ҲИКМАТИ ҚУРБОНӢ ВА ТАЪСИРИ ОН ДАР ҲАЁТИ ИҶТИМОӢ

Решаи қурбонӣ аз замони фарзандони Одам алайҳис салом, Ҳобил ва Қобил буда, паёмбарони илоҳӣ низ баъд аз ӯ ин корро анҷом медоданд ва он дар байни аксари миллатҳои дунё дар давраҳои гуногуни таърихӣ арзи вуҷуд кардааст. Аммо замоне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристода шуд, ин суннати паёмбарон ба оини хурофотӣ ва ғалат омехта шуда буд. Шеваи мардуми араб дар замони ҷоҳилият чунин буд, ки пас аз забҳи қурбонӣ Каъбаро ба хуни он олуда мекарданд ва қисмате аз гушти қурбониро бар хонаи Каъба меовехтанд, то Худованд онро қабул кунад.

Таълимоти дини мубини ислом дар оятҳои якум ва дуюми сураи «Моида» эҳтироми хосе оид ба мақому манзалати қурбонӣ қарор дода, таъкид мекунад: «Эй мӯъминон, ба аҳдҳо вафо кунед. Чаҳорпоён аз (қисми) анъом барои шумо ҳалол карда шудааст, магар он чи бар шумо хонда хоҳад шуд. Дар ҳоли эҳром ҳалолдорандаи шикор мабошед. Ба дурустӣ ки Худо он чи мехоҳад, ҳукм мекунад. Эй мӯъминон, ҳурмати нишонаҳои Худоро; ва моҳи ҳаромро; ва қурбониро; ва он чи дар гардани он қилода меандозанд; ва қасдкунандагони Байту-л-Ҳаромро, ки аз Парвардигори худ фазлу хушнудӣ металабанд, машиканед. Ва чун эҳром кушодед, пас шикор кунед; ва душмании гурӯҳе ба сабаби он, ки шуморо аз Масҷиду-л-Ҳаром боздоштанд, шуморо бар таҷовуз кардан аз ҳад водор накунад. Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед; ва аз Худо битарсед. Ба дурустӣ ки уқубати Худо сахт аст». Яъне нисбат ба нишонаҳои ҳаҷ ва маносики он бе эҳтиромӣ накунед, ҳурмати ин моҳҳоро нигоҳ доред ва қурбониҳои гумшудаи дигаронро накушед ва нахӯред. Зеро ин беэҳтиромӣ нисбат ба нишонаҳои Худованд мебошад.

Иди қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддас ва суннати мардуми мусулмон буда, фарҳангу одоб ва ҳадафу ормонҳои хосси худро доро мебошад. Қурбонӣ аз нигоҳи луғавӣ маънои наздик шуданро ифода мекунад ва ҳар амали неке, ки инсон ба василаи он худро ба раҳмату меҳрубонии Парвардигор наздик мекунад, аз қабили забҳи ҳайвон, тоату ибодат, адои садақот, анҷом додани хайру эҳсон ва дилхоҳ амали неке, ки боиси наздикӣ ба раҳмати илоҳӣ гардад, қурбонӣ номида мешавад.

