Шаби Меъроҷ

Меъроҷ маънои «ба боло баромадан» ва «мақоми баланд баромадан»-ро дорад. Меъроҷ дар дини Ислом ҳодисаеро меноманд, ки ҳазрати Расулуллоҳ (с.а.с.) ба осмон бурда шуда ба ҳузури Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) ҳозир шудан аст.

Меъроҷ, як сол қабл аз ҳиҷрат, шаби 27-уми моҳи Раҷаб ба вуқӯъ омад. Ҳодисаи мазкур ба ду қисм номгузорӣ шудааст. Қисмати аввал, рафтани ҳазрати Расулуллоҳ (с.а.с.) аз Масҷид-ул-ҳаром ба Масҷид-ул-ақсо-ро Қуръони Карим бо исми «Исро», ба маънои «роҳгардии шабона» ёд мекунад. Худованди Карим (ҷ.ҷ.) дар сураи «Исро» ояти аввал фармудааст: - Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабе аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо, ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ нишон диҳем, албатта! Ӯ шунавову биност! Қисмати дуюм, рафтани Расулуллоҳ (с.а.с.) аз Масҷид-ул-ақсо ба ҳузури Аллоҳ Таъоло-ро меноманд.

Меъроҷ дар Қуръон зикр нашудааст, аммо дар ҳадисҳо ба куллӣ сабт гардидааст. Тибқи ҳадис, Расулуллоҳ (с.а.с.) дар Хотими Каъба ва ё дар хонаи духтари амакаш Уммуҳанӣ бинти Абӯтолиб дар ҳолати хоб буд, ки ҳазрати Ҷабраил (а.с.) меояд ва қафаси синаи мубораки Расулуллоҳ (с.а.с.)-ро мекушояд ва бо оби Зам-Зам шуста дарунашро бо имону ҳикмат пур мекунад. Сипас, ба Буроқ савор карда ба Масҷид-ул-ақсо оварда мешавад. Дар ин ҷо Расулуллоҳ (с.а.с.)-ро ҳазрати Иброҳим (а.с.), ҳазрати Мӯсо (а.с.), ҳазрати Исо (а.с.) ва дигар пайғомбарҳо истиқболаш мекунанд. Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) имом шуда бо пайғомбарон намоз адо мекунад. Ҳазрати Расулуллоҳ (с.а.с.) аз Байтулмақдис бо ҳазрати Ҷабраил (а.с.) Меъроҷ мекунанд. Дар осмони якум бо ҳазрати Одам (а.с.), дар осмони дуюм бо ҳазрати Исо (а.с.) ва Яҳё (а.с.), дар осмони сеюм бо ҳазрати Юсуф (а.с.), дар осмони чорум бо ҳазрати Идрис (а.с.), дар осмони панҷум бо ҳазрати Ҳорун (а.с.), дар осмони шашум бо ҳазрати Мӯсо (а.с.) ва дар осмони ҳафтум бо ҳазрати Иброҳим (а.с.) вохӯрӣ намуд. Ҳазрати Ҷабраил (а.с.) то Сидрат-ул-мунтаҳо ҳамроҳӣ намуд.

Дар Сидрат-ул-мунтаҳо ҳазрати Ҷабраил (а.с.) гуфт: «Аз ин ба андозаи ангуште биравам, месӯзам». Баъди ин сухан дар Сидрат-ул-мунтаҳо бимонд. Сафари ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) аз Сидрат-ул-мунтаҳо бо Рафраф идома ёфт. Дар ин сафари воло неъматҳои ҷаннат ва азобҳои ҷаҳаннам мушоҳида гардид. Ба ҳузури Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) даррасид. Муждаи ҷаннат ба умматоне, ки ширк намекунанд, эҳсон гардид. Даҳ ояти сураи «Бақара» ва панҷ вақт намоз фарз эҳсон шуд. Дубора бо Рафраф то ба Сидрат-ул-мунтаҳо, аз он ҷо бо Буроқ ба Қудус ва аз он ҷо ба Макка оварда шуд. Фардои ҳодиса Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳодисаи Меъроҷро нақл кард. Мушрикон нақл кардани ҳодисаи Меъроҷро шуниданду ба Расулуллоҳ (с.а.с.) туҳмату карданро шурӯъ намуданд. Баъзе аз мусулмонҳо ҳам аз ин туҳмату айбдоркуниҳо шубҳа намуданд. Нафароне мехостанд, то ҳақиқат будан ва ё набудани ҳодисаро аз корвонҳое, ки ба Масҷидулақсо ва Макка меомаданд, пурсон шаванд.

Суханҳои Расулуллоҳ (с.а.с.) тасдиқи худро ёфт ва мусулмонҳо шубҳаҳои худро рафъ намуданд, аммо мушрикон якравии худро ҳамоно идома доданд. Мушрикон ҳодисаи Меъроҷро барои барангехтани фитна фурсат донистан. Мушрикон аз ҳазрати Абӯбакр (р.а.) ҷиҳати бовар кардан ва ё накардани сухани Расулуллоҳ (с.а.с.) доир ба ҳодисаи Меъроҷ суол карданд. Ҳазрати Абӯбакр (р.а.) дар ҷавоб гуфт: «Агар Ӯ (с.а.с.) гуфта бошад, пас бешубҳа рост мегӯяд».

Ин аст, ки ҳазрати Абӯбакр (р.а.) лақаби «Сиддиқ»-ро гирифт. Меъроҷ дар бедорӣ ва ҳам руҳан ва ҳам ҷисман ба вуқӯъ омадааст. Шаби Меъроҷ баъд аз Шаби Қадр муқаддастарин ба ҳисоб меравад. Хазинаи маърифат .

 

Гирдоварандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика