Шарт ва шароити тағйирёбии дину диндорӣ

Идома:

Қобили зикр аст, ки дину диндории инсон маҳсули ниёзу талаботҳои ӯва шароитҳои моддию маънавии ҳаёти ӯҳастанд. Чун ниёзу талаботҳои инсон вобаста бо шароитҳои зисти ӯтағйир ёфтанд, дин бо таълимотҳояш низ тағйир меёбанд ё ҳадди ақал шакли ҳастии худро иваз менамояд. Инсон вобаста ба сатҳи рушди ҳаёти моддии худ аз парастиши ҷисмҳои муқаррарӣ– сангу чӯб то парастиши моҳу офтоб ва ахиран мавҷуди мутлақи бо узвҳои ҳис ва ақл тасаввурнашаванда расид. Яъне, вобаста ба сатҳи рушди қобилияти интеллектуалӣобъекти парастиш тағйир ёфтан гирифт. Ҳамин гуногунии шароитҳои ҳаёти моддию маънавӣва сатҳи рушди интеллектуалӣимрӯз низ вуҷуд дорад. Вобаста ба ду омили зикршуда сатҳу сифати диндории мардум низ аз ҳам фарқменамоянд.

Дар мисоли ислом мо ҳамин гуногунрангии шакли зуҳури динро вобаста ба шароити ҳаёти моддию маънавии одамон ҳатто аз оғози ислом мушоҳида менамоем. Дар оғози ислом шахс танҳо бо гуфтани «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадурасул-ул-лоҳ» мусулмон мешуд. Дар робита ба ин матлаб ислом овардани Ҳамза ва Умар ибни Хаттоб намунаи равшан маҳсуб меёбанд [4,236]. Баъдан амалҳоеро, чун хондани намозу гирифтани рӯза ва додани закоту адои ҳаҷро вобаста ба тавоноӣбарои мусулмон будан зарур шумориданд. Баъзе равияҳо барои мусулмон будан, яъне диндор будан иҷрои аъмоли нек ва тарки аъмоли нописандидаро низ ҳатмӣҳисобиданд. Вақте имомони мазҳабҳо баъд аз тахминан сад сол аз худ дарак доданд, барои мусулмонон муқаррароти зиёди дигарро дар шакли суннату воҷибу мустаҳаб ва ғайра таҳмил карданд.

Тағйирёбии диндориро вобаста ба шароит дар давраи хилофати Маъмун хеле барҷаста мушоҳида кардан мумкин аст. Соли 813 вақте Абдуллоҳибни Маъмуни ақлгаро халиф гардид, ақоиди динии ҷараёни муътазила дар қаламрави хилофат роҳандозӣшуд. Чуноне, ки муҳаққиқон қайд менамоянд, «атрофиёни Маъмун пайрави он даста аз афкор ва ақоиди сиёсӣва динӣбуданд, ки бармакиён онҳоро тарвиҷмекарданд, ва намояндагони исломи суннатӣонҳоро нохуш медоштанд» [3,556]. Бо мақсади барқарории сулҳу оштӣбайни ду гурӯҳи ба якдигар душман, ки сабаби эҷоди парокандагӣдар олами ислом шуда буд, Маъмун кӯшиш менамояд, ки принсипи эътиқодии ягонаеро, ки мавриди қабули ҳамагон бошад, эҷод намояд. Бо мақсади мазкур ва ба даст овардани муҳаббати аҳли шиа мазҳаби муътазиларо бар мардум таҳмил менамояд. Ӯбо мақсади татбиқи сиёсати мазкур фуқаҳо ва мударрисони диниро мавриди озмоише қарор медиҳад, ки бо номи миҳна (озмоиш, имтиҳон) маълум аст. Пас аз марги Маъмун сиёсати муътазилии ӯдар хилофати Муътасим (833-842) ва Восиқ(842-847) идома ёфт. Дар давраи Восиқин сиёсат авҷмегирад ва ҳама гуна шӯриши зидди ин сиёсат пахш мегардад ва сарони шӯриш ба дор овехта мешаванд. Дар давраи бародари ВосиқМутаваккил (847-861) сиёсати мазкур дигар дастгирӣнамеёбад.

