Хизмат ба Ватан ғурури ҷавонмардӣ ва ифтихормандӣ аст!

Бояд ёдовар шуд, ки заминаҳои ҳуқуқии таъсиси Артиши миллӣ аз Иҷлосияи тақдирсози миллат яъне Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар яке аз аввалин муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буданд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани артиши миллӣ; пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ. 
 
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсия, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.
 
Дар як муддати кутоҳ бо Қарори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 таҳти рақами №3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврал Рӯзи Артиши миллӣ дар мамлакат эълон карда шуд.
 
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани сохти давлат ва давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, мактаби бузурги ватандорӣ, макони тарбияи ҳарбӣ-ватандорӣ, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишвар саҳми беандоза мегузорад.
 
Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.”
 
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати ҷавонон тамоми шароитҳоро дар сатҳи зарурӣ қарор додаанд. Хизмат ба Ватан мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ барои ҳар шаҳрванд буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо мегирад. Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як кафи хоки диёр мардонавор истодагарӣ намуда, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд. Ватанро азиз дониста ҳимоят кардан, ба муққасадоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он воҷиби имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як инсон мебошад.  
 
Ҳифзу ҳимояи Ватан дар ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати ҳарбӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят ва равон намоем. 
Фазилати хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан то ҳадде бузург аст, ки дар ояти охирони сураи «Оли Имрон» Парвардигор мефармояд: 
Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед! 
 
Муфассирон мегӯянд, ибораи «ва робиту» - омода бошед, дар ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегӯяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед.
Дар ибтидо «работ» хоначаеро мегуфтанд, ки дар он марзбонон иқомат мекарданд ва баҳри ҳимояи ватан шабу рӯз машаққат мекашиданд. Баъдтар калимаи «работ» ба худ маъноҳои дигарро низ касб кард.
 
Ҳимояи ватан савоби беандоза дорад. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии Ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.
Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: 
1.Овози қалами нависандагон(агар хайр нависанд ва агар шарр нависанд, Худо аз онҳо безор аст).
2.Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол)
3.Овози қадами марзбонон(чун дар гармову сармо Ватани худро аз душманон ҳизф мекунанд)
Ҳомиёни Ватан шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.
Таълимоти ахлоқии ислом ба пайравонаш ҳиссиёти меҳру муҳаббатро нисбат ба оила, халқу Ватани худ ташаккул медиҳад. Вақте, ки мушрикон Пайғамбарро дар Макка, ки дар он ҷо таваллуд шуда, ба воя расида буд, таҳдид ба қатл карданд, ӯ маҷбур шуд то ба хотири наҷот ёфтан аз шарри мушрикон аз Макка ба сӯи Мадина ҳиҷрат кунад. Ҳангоми хориҷ шудан аз Макка ба атрофи он назар карду гуфт “Агар қавми ман маро аз ту хориҷ намекарданд, ман аз ту ҳаргиз хориҷ намешудам ва ҳеҷ маконеро ғайр аз ту интихоб намекардам”. Ин аст, ки дар қатори дигар арзишҳо паёмбари ислом “Дӯст доштани ватанро аз гӯшаи имон” муқаррар кардааст.
 
Аз ин ояти раббонӣ ва ҳадиси муборак бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, Ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо – ҳимояи Ватан тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар руҳияи баланди ватанпарварист. Дар моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст, ки: “Падару модар ӯҳдадор аст, фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои  миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд”. 
 
Мо бояд таърихи аҷдодони худро фаромӯш накунем ва таҷрибаи андӯхтаи онҳоро аз ҷумла, ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, дар кору пайкори худ истифода барем. Масалан, дар замони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (Иттиҳоди Шӯравӣ-ИҶШС) ҷиҳати баланд бардоштани ғояҳои ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфи нуҳум ва даҳум омӯзгорон дарси ҳарбӣ-ватандӯстӣ мегузаштанд. Бо омӯзонидани дарси тайёрии ҳарбӣ хонандагонро аз тарзи дурӯст истифода бурдани силоҳ, муҳорибаҳои ҳарбӣ шинос менамуданд. Ҳангоми баргузории чорабинаҳои фарҳангию маънавӣ ва идҳои расмӣ бошад, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хизматчиёни ҳарбиро даъват менамуданд. Онҳо зимни баромади худ аз корнамоиҳо ва ҳаёти хизмати ҳарбӣ нақл мекарданд. 
 
Инчунин, дар як сол ду се маротиба барои аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо силоҳи ҳарбӣ ба бошишгоҳои ҳарбӣ барои тирандозӣ мебурданд. Ҳамзамон, дар як сол як маротиба барои аз наздик шиносоӣ пайдо кардан ба ҳаёти ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ хонандагонро ба муҳлатӣ 5 рӯз ба бошишгоҳҳои ҳарбӣ сафарбар мешуданд. Барои хонандагоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҳарбӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамуданд ҷоизаҳо, ифтихорнома ва ё нишонаҳои сарисинагии дараҷаҳои 1,2,3 (ГТО) тақдим мегардид. Дар назди хонандагон бошад наваскарон бо либосҳои расмии идона баромад мекарданд. Натиҷаи гузаронидани ин чорабиниҳо буд, ки дар замири наврасону хонандагон ҳисси ватандӯстӣ пайдо мегашт. 
 
Хизмат ба Ватан дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ миёни ҷавонон ғурури ҷавонмардӣ ва ифтихормандӣ ба ҳисоб мерафт. Сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳукми анъана даромада буд. Падару модар фарзанди худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо тӯю сурур гусел намуда ва боҳамин минвол фарзандашонро қабул мекарданд. Яъне, баъди бозгашт ҳамин гуна чорабиниҳо гузаронида мешуд. Анъанаи дигар аз он иборат буд, ки назди ҷавонмарди аз хизмат баргашта шахсоне даъват мешуданд, ки хизмати модар ватанро ба анҷом расонида буданд. Ҷавонон дар сари дастурхон дар бораи бурду бохти хизмат сухан мекарданд. Агар мабодо ягон ҷавони хизматнакарда дар миён ба сухан медаромад, ӯро сарзаниш ва ё таъна мекарданд, ки аввал рафта хизматро ба анҷом расонед, баъдан дар ин маърака сухан гӯед. Яъне, хизмат кардан ифтихор ва фахри ҳар як ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ баҳисоб мерафт.
 
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба таҷрибаи гузаштаи худ арҷгузорӣ кунем ва фарзандонро дар руҳияи меҳнатдӯстию ватандӯстӣ тарбия намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад дар Паёми навбатии худ аз 28 декабри соли 2023 дар барои самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷула торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир- терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.  
 
Аз ин рӯ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро ба роҳбарӣ гирифта, мо бояд ҳама чун як тан Ватани худро дӯст дорем, обод кунем  ва дар ҳимояи марзу буми Ватани азиз ҳарис бошем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати Ватан-модар, ба мактаби мардонагиву шуҷоат сафарбар намоем. 
 
Ҳ.Шокиров - мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
Яндекс.Метрика