ЭЪЛОН !!! ЭЪЛОН !!! ЭЪЛОН!!!

Маркази исломшиносӣ ба диққати тамоми пажӯҳишгарон, муҳаққиқону олимон, донишмандон ва коршиносони умур мерасонад, ки таърихи 20.06.2024 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир: пешгирӣ ва тавонбахшӣ” баргузор мегардад.
 
Хоҳишмандон метавонанд то санаи 03.06.2024 матни суханронии фишурда (дар шакли презентатсия) ё матни комили худро ба Кумитаи тадорукоти Конференсия ирсол намоянд.
 
Мавзӯҳои меҳварӣ:
 
-Пешвои миллат: ислоҳоти мафкураи миллӣ ва динӣ воситаи муассири муқовимат бо ифротгароии динӣ;  
-низоми дунявӣ ҳамчун асоси ҳуқуқии таъминкунандаи ҳамзистии арзишҳои миллӣ ва динӣ дар ҷомеа: дунявияти давлат мухолифи ифрот ва террори динӣ;
–ислоҳоти маориф асоси муқовимат бо экстремизм ва терроризм;
–нақши оила, мактаб, донишгоҳ ва ҷомеа дар муқовимат бо тафаккури ифротӣ;
–нақши ходимони дин  дар муқовимат бо ифротгароии хушунатомез: ҳанафия ва исмоилия мухолиф бар ифрот ва террори динӣ;
–нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муқовимат бо ифрот ва террори динӣ;
–таҷрибаи  амалии пешгирии паҳншавии тундгароии динӣ дар ҷомеа;
–таҳавулоти арзишҳои эътиқодӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва заминаҳои маънавии ҳимояи аслият ва муътадилии он; 
–таҳдидҳои сиёсисозӣ ва ифротикунонии  дин  ба  низоми дивлатдории миллӣ;
–сарчашмаҳои муосири ифротишавии ҷавонон ва роҳҳои маънавӣ, илмӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб;  
–нақши технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар интишори ѓояҳои экстремистӣ ва террористӣ: вазъ, паёмадҳо ва роҳҳои пешгирии он;
–ташаккули институтҳои иҷтимоии ҷомеа - ҳамчун омили муқовимат бо экстремизм;
–нақши ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар таҷрибаи Тоҷикистон. 
 
Кумитаи тадорукот:
Душанбе, Шодмонӣ 59/1. 
Tel:00992 2243427; 00992 2243781. 
         
Яндекс.Метрика