр карданд. Ин қадрдонӣ дар симои Пешвои миллат, арҷгузорӣ ба миллати тоҷикон мебошад.
Агар мо дар васфи Роҳбари давлат соатҳо сухан гӯем, гӯё чизе нагуфтаем. Маҳз чунин пешвоён шоистаи аҳодиси набавианд, ки дар ҳаққи онҳо Паёмбари гиромӣ фармудаанд:
Паёмбар (с) фармудаанд:«Ҳоким сояи Худованд дар рӯйи замин аст. Ҳар кас ҳокимро икром кунад, Парвардигор ӯро икром менамояд ва ҳар кас ҳокимро иҳонат (таҳқир) кунад, Худованд ӯро иҳонат мекунад».
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Ҳафт кас аст, ки Худованд ононро дар сояи Аршаш, дар рӯзе, ки сояе ҷуз сояи Арши ӯ вуҷуд надорад, ҷой медиҳад, ки яке аз онҳо роҳбари додгустар аст.
Имоми Аъзам мефармоянд: Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури вай дурӯғ нагӯ!
«Ҳокими вақтро кам ва ночиз нашумор ва касеро таҳқир накун, дар мурувват ва ҷавонмардӣ кӯтоҳӣ накун…(Пандномаи Имоми Аъзам).
Муҳтарам ҷамоат!
Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва шукронаи Худованд мекунем, ки Парвардигор ба миллати тоҷик марҳамат намуда, барояш чунин Пешвои додгустарро арзонӣ дошт.
Мо мусулмонони кишвар бо тамоми масъулият ва бо ифтихор иброз менамоем, ки мо ба Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем. Зеро дар ҳадис омадааст, ки: “Ҳар кас шукри мардум накунад, шукри Худо накардааст”.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ситоиш ниёз надоранд: борҳо собит шудааст, ки ӯ ҳимоятгари манфиатҳои миллии кишвар ва мардуми он буда, Худованд ба ӯ малакаи пешво ва роҳбар буданро додааст, зеро Президенти мо чандин маротиба дар амал нишон доданд, ки барои Тоҷикистон, мардуми он, баҳри ҳифзи сулҳу субот дар кишвар омодаанд ҳаёташонро бубахшанд.
Пешвои миллат фаротар аз марзу ҳудуд ва давру замон буда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикон пешво, роҳбар ва мояи ифтихори миллат мебошанд. Мо ифтихор дорем, ки бо Пешвои миллатамон дар як давру замон зиндагӣ намуда, аз баракати Ҷанобашон баҳравар мегардем.
Абдураҳмон Ваҳобзода - муовини директори Маркази исломшиносӣ