Бойгонии матолиб

29 April 2024

Мулоқот бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо 29.04.2024

29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузоришаванда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, хусусан дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳсозии сифати хизматрасониҳои коммуналӣ баррасӣ шуд.

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Қубодиён

Давлат кафили ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон

Масъалаҳои дин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии мардум дар меҳвари қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи ҶТ Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд,  демократӣ ва дунявӣ эътироф шудааст ва заминаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва эътиқодии динии шаҳрвандонро, пеш аз ҳама Конститутсия  баъдан «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” ( аз 4.04. соли 2018) ва ниҳоят  Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз соли 2009) танзим менамояд.  
 

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт

     Санаҳои 23 то 27 – уми апрели соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ таҳти сарпарстии Абдухалилзода К.А. – муовини директори Маркази иломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбоншоев Илҳом - мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломии Марказ ва Қаландаров Бурҳониддин - мутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба ноҳияҳои Нуробод ва Рашт ҷиҳати шарҳу эзоҳи суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ходимони дини кишвар сафари корӣ анҷом доданд.

Яндекс.Метрика