Китобхона

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.

Ҳама кас толиби ёранд, чӣ хушёру, чӣ маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид, чӣ куништ.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаъӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.

Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хубасту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.

Ҳар дам аз умр меравад нафасе...

Ҳар дам аз умр меравад нафасе.
Чун нигаҳ мекунам, намонд басе.
Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ!
Магар ин панҷрӯза дарёбӣ?
Хиҷил он кас, ки рафту кор насохт.
Кӯси реҳлат заданду бор насохт,
Хоби нӯшини бомдоди раҳил,
Боздорад пиёдаро зи сабил.
Ҳар кӣ омад иморате нав сохт.
Рафту манзил ба дигаре пардохт.
B-он дигар пухта ҳамчунин ҳавасе,
В-ин иморат ба сар набурд касе.
Ёри нопойдор дӯст мадор.
Дӯстиро нашояд ин ғаддор.
Неку бад чун ҳаме бибояд мурд,
Хунук он кас ки гӯйи некӣ бурд…

Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?

❗Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ,
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бибандию напоӣ.
Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ?
Эй ки гуфтӣ, марав андар паи хубони замона,
Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?
Он на хол асту занахдону сари зулфи парешон,
Ки дили аҳли назар бурд, ки сиррест худоӣ.
Парда бардор, ки бегона худ ин рӯй набинад,
Ту бузургию дар оинаи кӯчак нанамоӣ.
Ҳалқа бар дар натавонам задан аз бими рақибон,

Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад...!

❗Он кас, ки бидонаду бидонад, ки бидонад,
Пайваста тавозуъ кунаду кибр бимонад .
Он кас, ки надонаду бидонад, ки надонад,
Ў зуд зи худ занги ҷахолат бираҳонад.
Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад,
Бедор кунаш зуд, ки дар хоб намонад.
Он кас, ки надонаду бидонад, ки бидонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддахр бимонад.
Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад,
Аз мурда шумораш, ки касе зинда нахонад!
✍️Абӯали ибни Сино.

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

УҚЛИДУС (ЕВКЛИД)

Уқлидус ҳудуди 300 сол пеш аз мелоди Масеҳ зиндагӣ мекардааст ва ӯро падари илми ҳандаса (геометрия) медонанд. Ӯ юнонӣ ва нависандаи муваффақтарин китоби дарсии таърихи "Усул" (Elements) аст.

Муҳаммад Закариёи Розӣ

Дар бораи Розӣ низ омадааст ӯ нахустин касе аст, ки моддаи химиявии H₂SO₄ -ро, ки имрӯза онро "асиди сулфурик" (Се́рная кислота́ H₂SO₄) мегӯянд ва дар арабӣ "аз-зоҷул ахзар" номида мешавад ва бештар онро "зайт-ур-Розӣ" номиданд, кашф кард.

‼️ИМОРАТ ДАР ВАЙРОНӢ АСТ‼️

❗Он яке омад заминро мешикофт,
Аблаҳе фарьёд карду барнатофт,
К-ин заминро аз чū вайрон мекунū,
Мешикофию парешон мекунū?
Гуфт: Эй аблаҳ, бирав, бар ман махон!
Ту иморат аз харобū боз дон.
Кай шавад гулзору гандумзор ин,
То нагардад зишту вайрон ин замин.
Кай шавад бӯстону кишту баргу бар,
То нагардад назми ӯ зеру забар.
То набишкофū ба наштар пеши чағз,
Кай шавад некӯи кай гардид нағз .
Пора-пора карда дарзū чомаро,
Кас занад он дарзии алломаро?
Ки чаро ин атласи бигзидаро ,

Дар Урупо замоне мактаби "Синогаройӣ" вуҷуд дошт

Замоне буд, ки дар Урупо мактаби "Синогаройӣ" вуҷуд дошт...

"Ибни Синогаройӣ" мактабе буд, ки дар қарни 16-и мелодӣ дар донишгоҳҳои Инглистон ва Фаронса нуфузи зиёде дошта ва дорад.

Бархе файласуфони барҷаста монанди Фома Аквинский, Роҷер Бэкон, Иоанн Дунс Скот таҳти осори Ибни Сино буданд.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Страницы

Яндекс.Метрика