ҲИФЗИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақили ҷавон дар раванди ҷаҳонишавӣ бо вуҷуди дастовардҳои зиёди моддӣ ва маънавиаш, аз назари рушди воситаҳои иттилоотӣ ва технологӣ ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ ҳанӯз нақши кишвари осебпаз мебошад. Муқобилияту истодагарии кишвар ва фазои мафкуравии он дар раванди қабули арзишҳои башарӣ бо омилҳои манфии ҷаҳонишвӣ дар паҳнои иттилоотӣ мушкилиҳои муайянро рӯи кор овардааст.
 
Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ вусъат ёфтани тантанаи озодиҳои сиёсӣ ва унсурҳои низоми идораи демократӣ, ки дар ҳамбастагӣ бо рушди илму техника ва афзоишу тараққии воситаҳои иттилоотӣ сурат мегирад, дар иртибот бо авомили мухталифи зеҳнӣ, мафкуравӣ, холигии сатҳи шуури хуқуқии иҷтимоӣ ва заъфи фарҳанги ҳуқуқию ахлоқии ҷомеа, таъмини ҳифзи амнияти иттилоотӣ мураккаб мегардад (Ниг.: Маҷидзода Ҷ.З., Холиқзода А.Ғ., Одиназода Р.С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ). – Душанбе: «Маориф», 2019. – 240 с.).
 
Ин мураккабӣ дар пайваст бо ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва зуҳури манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои олам ба минтақа, бархӯрди арзишҳои тамаддунҳои шарқию ғарбӣ дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва тинҷию оромии кишвар мубрамияти рӯзафзун ва бештарро касб менамояд.
 
Албатта, паҳлуҳои мусбати раванди ҷаҳонишавӣ ба сифати ҳамраъйӣ ва ягонагии бани башар ва орзую хостаҳои созандаю рушдкунандаи он ба мисли «Бани одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд» (Саъдӣ) ва татбиқи ғояи «сулҳи умум» (И. Кант) кам нестанд, аммо вайроншавии ахлоқи ҷамъиятӣ ва нооромӣ, вазъи мафкураи миллии бисёр аз давлатҳои миллӣ ва рӯ ба рушд, суиистифодаи арзишҳои башарӣ, воситаҳои иттилоотӣ, рақобати носолими бозор, маҳсулот ва табдили таъиноти арзишҳои иттилоотӣ, ногузирии таҳлил ва таъмини амнияти иттилоотиро дар замони ҷаҳонишавӣ ҷиддӣ масъалагузорӣ менамояд.
 
Замони ҷаҳонишавӣ тавассути илму техника яроқи муборизаи манфиатҳоро аз олами моддӣ ба олами маънавӣ кашид. Ҷойи танку туп ва яроқҳои атомиро васоити маънавие чун сухан, санъат, забон, кино, мазҳака, амалҳои ғайриахлоқӣ, ҷоду, ҳиллагарӣ, ҳаннотӣ, таълимоти мухталифи динию дунявӣ, хуллас ҳар амале, ки аз ягон ҷониб норасоии ақли инсониро ҷуброн менамуд, ба осонӣ гирифт (Ниг.: Холиқзода А.Ғ. Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ. – Душанбе: «ЭР-граф», 2021. – 588 с).
 
Воқеияти густариши бемориҳои сироятӣ ва пандемияи Ковид-2019 бори дигар собит сохт, ки иллатпазирии мафкуравӣ аз иллатгароии моддиёт ба маротиб мушкилтару вазнинтар сурат мегирифтааст. Дидгоҳи «Эй бародар ту ҳамон андешаӣ» (Мавлонои Балхӣ) ба сони ғояи «нақди хирад» (И. Кант) афзалияти даврии худро дар шароити муайян аз ғояи «ҳастии ҷамъиятӣ шуури ҷамъиятиро муайян менамояд» ба рӯзномаи илм гузошт. Тарси мафкуравӣ, ки омили бештари марг дар шароити пандемияи Ковид-2019 гашт ба ин масъала назарҳои тоза зам кард.
 
Таҳдиди андешаҳои носолим, рафторҳои ношоиста ва ғайриахлоқӣ аслан аз фазои иттилоот ба мафкураи омма ба вижа ҷавонон думболи ҷаҳонишавии манфиатҳо вусъат пайдо кард. Шаклгирии мафкураи носолим миёни ҷавонон моро бар он водор мекунад, ки авомил ва решаҳои аслии таҳдидҳоро аз ин раванди хатарнок муайян намуда, роҳҳои пешгирии онро дар таъмини чораҳои амниятии фазои иттилоотӣ дар ҷомеа пешниҳод созем (Ниг.: Маҷидзода Ҷ.З., Холиқзода А.Ғ., Одиназода Р.С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ). – Душанбе: «Маориф», 2019. – 240 с).
 