Дар ҳамин замина, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салам мефармояд: «Намоз боис мегардад, ки ҳар парҳезгор ба раҳмати Парвардигораш наздик шавад». Вале дар урфи умумӣ қурбонӣ ба забҳи ҳамон чаҳор чорво, аз қабили гову уштур ва бузу гусфанд нисбат дода мешавад, ки дар роҳи ризоияти Парвардигор дар рӯзҳои муайяни Иди Қурбон забҳ карда мешавад. Мусаллам аст, ки мурод аз тақарруб ё наздикӣ ба Парвардигор наздикии замонӣ ва маконӣ намебошад. Зеро байни Офаридгор ва мавҷудоти офаридашуда, ягон навъи пайванди замонӣ ва маконӣ вуҷуд надорад, балки манзур ин аст, ки аз роҳи тоат ва анҷом додани корҳои неку шоиста кас метавонад худро машмули лутфу меҳубонии илоҳӣ қарор дода, раҳмати илоҳиро ноил гардад. Забҳ кардани чорво дар маросими қурбонӣ ишора ба куштани нафси аммора аст ва марди худошинос бо шамшери ақлу имон ҳайвони нафсро, ки ба таври доимӣ ӯро ба корҳои зишт раҳсипор месозад, маҳв кунад, хонаи дилро аз олудагиҳои нафси маломаткунанда пок гардонад ва онро дар роҳи Ҳақ қурбонӣ кунад. Агар нафси инсон қурбониро набинад ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ чиз сер намешавад ва бештару бештар талаб менамояд, ки дар натиҷа, боиси ҳалокату расвоӣ мегардад. Фидо кардани молу амвол ва молнисорӣ дар роҳи Худо, на аз барои риё аз ҷумлаи сирру ҳикматҳои қурбонӣ мебошад. Забҳи садҳо ҳазор бузу гусфанд, ҳазорон гову уштур дар сар то сари олами мусулмоннишин дар рӯзҳои иди Қурбон як шакли изҳори руҳияи хайру эҳсон ва молнисории дастаҷамъонаи мусулмонон буда, яке аз нишонаҳои суннати илоҳӣ мебошад. Ҳикмати дигари қурбонӣ сер кардани гуруснагон мебошад. Қуръон дар ин бора мефармояд: «Ва шутурони қурбониро барои шумо аз шаоири Худо сохтаем; барои шумо дар он некӣ ҳаст. Пас, [дар ҳолате, ки] бар чаҳор пой истодаанд, номи Худоро бар наҳри онҳо ёд кунед; пас, чун паҳлӯи онҳо ба замин афтад, аз он бихӯред ва ба дарвеши бесуол ва суолкунанда бидиҳед бихӯранд. Ҳамчунин чаҳорпоёнро барои шумо ром гардонидем, бувад ки шукр кунед». Қониъ аз лафзи қаноат гирифта шуда, фақиреро ифода мекунад, ки ба он чӣ мегирад қаноат мекунад. Муътар фақирест, ки илова бар тақозои кӯмак эътироз мекунад ва бо захми забон хайркунандаро меранҷонад. Ҳикмати амалии дини мубини ислом ҳамин аст, ки хайркунанда дар таом додан ва тақсим кардани гӯшти қурбонӣ пойбанди тамаллуқ ва дуову тавозуи фақир набошад, балки ӯро бовуҷуди шунидани захми забон бо таом сер ва бо гӯшт таъмин кунад. Баъзе аз афрод, бахусус ғайримусулмонон, ки аз ҳикмати қурбонӣ хуб огоҳ нестанд, чунин мепиндоранд, ки рӯзҳои иди Қурбон чорвои зиёде ба таври бераҳмона ҳамчун қурбонӣ забҳ карда мешавад ва ин як навъ зарари иқтисодӣ буда, бар сарвати ҳайвонӣ латмаи ҷиддӣ мезанад ва мардум гӯё, ки ба камбудии гушт ва дигар маҳсулоти гӯштию ширӣ дучор мегарданд. Воқеан, агар инсон аз қудрату тавоноии Холиқи ҷаҳониён ва мушоҳидаи суннату низоми илоҳӣ ғофил бошад, чунин мепиндорад, ки забҳи чорво ба ин теъдоди зиёд шумораи онро кам мекунад ва ҳаҷми маҳсулоти шириро коҳиш медиҳад. Ҳақиқат ин аст, ки бо дақиқ сарфаҳм рафтану дуруст риоя намудани дастури илоҳӣ роҷеъ ба масъалаи қурбонӣ ҳеҷ гоҳ молу мулк ва сарвату дороӣ, бахусус сарвати ҳайвонӣ ба камбудӣ дучор нахоҳад гардид. Чуноне маълум аст, оби чашма ба кашидан ва зуд зуд покиза кардани он, на кам, балки бештару софтар мешавад.

Офаридаҳои Худованд бар се даста ҳастанд. Аз ҷумла, гурӯҳе танҳо пайрави ғариза ҳастанд мисли ҳайвонот. Гурӯҳе фақат пайрави вазифа ҳастанд мисли фариштагон. Гурӯҳе гоҳ пайрави ғариза ва гоҳ пайрави вазифа ҳастанд, монанди инсон. Ҳар гоҳ инсон дар сари ду роҳе ғариза ва вазифа қарор гирифт ва ғаризаро интихоб кард, ба сӯи ҳайвонот гаравида, мақомаш дар назди Парвардгор аз ҳайвонот ҳам пасттар мешавад. Зеро аз ақлу андеша ва фикру раҳнамудҳои илоҳӣ истифода накардааст: “Оё мепиндорӣ, ки бештарини онҳо мешунаванд, ё ба ақл дармеёбанд? Онҳо ба ҷуз монанди чаҳорпоён [каси дигар] нестанд, балки онҳо роҳро ғалаткунандатаранд” Аммо ҳамин ки инсон дар ин ду роҳи хатарнок вазифаро интихоб намуд ва дар хати фариштагон қарор гирифт, онро ҳамчун Ид ҷашн мегирад. Масалан, ғаризаҳои гуруснагию ташнагӣ ва шаҳват инсонро ба сӯи нону обу ҳамсар мекашонанд, вале вазифа дастур медиҳад, ки дар моҳи Рамазон худдорӣ намуда, 30 рӯз қудрат бар тавоноӣ вазифаро бар ғариза тарҷиҳ дода, ғолиб омада, сипас, иди Фитрро ҷашн мегирад. Қурбонӣ на танҳо ибодат, балки яке аз нишонаҳои вуҷуди илоҳӣ буда, дар муқобили дигар ибодатҳо аз ҷойгоҳ ва аҳамияти хос бархурдор мебошад. Яке аз ҳикматҳои анҷом додани қурбонӣ ин аст, ки қаламрави маърифати инсон нисбат ба беҳбудии умур маҳдуд буда, розу рамзҳои илоҳиро бо ақл пай намебарад. Аз ин рӯ ҳангоме, ки Иброҳим алайҳиссалом мавриди хитоб қарор гирифт, ки «Бирав фарзанди дилписандатро қурбонӣ кун!» ӯ аз Худо напурсид, ки «Чаро фарзандамро қурбонӣ кунам?». Яъне Иброҳим алайҳиссалом иллатро напурсид, балки аз пайи иҷрои фармудаи Худо шуд. Ба ибораи дигар, вақте, ки инсон кореро дар роҳи Худо ва аз барои розигии Худо анҷом медиҳад, зарурат надорад, ки ҳикмату фалсафаашро бидонад.

