Чуноне ки дар қисми аввал қайд намудем, гуногунрангии ҳаёти инсонӣ омили асосии тағйирёбии шакли диндорӣ гардидааст, ки бидуни таҳаввул дар мундариҷаи мафҳуми «дин» сурат нахоҳад пазируфт. Тағйирёбии шакли диндорӣ дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ дар навбати худ ба заиф шудани унсури қудсият дар дин ва коста гардидани нақш ва мақоми дин дар ҷомеа оварда мерасонад. Ҳолати мазкур ашхоси аз дин манфиатҷӯро дар тӯли таърих водор намудааст, ки дину диндориро дар ҳолати ибтидоии худ ҳифз намоянд. Зеро тағйиротҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мақом ва нақши ҷамъиятии ашхоси аз дин манфиатдорро маҳдуд намуда, ҳатто назарногир сохтааст.
Тоифаи мазкур хатари нестшавии худро ҳамчун қишри махсуси иҷтимоӣ ҳис намуда, барои ҳифзи он талош намудаанд ва имрӯз пайравони онҳо амали онҳоро идома дода истодаанд. Яке аз чунин ашхоси ҳифзкунандаи шакли бунёдии дин Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аст. Пайравони Ибн Абдулваҳҳоб даъво менамоянд, ки ҳаракати мазкур ба хотири тозасозии ислом сурат мегирад. Дар баробари ашхоси куҳнапараст дар ҳар ҷомеа боз ашхосе аз худ дарак медиҳанд, ки тағйиротро чун раванди ногузир дарк намуда, ба он баҳои объективї медиҳанд.
Яке аз олимони машҳури замони Муҳаммад Ибн Абдулваҳҳоб Муҳаммад Амин Ибн Обидин дар китоби хеш «Ҳошия рад ал- мухтор» (ҷилди з, саҳ.309) дар бораи ӯ чунин навиштааст: «Дар замони мо Ибни Абдулваҳҳоби Наҷдӣ пайдо шуда, ба ду макони муқаддаси ислом (Макка ва Мадина) ҳуҷум намуд. Ӯ худро ҳанбалӣ мегуфт, лекин тафаккури ӯ чунин буд, ки гӯё танҳо ӯ худаш мусулмон бошаду дигар ҳама мушрик. Зери ҳамин ақида ӯ куштани аҳли суннатро ҷоиз шумурдааст [Most controversial persons in the history of Islam // WWW. Correct Islamic faith /cam/ founder soft Islam / htm,; Санаи муроҷиат: 23.10.2021. - С.8].
Дар кишвари мо бошад, кӯшиши ҳифзи шакли бунёдии дин бо воридшавии афкори салафия қувват гирифт ва имрӯз ин раванди хатарнок дар андешаҳои шахси мутаассиби ифротгаро Абу Муҳаммади Маданӣ равшан ба чашм мерасад. Номбурда дар рисолааш «Омӯзиши Ла илаҳа иллаллаҳ» навиштааст: «Имрӯз мушкили мардуми Осиёи Марказӣ ва нафақат ин минтақа балки дигар манотиқҳои мусалмоннишин, ки даъвои мусалмонӣ мекунанд ҳамин аст, ки ширкро ширк намедонанд ва амалро комилан тарк карда ва боз худро мусалмон мешуморанд» [Омӯзиши “Ло илоҳа иллаллоҳ”, с. 45]. Дар ин навиштаи Маданӣ ба се чиз бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Аввалан, тарзи диндории мардум хеле тағйир ёфтааст ва он на он тарзе аст, ки бунёдгароён мехоҳанд. Сониян, ин тарзи диндории мардум, ба ақидаи ӯ, онҳоро аз доираи ислом хориҷ кардааст. Яъне, мардум даъвои мусулмонӣ мекунанд, дар асл онҳо мусулмон нестанд. Солисан, чунин раванд на танҳо Осиёи Марказӣ, балки дигар манотиқи мусулмоннишинро низ фаро гирифтааст.
Ҳамин тариқ, бо такя ба эътирофи донишмандони мутаассиби дин ҳам Муҳаммад Ибни Абдулваҳҳоб ва ҳам Абумуҳаммади Маданӣ ба чунин хулоса хоҳем расид, ки ҳам дар асри XVIII ва ҳам охири XX ва ибтидои XXI дар зери таъсири равандҳои дунявӣ мундариҷаи мафҳумҳои «дин» ва «диндор» тағйир ёфтаанд.
