Чуноне, ки таълимоти як донишманди дин барои дину диндорӣ меъёр буда наметавонад, ба ҳамин монанд таълимоти китобҳои муқаддас низ меъёр буда наметавонанд. Аввалан, ба он хотир он таълимотҳо меъёр буда наметавонанд, ки на ҳамаи талаботҳои китобҳои муқаддас иҷрошавандаанд. Дар боло мо чанд аҳкоми қуръониро, ки риояи онҳо мушкилзо мебошанд, зикр кардем. Дар баробари ин, боз ҳукми дигари қуръонӣ низ вуҷуд дорад, ки зимни иҷро нагардидани яке аз аҳкоми динӣ тамоми ибодати динӣ зоеъ хоҳад гардид: «Оё ба порае аз Китоб имон меоред ва ба порае кофир мешавед? Пас, ҷазои касе, ки аз шумо чунин кунад, ба ҷуз хорӣ дар зиндагонии дунё чист? Ва дар рӯзи қиёмат ба сӯи сахттарин азоб гардонида шаванд. Ва Худо аз он чи мекунед, бехабар нест» (Бақара, 2:85). Агарчанде тибқи тафсирҳо манзури оят яҳудони Мадина мебошанд, лекин оят ҳукми кулл дорад. Яъне, вай ба тамоми имондорон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, ҳангоме қисме аз аҳкоми китобҳои муқаддас иҷро мешаванд ва қисме иҷро намешаванд, чӣ тавр китобҳои муқаддас метавонанд меъёри дину диндорӣ бошанд?
Ҳамзамон зарурат ба таъкид аст, ки яке аз мубаллиғони маъруфи ақоиди ифротӣ дар замони муосир Албонӣ дар муколамае қавли шахсеро, ки бо такя ба ҳукми ояти 78 аз сураи «Ҳаҷ» худро мусулмон менамояд, инкор менамояд ва мусулмон буданро бо чанди шарти ба таври сунъӣ сохтаи худ марбут медонад. Яъне, донишмандони маъруфи олами ислом ҳукми оятро њамон вақт мепазиранд, ки агар ба фаҳмишу ҷаҳонбинии онҷо мутобиқ бошад. Ба қавли дигар, онњо хусусияти фарогир, ҳамагонӣ, ҳатмӣ, таӣйирнопазирӣ ва орӣ аз шарту шароит будани аҳкоми Қуръониро напазируфта, ба аҳкоми оятҳо фаҳмишҳои ба худашон мақбулро мечаспонанд, ноогоҳона аз он ки онњо худро чун Тоғут дар баробари Худо шарик қарор дода истодаанд. Чун имрӯз мавқеъ ва нақши олимони ислом дар байни аҳли ҷомеа хеле муассир аст ва онҳо, мутаассифона, на ҳамеша дорои андешаҳои солими диниянд, аз ин нигоҳ низ таълимоти китобҳои муқаддас барои дину диндорӣ меъёр буда наметавонанд.
Сониян, ба ҳамагон маълум аст, ки дар тӯли таърих мардум дин дошту диндор буд, лек китоб надошт. Яъне, бидуни китоб ҳам одамони қадим динеро парастиш менамуданд ва ҳатто имони онҳо аз диндорони китобдор қавитар буду заифтар не.
Солисан, мавҷудияти китоб ва аҳкоми он ҳоло аз дину диндорӣ дарак намедиҳад. Масалан, имрӯз дар мағозаҳои китобфурӯшӣ ва ҳатто дар хонаи баъзе мусулмонон китобҳои Авесто, Библия, китобҳои ҳиндуён, ки ҳамагӣ шомили аҳкоми муайяне ҳастанд, мавҷуд мебошанд. Дарёфти китоби диние дар ин ё он хона ё мағоза ҳоло далел нест, ки дар макони мазкур дини зикршуда ибодат мешуда бошад. Ба ҳамин монанд дар биёбоне ё дар кӯњсоре имкон дорад, ки чанд китоби динӣ пинҳон карда шуда бошад. Дар ҳолате ки дар он биёбон ё кӯҳсор шахси диндоре набошад, гумон аст, ки дар бораи мавҷудияти дине дар он ҳангом дар асоси китобҳои динии ёфташуда хулосае баровардан дуруст бошад.