Ҳикмати дигари қурбонӣ ин аст, ки инсон дар байни ду хостаи ба ҳам зид қарор мегирад ва барои расидан ба яке мебояд аз дигаре бигзарад. Ё бояд аз дилбастагии хеш нисбат ба фарзанд ва ишқу муносибати фарзанд даст бардорад, то битавонад амри Худоро иҷро намояд. Ё ин ки Худоро ба ҳайси валии неъмати худ нодида бигирад ва нофармонӣ кунад. Дар ҳамин замина, яъне бо ихтиёр кардани яке аз онҳо арзиши воқеии инсон ошкор ва равшан мешавад. Маҳз мақоми дӯстӣ ва муҳаббат ба Худо ҳамзамон интихоби ризоияти Худованд ва тарҷиҳи он бар дилбастагии фарзанд, Иброҳимро ба мақоми «халилӣ» ва Исмоилро ба мақоми «собирӣ» расонид. Қурбонӣ дар асл фидо кардани азизҳо дар остони азизтарин зот, яъне Худованд мебошад. Ҳикмати дигари қурбонӣ наздик шудан ба Худованд бо роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ба шакли дастаҷамъӣ, аз ҷумла фароҳам овардани маводи ғизоӣ барои ниёзмандон, тарғиби зебоипарстӣ бо зебоии дастаҷамъӣ, диду боздид аз дӯстону пайвандон, табодули ҳадияву табрикот ва покиза нигоҳ доштани муҳити зисту ҷоме мебошад.