Тавре Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳаматарафа кӯшиш намоем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем (Ниг.: Холиқзода А.Ғ. Бунёдгузори давлати миллӣ – пешвои миллат. – Душанбе: «ЭР-граф», 2015. – 172 с). Таҳлилҳо гувоҳи он аст, ки имрӯзҳо хатари асосӣ ба фазои амнияти истиқлолияти маънавии мо аслан дар ду паҳно бештар эҳсос мегардад.
 
Якум, паҳнои неруи инсонӣ, ки фарогири қишри бисёрмиллионаи ҷавонон ва мардуми эътиқодманди кишварро ташкил медиҳад ва дуюм, паҳнои мафкуравӣ, ки дар самти осебпазирии мафкураи мардум ва суиистифодаи арзишҳои динӣ зуҳур менамояд. Яъне, ҳадафи ҳуҷуми маънавӣ ҷавонону ходимони динӣ ва мафкураи онҳо маҳсуб мегардад. Паҳно ва майдони ҳуҷуми маънавӣ аслан фазои иттилоотӣ ба вижа интернет ба тамоми қудрату назокати худ ба шумор меравад.
 
Ҳанӯз 22-уми декабри соли 2016-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, соли 2017-умро «Соли ҷавонон» эълон намуда буд, дар ин раванд ба ҳамаи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ таъкид намуда буданд, ки нисбати ҷавонон ва иштироки онҳо дар ташаккул ва рушди Тоҷикистон, диққати ҷиддӣ дода шавад, чунки аксарияти аҳолии кишвар ҷавононанд ва онҳо ояндасози миллати худ мебошанд.
 
Мушоҳидаҳо ва бардоштҳо аз раванди мавҷудаи имрӯзаи сатҳи ташаккули мафкураи ҷавонон нишон медиҳанд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидҳои равандҳои номатлуби иттилоотии ҷаҳонишавӣ дар байни ҷавонон вуҷуд доранд.
 
Ҷавонон бо хусусиятҳои хоси худ дар раванди ҷаҳонишавӣ қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд. Интернет имрӯз яке аз василаҳои аввалин ва асосии таъсиргузор ба шаклгирии тафаккури онҳо мебошад. Азбаски аксарияти истифодабарандагони фаъоли воситаҳои интернетӣ ҷавононанд ва иттилооти интернетӣ арзиш ва хазинаи бойи маънавӣ ва технологиро низ дар баробари таҳдидҳояш дорост, ҳар гуна маҳдудкунӣ дар ин самт натиҷаи баръакс ба бор оварда метавонад. Қайд кардан бамаврид аст, Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, ки «...аксари наврасону ҷавонон аз телефон ва шабакаи интернет на барои гирифтани маълумоти мукаммалкунандаи донишу малака, балки барои дарёфти дигар маълумоти ба ахлоқи ҷомеа зарарнок сару кор мегиранд» (Маҷидзода Ҷ.З., Холиқзода А.Ғ., Одиназода Р.С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ). – Душанбе: «Маориф», 2019. – С. 6).
 
Интернет имрӯз ба сифати чи чиз баромад менамояд? Интернет имрӯз ба сифати иттилоот, интернет ҳамчун сармоя, восита, дониш, фейк, манбаи қаллобӣ, илм, хазинаи маънавӣ ва фарҳангӣ, воситаи рушд, табиб, мушкилкушои гиреҳҳои илмӣ, саволҳои норавшан, рӯшноиафкани донишҳои инсонӣ, қонеъкунандаи талаботи қонеънагаштаи инсон ва ғайраю ҳоказо саматҳои нав ба нави худро дар ҷомеаи башарӣ кашф менамояд ва рушд медиҳад.
 
Хулоса, ҳар куҷо талаботи инсоние, ки имкони шакли иттиоотӣ гирифтан ва намои маҷозӣ пазируфтанро дорост, ин офаридаи инсонро дар худ ҷой додааст. Инсон бо интернет ба мисли ҷинни аз кӯза баромада муносибат менамояд, ки мазмуни муносибатро хостаю омоли соҳиби кӯза муайян менамояд.
 