Аз сиёсати Маъмун ва ҷонишинони ӯба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ақоид, тасаввурот ва муҳити динӣмаҳсули эҷоди инсонҳоянд. Дастгирӣёфтан ва ё наёфтани он аз тарафи аҳли ҷомеа аз омодагии аҳли ҷомеа ва фазои маънавии ҳукмрони ҷомеа вобастагӣдорад. Сар задани шӯришҳо ва аз байн рафтани муносибати ақлгароёна ба дин баъд аз ду вориси Маъмун аз он гувоҳӣмедиҳанд, ки пешвоёни мутаассиби динӣбо ақлгароӣмуросо наменамоянд. Зеро ақлгароӣунсурҳои қудсиро дар дин заиф сохта, ҷанбаҳои пӯшида ва мубҳами динро равшан менамуданд ва бад-ин васила пояҳои бунёдии динро суст мегардониданд. Ҳолати мазкур бе шак ба ҳадафҳои дунявии мутаассибони дин созгор буда наметавонист.

Дар тағйирёбии мундариҷаи дину диндорӣнақши омили субъективӣниз кам нест. Дар садаи XIIИбни Таймия таълимоти ифротии худро пешниҳод намуд, дар садаи XVIIIМуҳаммад Ибни Абдулваҳҳоби мутаассиб аз худ дарак дод ва дар садаи XIXдар гӯшаҳои мухталифи олами ислом ислоҳгарони динӣпайдо шуданд, ки ҳар яке ба дину диндорӣчизе илова карданд. Имрӯз бошад, дар манотиқи мухталифи олами ислом, аз ҷумла дар кишвари мо низ дингароёне пайдо шудаанд, ки бо назардошти муҳити нави фарҳангию сиёсӣ, ба қавли дигар равандҳои дунявишавии ҷомеа дину диндориро шарҳу эзоҳдода истодаанд.

Ҳамин тавр, ҳангоме, ки муҳити сиёсию иҷтмиоӣва фарҳангӣдар тӯли таърихи олами ислом, ки хеле сустҳаракат ва қариб шахшудамонда буд, ба мундариҷаи дину диндории мардум муассир гардид, рушди босуръати илму технологияи ҷадид, ки дар пешрафти ҳаёти моддию маънавии аҳли ҷомеа таҷассум ёфта, тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, ба хусус тақсимоти касбии меҳнатро ба сатҳи олии худ расонид, чӣтавр метавонад, ки ба дину диндорӣтаъсиргузор набошад. Тақсимоти касбии меҳнат, ки як шакли авҷгирифтани дунявишавии ҷомеа буда, маҳсули зинаи нави рушди иқтисодӣмебошад, муносибат ба динро хеле тағйир додааст. Шароити нави меҳнатӣва донишҳои илмии мухталиф водор сохтаанд, ки мубрамияти иддае аз фароизу суннат ҳазф гардад. Дар шароитҳои нав на ҳар фард имкон пайдо менамояд, ки муқаррароти динии дар тӯли асрҳо устуворшударо дар сатҳи зарурӣриоя намояд. Иҷрои муқаррароти динӣдар умум хосияти зоҳирӣпайдо карда, бештар ба тақлиди анъанаҳои гузашгагон монанд шудааст. Қудсияти объекти эътиқод қариб, ки ноайён гардидааст, ки бешак маҳсули таъсири равандҳои дунявӣдар ҷомеа мебошад.

Бо вуҷуди ин, новобаста ба ноайён гардидани қудсияти объекти эътиқод (аз одамони одӣто донишмандони дин медонанд, ки дурӯғтибқи ҳукми ояти 10 аз сураи «Бақара» гуноҳи кабира аст, лек аз он дурӣнамегузинанд, зеро унсури муҳими дин - тарс аз Худо гум шудааст.) ва хусусияти тақлидро касб намудани тоату ибодат (махсусан, адои ҳаҷё умра дар замони имрӯза, ки ба ҷуз хароҷоти зиёди молӣҳеҷтаъсири мусбие дар хушахлоқгардонидани адокунандаи ибодот намерасонанд) аҳли ҷомеа худро диндор ва мусулмон мешуморанд. Агарчанде онҳо тамоми талаботи диниро иҷро нанамоянд ҳам ва агарчанде иҷрои он талабот бе сифат бошад ҳам, онҳо барои иҷрои иддае аз онҳо саъй менамоянд. Илова ба ин, новобаста аз ҳукми ифротиҳо онҳо вожаҳои «кофир», «бедин», «номусулмон» ва амсоли инро барои худ таҳқир мешуморанд. Ба қавли дигар диндорӣдар шакли нав - дар шакли қонеъ гардонидани талаботи динии худи диндор то андозае хосияти ҳамагонӣгирифтааст, агарчанде дар чунин диндорӣзоҳирпарастӣва тақлидкорӣбештар мушоҳида мешавад.

