Бойгонии матолиб

04 April 2024

РАСМАН: РӮЗИ ИДИ РАМАЗОН ДАҚИҚ ШУД

4 - уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани Иди Рамазон баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.

Сипас, Раиси Шурои уламо ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 10-уми апрел рост меояд.

Оғози сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов 04.04.2024

4 апрел Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироӣ ба таври идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Яндекс.Метрика