Воқеан ҳам вақте ба сарчашмаҳои асосии таълимоти дини ислом – Қуръон ва аҳодис рӯ меорем, мебинем, ки дар онҳо аҳкоме ба чашм мерасанд, ки онҳоро ҳатто худи ифротиёни мутаассиби дини ислом иҷро карда наметавонанд. Яъне, иҷрои ҳукми баъзе оятҳо ва ҳадисҳо аз доираи имкониятҳои ибодаткунандагон берунанд. Агар матлабро содатар баён намоем, барои инсон ҳамчун мавҷуди биоиҷтимоие, ки қонеъ гардонидани, пеш аз ҳама, талаботҳои моддї асоси ҳастии ӯ ба ҳисоб мераванд, иҷрои баъзе талаботҳои динӣ имконнопазир аст. Зеро он аҳком дар шароитҳои хос гуфта шудаанд, ва ифодагари талаботҳои моддию маънавии инсон ҳамчун мавҷуди биоиҷтимоӣ маҳсуб намеёбанд.
Ба таври мисол мо метавонем ба мундариҷаи оятҳои зерин таваҷҷуҳ намоем: «Бигӯ: «Агар падарони шумову писарони шумову занони шумову хешовандони шумо; ва он молҳое, ки онро касб кардаед; ва тиҷорате, ки аз касоди он метарсед; ва манзилҳое, ки онро писанд мекунед, наздики шумо аз Худову расули Ӯ; ва аз ҷиҳод дар роҳи Ӯ дӯстоштатар бошанд, пас мунтазир бошед, то он ки Худо уқубати худро биёрад. Ва Худо ба гурӯҳи фосиқон роҳ наменамояд» (Тавба, 9:24); «Эй Муъминон, амволатон ва фарзандонатон шуморо аз ёд кардани худо машғул нагардонанд. Ва касоне, ки ин корро бикунанд, ҳамонҳо зиёнкоронанд» (Мунофиқун, 63:9); «Эй муъминон, яҳудиён ва насрониёнро дӯст магиред, баъзеи онҳо дӯсти баъзеанд. Ва ҳар ки аз шумо онҳоро дӯст дорад, пас, ҳамоно ӯ аз ҷумлаи онҳо аст. Ба дурустӣ, ки Худо гурӯҳи ситамкоронро роҳ наменамояд». (Моида, 5: 51); ҳадиси «Ҳеҷ нафаре аз шумо имон нахоҳад овард, то он даме, ки ман дар назди ӯ аз ҷонаш, молаш, оилааш ва умуман аҳли башар маҳбубтар набошам».
Дар робита ба ҳукми ҳадиси зикршуда бояд ёдовар шуд, ки дар ҷанги Уҳуд қисме аз саҳобаҳо, ки тибқи супориши пайғамбар бояд дар нуқтаи муайяне истода ҳуҷуми душманро аз қафо пешгирӣ менамуданд, ба хотири моли ғанимат ҷойи худро тарк мекунанд, яъне супориши пайғамбарро ба хотири сарват иҷро намекунанд. Ҳангоме, ки саҳобаҳо аллакай дар ибтидои ислом чунин рафтор карданд, дар хусуси мусулмонони имрӯза, ки бояд пайғамбарро аз молашон, ҷонашон, оилаашон ва умуман аҳли башар бештар дӯст доранд, ҳоҷати гап ҳам нест.
Дар робита ба ҳукми ояти 24 аз сураи «Тавба» танҳо ҳаминро таъкид намуданием, ки агар даромади моддии пешвоёни дин бо сӯиистифода аз дин ду даҳсола паиҳам сурат нагирад, сафи онҳо ба таври назаррас кам мешавад. Ба қавли Маҳатма Ганди «Аз дин пулро ба канор гузоред, пагоҳ вай нест мешавад (Уберите из религии деньги и на завтра она исчезнет) (Манбаъ: «Файсбук», 29-30 ноябри соли 2023). Вақте, ки танҳо фақр метавонад куфр оварад, иҷрои шартҳои дигар зарурат ба баҳс надоранд.
