Бойгонии матолиб

24 April 2024

Расми дунё дар ҳамин аст, онки омад рафтанист...

Расми дунё дар ҳамин аст, онки омад рафтанист,

Баъди рафтан номи некат бар забонҳо монданист.

То тавонӣ халқро аз худ маранҷон бо сухан,

Онки болотар нишинад, охираш афтоданист.

Умри ҷонат гарчи умри Нӯҳ ҳам бошад вале,

Шишаи умри гиронам оқибат бишкастанист.

Дил мабанд бар моли дунё, моли дунё бевафост,

Хирқаи зар ҳам бипӯшӣ, симу зар нобурданист.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар н. Вахш

Санаи 23 - уми апрели соли ҷорӣ дар ҳошияи баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии гуруҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ ва намояндаи Прокуратураи ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони ҷамоат, фаъолони ноҳия сокинони кӯчаю маҳаллаҳо, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.

Яндекс.Метрика