Чуноне, ки мебинем, дар заминаи амалияи динии мушоҳидашаванда ва таҳлилу далелҳои мухталифи пешниҳодгардида бидуни дудилагӣметавон изҳор дошт, ки муҳити сиёсию фарҳангӣва иқтисодию иҷтимоии ҳукмрон ба дину диндории афроди ҷомеа нақши муассир гузошта, дар шаклҳои мухталифи диндорӣба зоҳир мерасанд. Яъне, зуҳури диният дар ҷомеаи имрӯза дар шаклу сатҳҳои гуногун ба чашм мерасад. Агарчанде вай ҳамшакли диният дар қуруни вусто нест, чуноне ки диният дар қуруни вусто ҳамшакли диният дар ҷавомеи қадим нест, вай адами диният низ нест. Зеро ҳар фард худро мансуб ва мутааллиқба дине маҳсуб дониста, иддае аз талаботи онро адо менамояд. Ҳадди ақал номи худои исломро ба забон оварда, мусулмонии худро ҳамчун далел ба маъраз мегузорад. Дар чунин шароит иҷро намудани тамоми талаботи динӣҳатмӣнест, зеро тамоми талабот аз тарафи пешоҳангони дин низ адо намегарданд. Худи пешвоёни дин медонанд, ки онҳо тамоми талаботи динро иҷро намекунанд, аммо аз ин ҳолат мардуми оддӣогоҳнамебошанд. Тибқи ҳукми ояти 285 аз сураи «Бақара» шахсе, ки 98 дар сади талаботи динро иҷро менамояд ва шахсе, ки 2 дар сади талаботи динро иҷро менамояд, мантиқан яксон дучори ҷазо хоҳанд буд. Аз ин рӯ, барои дину диндорӣна ягон меъёри таҳмилшаванда, балки эътирофи худи шахсро меъёр қарор додан камоли адл ва созгори мантиқхоҳад буд.

Хулоса, дар зери таъсири равандҳои дунявии ҷомеа муҳтавои дину диндорӣкомилан тағйир пазируфта, дар амалия дар шаклҳои мухталиф ба зоҳир мерасад. Таҳлилу таҳқиқоти амалияи динӣба он далолат менамоянд, ки дар шароити раванди босуръати дунявишавии ҷомеа бояд танҳо эътирофи шахс аз мансубияти ӯба дине меъёри диндорӣқарор гирад. Дар заминаи ин андеша метавон изҳор дошт, ки дар олами ислом ҳар фарде, ки худро мансуб ба дини ислом мешуморад, мусулмон аст, агарчанде диндории ӯмисли диндории дигарон нест.Талаботи зиёдатӣдар самти мазкур танҳо барои ифрот роҳмекушояду халос.

 

Адабиёт:

1.АбдуллоҳАбдулазизи Ҳарталӣ. Салафиҳо, ваҳҳобиҳо ва хавориҷро беҳтар бишносем. Душанбе – 2008.

2. Абу Муҳаммади Маданӣ. Омӯзиши «Ло илоҳа иллаллоҳ». Бе с/н.

3.Зайдон Ҷурҷӣ. Таърихи тамаддуни ислом. (Ба хати форсӣ). Тарҷима ва нигориши АлӣҶавоҳир Калом.

Муассисаи Интиороти кабир. Теҳрон, 1382.

4. Сафиюрраҳмон Муборакпурӣ. Хуршеди нубувват. Тарҷимаи форсии «Раҳиқ-ул-махтум». 2002.

5. Тайлор Эдуард Бернетт. Первобытная культура. М.: изд. полит. литер. 1989.

6.Таърихи ислом. ПажӯҳишидонишгоҳиКембридҷ. Теҳрон, 1386.

7.Фромм Эрих. Психоанализ и религия. М., 2010.

8.Қуръони карим. Матни асл ва тарҷимаи маъноҳои он ба забони тоҷикӣ. (Қуръони карим бо тарҷумаи тоҷикӣ) – Душанбе: “ЭР-граф”, 2011.

9. http: //play. google. com>store>apps>details. Коран.Перевод Э.Кулиева (Т. ас-Саади и Ибн Касира).

10. Most controversial persons in the history of Islam // WWW. Correct Islamic faith /cam/ founder soft Islam / htm,; Санаимуроҷиат: 23.10.2021. - С.8.

11. http: // predanie. Ru/ book / 220202-psihoanaliz-i-religiya/ Санаимуроҷиат: 25.11.2023.

 

Абдухалилзода К.А.- муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳаммадшарифзода С. - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика