6 - уми сентябри соли 2024 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Марказ ва ҳайати кормандон бахшида ба таҷлили ҷашни 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро директори Марказ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва дар фаъолияташон барору комёбиҳоро таманно намуданд.
Қайд гардид, ки Рӯзи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз зумраи рӯйдодҳое маҳсуб меёбад, ки барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ, рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ маҳсуб меёбад.
Яқинан ҳамин неъмат буд, ки ба халқу миллат ва кишвари мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат бо саҳми меҳварии Пешвои муаззами миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид ва дар маҷмӯъ дар ин давра мактаби сиёсӣ ва давлатдории муосири миллии тоҷикон шакл гирифт.
Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ, сиёсатшинос, Абдуллоҳи Қодирӣ кормандони Марказро бо ин санаи фараҳбахш табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба муҳимтарин дастовардҳои истиқлолият дар даврони соҳибихтиёрӣ, баромад намуд.
Дар идомаи чорабинӣ Шоев Фирӯз - сардори шуъбаи ҳуқуқи исломӣ роҷеъ ба мафҳумҳои истиқлолият, эъломия ва соҳибихтиёрӣ ибрози андеша намуд.
Дар фарҷом байни роҳбарият ва кормандони Марказ дар атрофи истиқлолият ва дастовардҳои он саволу ҷавоб сурат гирифт.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