Бойгонии матолиб

16 May 2024

Мулоқоти судманд дар ҷамоатҳои шараку деҳоти н. Рӯдакӣ

ЭЪЛОН !!! ЭЪЛОН !!! ЭЪЛОН!!!

Маркази исломшиносӣ ба диққати тамоми пажӯҳишгарон, муҳаққиқону олимон, донишмандон ва коршиносони умур мерасонад, ки таърихи 20.06.2024 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир: пешгирӣ ва тавонбахшӣ” баргузор мегардад.
 
Хоҳишмандон метавонанд то санаи 03.06.2024 матни суханронии фишурда (дар шакли презентатсия) ё матни комили худро ба Кумитаи тадорукоти Конференсия ирсол намоянд.
 

Вохӯрии судманд дар шаҳри Турсунзода

БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ СЕҲРУ ҶОДУ МОДДАИ НАВ ВОРИД ГАРДИД

Тибқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора нашрияи расмии “Садои мардум” иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин масъала рӯзи 8-уми май дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баррасӣ гардидааст.

Яндекс.Метрика