ХАТАРҲОИ ТАФАККУРИ ИФРОТӢ БАРОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни олам нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои хавориҷ бо роҳу усулҳои нав ғояҳои худро дар байни ҷавонон ташвиқу тарғиб менамоянд.
 
Дар зери шиорҳои «гӯё динӣ» ҷавононро ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ даъват намуда, амалҳои норавои худро «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» мегӯянд ва мехоҳанд, ки бо ин роҳ ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданд. Яъне, нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
 
Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номалуб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҷаҳон паҳн шуда истодааст. Аксари ин амалҳо зери шиорҳо ва “арзишҳои динӣ” сурат мегиранд.
 
Ин ҳолат моҳияти масъаларо комилан дигар карда, ифротгароиро аз як «маводи хом» ба нерӯи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, ба як тӯфони харобиовари иҷтимоӣ ва таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятӣ мубаддал гардонидааст.
 
Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд.
 
Ҷонибдорони гурӯҳҳои экстремистӣ душманони ашаддии демократия ҳастанд. Онҳо зидди ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, озодии виҷдон, дин ва мавҷудияти давлати қонуниро инкор мекунанд.
 
Бешубҳа, намояндагони ин равияҳо имрӯз доманаи фаъолияти худро дар ҷаҳон васеъ намуда, аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ тарафдорони худро пайдо карда, ба амнияти давлату миллатҳо хатар ворид месозанд.
 
Хатарҳои тафаккури ифротӣ:
 
Хатари якум: Гурӯҳҳои ифротӣ мухолифи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, расман нақша доранд, ки давлати моро аз байн баранд.
 
Хатари дуюм: Ифротгароён ба тарзи зиндагии ҷомеаи мо мухолиф буда, беҳуқуқиро таҳмил ва сари миллат маҷбуран бор мекунанд.
 
Хатари сеюм: Гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳувияти сиёсӣ, асолати таърихӣ, нажодӣ, фарҳангии мо шадидан мухолиф буда, онро бераҳмона аз байн мебаранд.
 
Хатари чорум: Гурӯҳҳои ифротӣ маърифат, адабиёт ва фарҳанги миллии моро зери савол ва маҳкум намуда, онро мехоҳаанд аз байн баранд.
 
Хатари панҷум: Ифротгароён мазҳаби ҳанафиро нодуруст ва бидъат дониста, пайравони онро мусулмони ҳақиқӣ намеҳисобанд. Ин мавқеи онҳо боиси сар задани буҳрони ҷиддии ақидатӣ дар ҷомеа мегардад, ки оқибатҳои ногувор дорад.
 
Хатари шашум: Гурӯҳҳои ифротгаро нисбати мазҳабҳои гуногуни исломӣ назари ҷангҷӯёна ва такфирӣ дошта, ҳамзистии осоиштаи байнимазҳабиро аз байн мебарад. Ба ин восита онҳо ба ваҳдати миллӣ, суботу амният ва ҳатто мавҷудияти миллат ва давлати ягонаи Тоҷикистон хатар ба вуҷуд меоваранд.
 
Хатари ҳафтум: Андеша ва ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ силоҳи муборизаи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати ба Тоҷикистон роҳ ёфтани онҳо, кишвари мо ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил меёбад. Дар натиҷа, на танҳо суботу амният, балки истиқлолу мавҷудияти Тоҷикистон ба хатари воқеӣ рӯбарӯ мегардад.
 
Афсӯс, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва кӯтоҳандеши мо бинобар надоштани саводи кофии дунявию динӣ бо ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ  шомил гардида, эътибори волидайн ва кишвари худ яъне Тоҷикистонро бадном месозанд.
 
Бино бар ин, моро зарур аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият Истиқлоли сиёсии худро на танҳо бо шиор, балки бо меҳнати софдилона таҳким бахшем, ҷавонон ба вижа насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия кунем ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намоем.
 
Идома дорад... 
 
 
Абдуллоҳи Қодирӣ, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ 
Яндекс.Метрика