Пас омили решаии ҳуҷуми маънавӣ танҳо ба субъектони фаъол не, балки ба ҳолати маънавии субъектони ғайри фаъол ва адресати ин амалкардҳо тавъам аст. Ин ҳолат моро водор ба он менамояд, ки дар баробари васоити маҳдуднамоӣ ба омодагии мафкуравии ҷомеа ва шаҳрвандони кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.
Ин аст, ки унсурҳои манфӣ ва ифротгарою ғайриахлоқии иддае аз тарғибкунандагони фаҳш гоҳо дидаю дониста бо мақсадҳои муайяни гурӯҳӣ ва гоҳо дар олудагӣ бо манфиатҳои сиёсии кишварҳои муайян чун тори анкабут фазои иттилоотиро ғасб карда, ҳар нафари бо мақсадҳои нек ба чунин сайтҳои иттилоотӣ воридшавандаро такрор ба такрор бо таклифҳои диққатҷалбкунанда ба паскӯчаҳои андеша ва манзараҳои фаҳшу харобиовари худ, ҷалб мекунанд. Оқибати ин ҳолат хиради инсонӣ ва мафкураи насли ҷавонро ба худкушӣ водор кардааст.
 
Алоқаҳои номаҳдуди ҷинсӣ, кашишҳои нафсонии зебо оро додашуда, дурӯғҳои сиёсии бо ҳадаф бофташуда, зиндагии бо кару фаррӣ ба намоиш монда ва бозӣ бо эътиқодҳои динӣ на ҳар ҷавони ба чунин манзара афтидаро имкон медиҳад, ки бо ақли солим аз ин марғзори зебо оростаи деву дад берун барояд.
 
Барои ҷавонони муосир идеологу тарғибгарони фаҳш ва муносибатҳои ғайриахлоқӣ домҳои хеле қашангӯ зебои иттилоотӣ офаридаанд. Дар чунин шароит барои фарзандони беҳимоят, ҷавонони сода ва таҷрибанадошта пайдо кардани роҳи дурусти ҳаёт ва зиндагӣ мушкил аст. Ҳамаи ин тафовутҳои иттилоотӣ, ки дар пасманзари ғоя ва назарҳои мухталиф тарҳрезӣ мешаванд, дар ташаккули афкори ҷавонон бетаъсир нахоҳад буд.
 
Чи бояд кард? Охир ин ҷавонон фарзандону наберагони мову шумоянд, муҳимтар аз ҳама онҳо ояндаи мо ва ватани мо мебошанд. Мо агар ҷавононро огоҳ аз ин таҳдидҳо насозем, неруҳои ақлонии онҳоро омода ба ин таҳдидҳо нанамоем ҳама кӯшишҳои мо дар ҳифзи Ватан ва истиқлолияти маънавии он натиҷаҳои дилхоҳ нахоҳад дод.
 
Имрӯзҳо мавҷудияти омилҳои мусбат ва манфии истифодаи васеи воситаҳои интернетиро дида мутахассисон дар васоити ахбори омма, мисли оне, ки замоне Муҳаммади Ғаззолӣ «илмро ба оби дарёву кӯдакро ба инсони омодаи омӯзиш ва фаҳми илм надошта» нисбат дода буд, яке интернетро чун оташ, дигар чун корд ва сеюми ба мисли мошин нисбат дода, фоида ва зарари ҳар яки онро дар вобастагӣ ба субъекти истифодабарандаи он шарҳ медиҳанд. Яъне, оташ дар дасти инсони солимақл барои манфиат истифода мешаваду дар дасти камақл ба манбаи хатар, корду мошин низ.
 
Аммо бояд рӯирост гӯем, ки дар асл интернет на корд асту на оташ ва на мошину на оби баҳр барои кӯдак, вай як манбаи иттилоотии бо тафаккури инсон сару кор дошта аст, ки бо ҳар нафар дар алоҳидагӣ махфиёна сӯҳбат намуда, аз инсон бо имкони мавҷудаи фикриаш, сатҳи тафаккур ва шуураш ҷаҳони маънавии ӯро ё меафзояд ва ё коста мегардонад.
Интернет ба ҳар инсон дар махфиёти том ба ҳамоиш омода вобастагии худро ба неруи ақлонӣ ва ё шайтонӣ тавъам медорад. Дар ҷойе, ки инсони вориди он шаванда ақли солим ва фарҳанги кофӣ надорад, неруи шайтонии ӯ бисёр хуб ҳокимият меронад.......
 
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика