Бойгонии матолиб

08 April 2024

Пешниҳоди Афлотун

Аз Афлотун пурсиданд:

- Кадом кори инсон бароят ҳайратовар менамояд?

Афлотун ҷавоб дод:

- Кӯдакҳо ғамгин аз он мешаванд, ки зуд бузург намешаванд.

Ҳол он ки даврони кӯдакиро баъди бузургсолӣ ёд мекунанд.

- Барои ҷамъ кардани сарват, саломатиро аз даст медиҳанд.

Барои дубора барқарор кардани саломатӣ, сарвати ҷамъшударо сарф мекунанд, аммо бо вуҷуди ин, саломатии қаблиро дастрас намекунанд.

- Барои фардо дар гирдоби андеша медароянд ва имрӯзашонро фаромӯш мекунанд.

Тарбияи фарзанди хуб - хизмат барои рушди ояндаи миллат

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

МАВЛОНО ЧӢ ЗЕБО ГУФТААСТ

"Ҳар тане ки дар ӯ илм нест, чун шаҳрест, ки дар он об нест, ва ҳар тане ки дар ӯ паҳрез нест, чун дарахтест, ки бар он бор нест ва ҳар тане ки дар ӯ шарм нест чун дегест, ки дар ӯ намак нест, ва ҳар тане ки дар ӯ ҷаҳд нест чун бандаест, ки вайро Худованд нест".

"Суханони пурҳикмат аз Шамси Табрезӣ".

Гирдоварандаи мавод: А.Қодирӣ

Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстист !

Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Бознашр аз АМИТ «Ховар»

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Ҷаҳлу хурофот...

Дар ҷое, ки ҷ а ҳ л у х у р о ф о т ҳоким бошад; доно будан худкушии тадриҷӣ аст.
Ф. Достоевский

Таҳиякунандаи мавод:
А.Қодирӣ

Яндекс.Метрика