Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” зери унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гашт, ки дар он намоядагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои далватӣ, олимону коршиносон, намояндагони ташкилотҳои байналмиливу ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони иттиҳодияҳои динӣ дар кишвар иштирок варзиданд.
Кори конференсия ба ду қисмат ҷудо гардида, дар қисмати пленарии он мувоини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаъзам Қодирзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, нақши Конститутсия ва меъёрҳои инсондӯстонаи онро дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи ин бахши конференсия директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода вобаста ба табиати ахлоқию ҳуқуқии Конститутсия, Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода дар мавзуи “Суди конститутсионӣ-кафили ҳифзи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло Хоҷазода роҷеъ ба асосҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳошияи таъмини амнияти миллӣ ва муқовимат бо терроризму экстремизм, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоҳутӣ Шарифзода дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба он-заминаи муҳими рушди давлатдории навин” ва Сардори шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзод перомуни аҳмияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҳуқуқии ватандӯстии шаҳрвандон” дар пасманзари эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суханронӣ намуданд.
Қисмати дуюми конференсия бо суханронии Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зери унвони “Озодии виҷдон ва озодии эътиқод дар партави Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.
Сулаймон Давлатзода фаъолияти озодонаи беш аз 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ дар кишвар, ҳамкории босамари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дин бо иттиҳодияҳои динӣ, ташкили фазо, шароит ва имкониятҳои мусоиду баробар ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти динии пайравони динҳои гуногун ва ба ин васила эҷод гардидани фазои ҳамгироӣ ва таҳаммулпазирӣ дар кишварро натиҷаи татбиқи босамари меъёрҳои Конститутсия Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Раиси Кумита таъкид дошт, ки имрӯз дар кишвар дар баробари чор ҳазор масҷид инчунин 66 иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ низ озодона фаъолият менамоянд.
Дар идомаи конференсия Роҳбари Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар кишвар Наргис Раҳимова, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” Меҳриддин Холмурзоев ва Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Нусратулло Зокирзода дар мавриди заминаҳои қонунии таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла озодии пайравӣ ба дин, нақши ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои пайравони динҳои гуногун дар кишвар ва монанди он суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар кори конференсия Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини роҳбари Епархияи Душанбегии Калисои православии Рус Алексей Телехов, роҳбари ҷамоатхонаи шиаи имомии исмоилӣ дар шаҳри Душанбе Маҳрамбеков Маҳрамбек ва масъули робита бо ҷомеаи маҳфили руҳониёни миллии Баҳоиёни Тоҷикистон Меҳрангез Мамедова вобаста ба нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон ва таҳаммулпазирӣ миёни пайравони динҳои гуногун изҳори назар намуда, заминаҳои қонунгузории кишварро ҷиҳати татбиқи озодиҳои эътиқодии худ қонеъкунанда арзёбӣ намуданд.
Дар поёни кори конференсия миёни иштирокдорон табодули афкор ва муколамаи судманд сурат гирифт.