Қурбонӣ як шакли изҳори дилбастагӣ ва эълони вобастагӣ бо ҷилваи молнисорӣ ва раҳму шафқатнисорӣ дар роҳи ризоияти илоҳӣ мебошад. Бинобар ин, агар асрори қурбонӣ ва таъсири он дар омодагии руҳӣ барои дурӣ аз ҳаргуна манфиатталабӣ ва зиёдахоҳӣ ошкор шавад ва аз сӯе таваҷҷуҳ кунем, ки супориш шуда гушти қурбонӣ барои ятимону барҷомондагон, камбизоатон ва мардуми ниёзманд масраф шавад, ки дар ҳақиқат бо ин қурбонӣ як навъи расидагӣ ба ниёзмандон ва тақвияти руҳияи навъи дӯстӣ мебошад ва он чизе, ки дар миёни мусулмонон ривоҷ дорад, ҳатто қабл аз Ислом дар миёни хайрхоҳон ва бахшандагон ривоҷдошта ба ҳамин ангеза буд. Ҳамзамон. мебояд донист, ки ҳангомаву таблиғоти ғаразнок, сару садоҳои хушунатомез нисбат ба адами риояи ҳуқуқи ҳайвон, ки аз ҷониби ғайримусулмонон бештар сару садо медиҳанд, ба ҳеҷ ваҷҳе нисбат ба суннати қурбонӣ созгорӣ надорад. Аз ин рӯ, он чӣ ки аз қурбонӣ кардан ва расидан ба мақоми қурби илоҳӣ ба василаи забҳи яке аз чорвои чоргона замина шудааст, қатъи алоқаҳои молӣ аст, ки боиси тақвои қалб ва поксозии нафс мегардад. Чуноне Худо дар сураи «Ҳаҷ», ояти 37 мефармояд: «вақте, ки шумо қурбонӣ мекунед, он чӣ ки мутааллиқ ба Худост, тақвои шумост на гӯшту пӯсти қурбонӣ». Хулоса, зоҳири кор забҳ аст, вале воқеияти қазия исботи болотарин сифати бандагӣ дар пешгоҳи Парвардгор бо таслиму сарсупурдагӣ ва изҳори муҳаббату алоқаи банда ба мавлои худ мебошад. Анвоъи чорвои қурбонишаванда. Дар арафаи Иди Қурбон чор навъи чорво, аз ҷумла уштур, гов, гӯсфанд ва буз қурбонӣ карда мешаванд. Бузи сайд, Оҳу ва Асп барои қурбонӣ ҷоиз намебошанд. Илова бар ин, афкору эътиқодҳои хурофотӣ, аз қабили куштани ин ё он адад мурғ ё заргуш, садақа кардани 1000 тухми мурғ ва дигар анвоъи садақот, ақидаи нодуруст нисбат ба қурбонӣ буда, ҳеҷ рабте ба қурбонӣ надорад. Лозим ба ёдоварист, ки қурбонӣ на танҳо куштани мол, балки ибодат буда, ҳикмату фалсафа ва одобу шартҳои хосси худро дорад, ки дар сурати риоя нагардидани онҳо, ибодат ба одат табдил ёфта, қурбоникунанда аз аҷру подош, мағфирати гуноҳ ва афзун гардидани молу амвол маҳрум мегардад. Шартҳои анҷом додани қурбонӣ. Нияти солим, қудрат ва тавоноии шахси қурбоникунанда нисбат ба чорвои солими чоргона, аз қабили бузу гусфанд ва гову уштур, риояи вақти қурбонӣ, аз ҷумлаи шартҳои асосӣ мебошанд. Дар ҳамин замина, мебояд донист, ки чорвои забҳшаванда бояд бе айбу иллат бошад, яъне бемор, лоғар, хурд, нобино, кар, дандоншикаста, пистонбурида, ланг, девона, фарсуда, шохшикаста, гӯшбурида ва ғайра набошад. Агар гӯши чорво аз нисф зиёд бурида шуда бошад, барои қурбонӣ ҷоиз намешавад, вале дар гӯшаш эм ё нишона гузошта шуда бошад, ҷоиз аст. Ҳамзмон агар бузу гусфанд аз як сола, гов аз 2 сола ва уштур аз 5 сола хурд бошанд, барои қурбонӣ ҷоиз намешаванд. Дар ҳамин замина, чорвои хунсо (ахта) карда шуда, дар қурбонӣ ҷоиз мебошад. Ҳукми қурбонӣ. Қурбонӣ, аз нигоҳи эътиқодӣ ва тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, барои дорандагон ва касоне, ки қудрат ва тавоноии молӣ доранд, яъне молашон ба нисоби закоти фарзӣ мерасад ҳатмӣ (фарз) мебошад, зеро шукрона ва зиёдшавии мол дар додани мол ба дармондагон ва ниёзмандон дар беҳтарин сурат мебошад. Замони Қурбонӣ. Қурбонӣ мебояд баъд аз адои намози Иди Қурбон анҷом дода шавад ва забҳ кардани чорво пеш аз намози Иди Қурбон садақа буда, ҳамчун қурбонӣ арзёбӣ намегардад.

Аз ин рӯ, риояи вақт барои забҳи қурбонӣ ҳатмӣ мебошад. Фазилати қурбонӣ. Қурбонӣ аз фазилату баракатҳои бешумор бархурдор мебошад. Эҳёи суннати Иброҳим алайҳис салом, омӯхтани сабру таҳаммул ва татбиқи шариату таълимоти мазҳабӣ, нисор кардани раҳму шафқат ба пайвандону хешовандон, изҳори шукру сипос дар муқобили неъматҳои фаровони илоҳӣ, омили муҳими мағфирати гуноҳон, ноил гардидани ризомандии Правардигор, муяссар гардидани рафъи бало ва дафъи зарар, баҳрамандсозии ниёзмандон аз тавонмандии дорандагон, афзоиши меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат дар байни мардум, ҳукмфармо гардидани ваҳдат ва якдилию якдигарфаҳмӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумлаи фазилатҳои қурбонӣ мебошад. Одоби қурбонӣ. Ният, ихлос, пеш аз забҳ «Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар» гуфтан, ҳангоми забҳ рӯй ба сӯи қибла кардан, гуруснаву ташна нагузоштани чорвои забҳшаванда, эҳсон дар вақти забҳ (муносибати хуб бо чорво ва корди тез), сари чорворо аз тан ҷудо накардан, магар баъд аз забҳи комил, дар назди ҳайвони дигаре забҳ накардан, шоҳрагҳоро пеш аз мак задан, гардани ҳайвонро нашикастан, кордро аз чорво пинҳон кардан ва дар ҳузури он тез накардан, аз ҷумлаи одоби қурбонӣ мебошад.

Абдуалим НОРАСОВ, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Яндекс.Метрика