Санаи 9 - уми октябри соли равон, дар маҷлисгоҳи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи Марказ дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини директори Марказ Ваҳобзода Абдураҳмон, муовини соҳавӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Марказ, иштирок карданд.
Дар маҷлис ҳисоботи муовини директори Маркази исломшиносӣ Ваҳобзода Абдураҳмон “Оид ба вазъи корҳои илмиву тадқиқотӣ, пажӯҳишҳо, нашри мақолаҳо ва корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар нуҳмоҳи соли 2024” шунида шуд.
Сипас, баъди ҳисобот муовини директори Марказ Ваҳобзода Абдураҳмон аз сардорони шуъбаву бахшҳо пурсиши ҷиддӣ ба амал оварда, баҳри рафъи камбудию норасоиҳо дар фаъолияти шуъбаву бахшҳои Марказ дастуру супориш ва тавсияҳои судманд дода шуд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