Китобхона

Гуфторҳои бузургон дар мавриди кӯдакон

Агар хоҳед, фарзандонатон боҳӯш бошанд, ба онҳо қиса хонед, агар хоҳед, ки хеле боҳуш бошанд, барояшон бештар қиса бихонед!

Алберт Эйнштейн

Тақрибан ҳама ҳақиқате, ки бо садоқат баён мешаванд, тавассути кӯдакон аст.

Оливер Уэнделл Холмс

Рӯҳи инсон бо будан дар канори кӯдакон шифо меёбад.

Ф.М.Достоевский

Кӯдакон натанҳо маъсум ва кунҷкованд, балки мусбатандеш, пурлаззат ва аз ҳама муҳимтар шодиянд, бо як калом онҳо ҳамон чизе ҳастанд, ки бузургтарҳо орзуяшро доранд!

Кэролин Хейвуд

ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ

Ба банди сӯфиву мулло асирӣ,
Ҳаёт аз ҳикмати Қуръон нагирӣ.
Бо оёташ туро коре ҷуз ин нест,
Ки аз «ёсин»-и ӯ осон бимирӣ.

#Иқболи_Лоҳурӣ

به بند صوفی و ملا اسیری
حیات از حکمت قرآن نگیری
با آیاتش تورا کاری جز این نیست
که از "یاسین" او آسان بمیری

#اقبال_لاهوری

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Ҳасани Басрӣ (р) фармудааст:

Ҳасани Басрӣ (р) фармудааст: Фасоди дилҳо аз шаш чиз аст:

1. Ба умеди тавба гуноҳ мекунанд.

2. Илм дорад ва ба он амал намекунад.

3. Амали хайрро аз рӯйи ихлос анҷом намедиҳад.

4. Рӯзии Худоро мехӯранду сипосгузорӣ намекунанд.

5. Ба чизе ки Худованд насибашон кардааст розӣ нестанд.

6. Мурдаҳоро дафн мекунанд, ва худ панд намегиранд.

Ҳамчунин гуфтааст:

Касе дунёро интихоб кунад ва онро бар Охират афзал шуморад, ба шаш уқубат гирифтор мешавад:

Се дар дунё:

1. Орзӯи беохир,

2. Хирси беқаонат,

Расми дунё дар ҳамин аст, онки омад рафтанист...

Расми дунё дар ҳамин аст, онки омад рафтанист,

Баъди рафтан номи некат бар забонҳо монданист.

То тавонӣ халқро аз худ маранҷон бо сухан,

Онки болотар нишинад, охираш афтоданист.

Умри ҷонат гарчи умри Нӯҳ ҳам бошад вале,

Шишаи умри гиронам оқибат бишкастанист.

Дил мабанд бар моли дунё, моли дунё бевафост,

Хирқаи зар ҳам бипӯшӣ, симу зар нобурданист.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ ШОИРИ ФОРСУ ТОҶИК - САЪДИИ ШЕРОЗӢ ХУҶАСТА БОД!

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.
Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯӣ, равонам меравад.
Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.
Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам.

ДӮСТИ ЗИЁНКОР...

❗Дӯстат бошад зиёнкор, ай писар,
Ту тамаъ з-он дӯст бардор, ай писар.
Ҳар кӣ мегуяд бадиҳои ту фош,
Дӯст машмораш бад-ӯ ҳамдам мабош.
Дӯсти ҳаргиз макун бо бодахор,
Аз чунин кас хештанро дур дор.
Мӯъмине гар мекунад тарки закот,
Дур аз вай бош, то дорӣ ҳаёт.
Дур шав з-он кас кӣ хоҳад аз ту суд,
Гар сари худ бар қадамҳои ту суд.
Ай писар, аз судхӯрон кун ҳазар,
Хасми эшон шуд Худои додгар.
Он кӣ аз мардум ҳамегирад рибо,
Зинҳор ӯро магӯйи марҳабо.
✍️Фаридуддини Аттор.

ҒАЗАЛИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАВЛУДАШОН.

ГУЛИ СУРХ

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.

Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон,
Гар зи васли як парирӯ марҳаме медоштам.

Меҳнати гетӣ ба талхӣ кай рабудӣ ҷони ман,
Бӯсае гар аз лаби исодаме медоштам.

Менашуд як лаҳза фориғ ёр аз ғамхориям,
Булҳавасосо на гар тоби ғаме медоштам.

Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф, чун аҳли олам, дирҳаме медоштам!

Хотами Той ва қиссаи модару бародараш...

Вақте ки Хотами Той аз дунё рафт, бародараш хост ҷойи ӯро бигирад. Ҳотам саройе сохта буд, ки ҳафтод дар дошт.Ҳар касе аз ҳар даре ки мехост ворид мешуд ва аз ӯ чизе талаб мекард ва Ҳотам ато мекард. Бародараш хост дар он макон биншинад ва худро мисли Ҳотам нишон бидиҳад.
Модараш гуфт: Ту наметавонӣ ҷойи бародаратро бигирӣ, беҳуда худро ба заҳмат маяндоз!!

Страницы

Яндекс.Метрика