Имрӯз, 25.07.2024 дар ноҳияи Нуробод Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш дар мавзуи " Хурофотпарастӣ ва роҳҳои паст кардани шиддати он дар Тоҷикистон" баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Олимзода Фарухулло-муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана чашну маросими назди Ҳукумати ҶТ, Шокиров Ҳ корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, Давлатзода Рамазон-сардори хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ва Сафаров Ҳайдаралӣ -
муовини раиси Маркази исломии ҶТ суханронӣ карданд.
Лозим ба ёддоварист, ки дар ҳамоиши мазкур раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда иштироки фаъол доштанд.
Шокиров Ҳ- шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