Дар робита ба аҳкоми ду ояти баъдї танҳо ҳаминро зикр менамоем, ки ҳама гуна пешрафт ва тағйирёбї дар ҳаёти моддию маънавии мусулмонони олам, ба хусус кишварҳои араб аслан натиҷаи ҳамкорӣ бо яҳуду насорост. Ҳам дар солҳои вазнини ба ном «Баҳори араб» ва ҳам имрӯз маҳз ду қишри динии номбаршуда мардуми мусулмонро бо кор, яъне василаи зиндагӣ солҳои зиёд ин ҷониб таъмин карда буданд ва имрӯз ин амалро идома дода истодаанд. Амали мазкур ҳатто дар сатҳи давлатӣ низ солҳои зиёд ин ҷониб роҳандозӣ шуда истодааст.
Дар асоси гуфтаҳо ва далелҳои овардашуда мо ба хулосае меоем, ки вобаста ба талаботи замон ва ниёзмандиҳои мардум ҳукми ояту ҳадисҳо мавқуф гузошта шудаанд. Зеро ҳеҷ яке аз донишмандони дин на дар мавъизаҳояшон ва на дар асарҳояшон доир ба риояи ҳукмҳои баёнгардида чизе намегӯянд. Онҳо ба хотири зоҳиран нигоҳ доштани дин танҳо ба сатру риш мечаспанду халос. Фармудаҳои зикршуда, чун аз тарафи худи донишмандони дин иҷро намешаванд, пас, онҳо ҳадафмандона ба фаромӯшӣ супурда шудаанд, яъне дин шакли зоҳирӣ касб намудааст.
Ҳамин тавр, чун ҷомеа дар ҳамаи самтҳои ҳаёти худ пешрафт мекунад ва ин пешрафт дар муносибати инсон ҳам ба арзишҳои дунявӣ ва ҳам динӣ дар шаклҳои гуногун инъикос меёбад, масъалаи мубрам ва марказӣ он хоҳад буд, ки барои муайян намудани мундариҷаи мафҳумҳои «дин» ва «диндор» чиро бояд меъёр қарор дод: таълимоти ин ё он донишманди динро, ки хусусияти хос субъективӣ дорад, фармудаҳои китобҳои муқаддасро, ки маҳсули зинаҳои ибтидоии пайдоиш ва рушди дин мебошанд, ё фаҳмишу тасаввуроти динии шахси диндорро, ки тавассути иҷрои ин ё он талаботҳои динӣ либоси амалӣ касб менамояд?
Дар робита ба саволи аввал бояд таъкид намуд, ки андешаи як донишманди дин новобаста аз он ки ӯ кист, наметавонад, ки барои тамоми мусулмонони олами ислом меъёр қарор гирад. Аввалан, ба хотири он ки андешаи ӯ нигоҳи субъективии ӯст. Ин нигоҳи ӯ маҳсули сатҳи муайяни дониши касбкардааш, ҷаҳонбинии хосаш ва таъсири шароити сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии зиндагии ӯст. Бо тағйирёбии муҳити зист бешак нигоҳи шахс низ тағйир меёбад. Сониян, имрӯз мусулмонон, чӣ дар Ҳинду Покистон ва чӣ дар Эрону Туркия ё Арабистон дар шароити мухталиф ба сар мебаранд ва шомили як дин ҳастанд, аммо тарзи диндории онҳо аз ҳам фарқ менамояд. Онҳо наметавонанд, ки андешаи донишманди асримиёнагӣ ё донишмандеро аз гушаи дурдасти олами ислом барои худ меъёр қарор диҳанд. Ба таври мисол ёдрас менамоем, ки донишманди маъруфи олами ислом Ибни Таймия, ки ба андешаҳои ӯ имрӯз ҳам донишмандони ҳам ифротӣ ва ҳам ғайриифротӣ рӯ меоранд, аз тарафи донишмандони чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маҳз ба сабаби андешаҳои носолимаш ба зиндон андохта шуда, ахиран аз ҳаёт маҳрум шуда буд. Имрӯз низ мо шоҳид ҳастем, ки баъзе аз донишмандони дин дар кишвари ҳамсоя, ки бо мавъизаҳои ифротии пайвастаашон ҳатто дар кишвари мо мухлис пайдо кардаанд, маҳз ба хотири андешаҳои носолимашон ба қатл расонида шудаанд. Яъне, андешаи як донишманди дин ҳеҷ гоҳ аз тарафи тамоми ҷомеа пазируфта намешавад. Аз ин рӯ, вай наметавонад, ки барои дину диндории шахс меъёр қарор гирад.
Идома дорад...
Абдухалилзода К.А.