Чун барои дину диндорӣ на таълимоти донишмандони дин ва на аҳкоми китобҳои муқаддас натавонистанд ба сифати меъёри муайянкунанда қарор гиранд, пас, фаҳмишу тасаввуроти шахси диндор ва муносибати ӯ ба объекти эътиқод ягона унсуре хоҳад буд, ки аз мавҷудияти дин дарак дода, метавонад меъёри муайянкунанда барои дин ё диндорӣ пазируфта шавад. Воқеан ҳам агар боре ба таърихи фарҳанги башарӣ назар андозем, мебинем, ки нишонаи асосии ҳама гуна фарҳангу парастиши адён танҳо ашхоси диндор мебошанд, ки бо шаклу тарзҳои гуногун динеро парастиш намудаанд. Барои дину диндорӣ на танҳо дар гузашта, балки имрӯз низ маҳз ашхоси диндор бо маросими динияшон нишондиҳандаи асосӣ маҳсуб меёбад. Маҳз чунин ашхос бо афкор ва рафтори динӣ ба дин шакли ҳастӣ мебахшад. Шахси диндор ҳаст, дин ҳаст. Шахси диндор нест, пас дин ҳам нест, новобаста ба он ки вай дар хона чӣ қадар китоби динӣ дорад.
Дар хусуси меъёри дину диндорӣ сухан ронда, ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки зимни муайян намудани онҳо сатҳу сифати диндорӣ низ нақше намебозад. Диндор говро мепарастад ё худои мутлақро, фарқ надорад, дар ҳама ҳолат ӯ диндор аст. Ба ҳамин монанд мусулмон намоз мехонад ё не, ӯ мусулмон аст. Ин ҷо муҳим ҳамин аст, ки ӯ худро мусулмон мешуморад. Дар мусулмонии шахс на таълимотҳои донишмандони дин меъёр буда метавонанд ва на таълимоти кутуби муқаддас, зеро яке пурихтилоф асту дигаре пурра иҷронашаванда. Зеро зимни иҷрои баъзе талабот ва иҷро нагардидани баъзеи дигар, тибқи ҳукми ояти 285 аз сураи «Бақара», ҳама гуна ибодат ба сабаби пешбинӣ гардидани ҷазои сахт моҳияташро гум мекунад. Ҳамчунин тасаввуроти ӯ дар бораи объекти эътиқод низ, бар хилофи он чӣ мубаллиғони салафия дар бораи доштани маълумот доир ба «ақида» даъво пеш меоранд, нақше намебозад. Зеро фаҳмишу тасаввуроти диндор аз ӯ чизеро талаб мекунад, ки ӯ зарур мешуморад. Дар зеҳни ӯ объекти эътиқод дар он шакле вуҷуд дорад, ки ӯ қабул дорад. Ин ҷо шарт нест, ки тасаввуроти ӯ дар бораи объекти эътиқод ҳамранги васфи объекти эътиқод дар китоби муқаддас бошад. Ин ҷо бояд таъкид намуд, ки ҳатто донишмандони бузурги дин низ дар бораи объекти эътиқод нигоҳи яксон надоштанд. Агар ба таври мисол нигоҳи яке аз бузургтарин донишмандони исломӣ Ибни Таймияро пеши назар оварем, ӯ мегуфт, ки «Аллоҳ аз осмон мисли фаромадани ман поён мефурояд» [1,25].
Ин нигоҳи ӯ на танҳо ба таълимоти Қуръон дар бораи Худо мувофиқат намекунад, балки чунин тасаввурот ба таълимоти динии мазҳаби ҳанафия низ мутобиқ нест. Ба ҳамин монанд суфиҳо, файласуфҳо, муътазилиҳо, мутакаллимҳо ва одамони муқаррарӣ ҳар яке тасаввуроти хос дар бораи объекти эътиқод доранд. Далели мазкур низ ба таври иловагӣ маҳз фаҳму тасаввуроти диндорро меъёри дину диндорӣ қарор дода, омилҳои дигарро мантиқан номақбул мешуморад.
Ҳамзамон қобили зикр аст, ки дину диндории инсон маҳсули ниёзу талаботҳои ӯ ва шароитҳои моддию маънавии ҳаёти ӯ ҳастанд. Чун ниёзу талаботҳои инсон вобаста бо шароитҳои зисти ӯ тағйир ёфтанд, дин бо таълимотҳояш низ тағйир меёбанд ё ҳадди ақалл шакли ҳастии худро иваз менамояд. Инсон вобаста ба сатҳи рушди ҳаёти моддии худ аз парастиши ҷисмҳои муқаррарӣ – сангу чӯб то парастиши моҳу офтоб ва ахиран мавҷуди мутлақи бо узвҳои ҳис ва ақл тасаввурнашаванда расид. Яъне, вобаста ба сатҳи рушди қобилияти интеллектуалӣ объекти парастиш тағйир ёфтан гирифт. Ҳамин гуногунии шароитҳои ҳаёти моддию маънавӣ ва сатҳи рушди интеллектуалӣ имрӯз низ вуҷуд дорад. Вобаста ба ду омили зикршуда сатҳу сифати диндории мардум низ аз ҳам фарқ менамоянд.
Идома дорад:
Абдухалилзода К.А.