Шунидам, ки ба рӯзгори Соҳиб пире буд ба Зангон фақеҳу мӯҳташам аз асҳоби шофеъӣ, муфтиву музаккир ва музаккии Зангон буд. Ва ҷавоне буд алавӣ (авлоди Пайёмбар), писари раиси Зангон, ҳамчунин фақеҳу музаккир буд. Ва пайваста ин ҳар ду бо якдигар дар мукошафат буданд. Бар сари минбар якдигаро таънаҳо задандӣ
Ин алавӣ рӯзе бар сари минбар ин пирро кофир хонд. Хабар бад- он шайх бурданд Вай низ бар сари минбар алавиро ҳаромзода хонд Хабар ба алавӣ бурданд.Сахт аз ҷой бишуд. Дар ҳол бархост ва ба шаҳри Рай ва пеши Соҳиб аз он пир гила кард ва бигиристу гуфт:
-Нашояд, ки ба рӯзгори ту касе фарзанди Расулро ҳаромзода хонад.
Соҳиб аз ин пир дар хашм шуд ва қосиде фиристод.Ва ин пирро ба Рай оварданд ва ба мазолим бинишаст бо фуқаҳо ва содот.Ва он пирро бифармуд овардан ва гуфт:
Эй шайх, ту марде аз ҷумлаи имонони шофеъӣ бошӣ ва марде олиму пир ва ба лаби гӯр расида. Шояд,ки фарзанди расулро ҳаромзода хонӣ? Акнун ин, ки гуфтӣ дуруст кун, ё на туро уқубат кунам ҳар чӣ балеғ бошад, то халқ аз ту ибрат гиранд ва дигар кас ин беадабиву беҳурматӣ накунад, чунон ки дар шаръ воҷиб аст.
Пир гуфт: -Бар дурустии сухани ман гувоҳи ман ҳамин алавист. Бар нафси ӯ беҳ аз ӯ гувоҳ махоҳ. Аммо ба қавли ман ҳалолзодаест пок ва ба қавли худ ҳаромзода.
Соҳиб гуфт: Ба чӣ маълум кунӣ?
Пир гуфт: -Ҳама Зангон донанд, ки никоҳи падари ӯ бо модари ӯ ман бастаам. Ва ӯ бар сари минбар маро кофир гуфтааст. Агар ин сухан аз эътиқод гуфтааст, пас никоҳе ки кофир бандад, дуруст набошад. Пас ӯ ба қавли худ ҳаромзода аст. Ва агар бе эътиқод гуфт, дуруғгӯй бошад.
Пас пир гуфт: -Ба ҳама ҳол, дуруғгӯй аст ё ҳаромзода. Ва фарзанди расул дуруғгӯй набошад. Чунон ки хоҳед,шумо ӯро ҳамехонед. Бешак аз ин ду бар як чиз бибояд истодан.
Он алавӣ сахт хиҷил гашт ва ҳеҷ ҷавоб надошт. Ва ин сухан наандешида гуфт то бар вай вубол гашт. Пас, эй писар сухангӯй бош на ёвагӯй, ки ёва гуфтан дуввуми девонагӣ бошад. Ва бо ҳар кӣ сухан гӯӣ, бингар, то сухани туро харидор ҳаст ё не. Агар муштарии чарб ёбӣ, ҳамефурӯш ва агар на, он сухан бигзор ва он гӯй, ки ӯро хуш ояд, то харидори ту бошад. Ва лекин бо мардумон мардум бош ва бо одамиён одамӣ, ки мардум дигар асту одамӣ дигар. Ва ҳар кӣ аз хоби ғафлат бедор шуд, бо халқ чунин зияд, ки ман гуфтам. Ва то тавонӣ аз сухан гуфтану шунидан нуфур машав, ки мардум аз сухан шунидан сухангӯй шавад. Далел бар он, ки агар кӯдакеро аз модар ҷудо кунанд ва дар зери замин баранд ва шир ҳамедиҳанд ва ҳам он ҷо мепарваранд ва модару доя ба вай сухан нагӯяд ва нанавозад ва сухани кас нашунавад, чун бузург шавад, гунг бувад. То ба рӯзгор ҳамешунавад ва ҳамеомӯзад, он гоҳ гӯё шавад. Далели дигар. Ҳар кӣ аз модар кар зояд, лол бувад. Набинӣ ки лолон кар бошанд?
Пас суханҳо бишунав ва ёд гиру қабул кун. Хоса суханҳои панд аз гуфтаҳои мулуку ҳукамо. Ва гуфтаанд,ки панди ҳукамову мулук шунидан дидаи хирад равшан кунад, ки сурмаву тӯтиёи чашми хирад ҳикмат аст. Пас ин қавлро, ки гуфтам, ба гӯши дил бояд шунидан ва эътиқод кардан.
Исоев Насим – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ.