Бойгонии матолиб

28 May 2024

Назм

Ҷаҳон, эй бародар намонад ба кас,
Дил андар Ҷаҳонофарин банду бас.

Макун такя бар мулки дунёву пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.

Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чӣ бар тахт мурдан, чӣ бар рӯи хок.

Саъдии Шерозӣ

Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонии панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд.

ТО САР НАБОХТЕМ, САНГАР НАБОХТЕМ...

Чун бод тезрав, чун барқ тезкор,
Чун санг пойбанд, чун кўҳ пойдор.
Бо тору пуди ҷон, бо тору пуди тан,
Худро танида аст бо пайкари Ватан.

Аз тангаи Вахон, то Бешаи паланг,
Аз Регари Ҳисор, то марзи Исфаранг,
Дар имтидоди шаб бедор марзбон,
Дар сангари Ватан ҳушёр марзбон…

Аз Модари Ватан бар сангарат салом,
Аз сангари Ватан бар Модарат салом!

Таърихи мулки мо андарзнома аст,
Ҳар зарра хоки мо як марзнома аст.
Ҳар нахл як шаҳид, ҳар санг як мазор,
Ҳар насл як набард, ҳар дашт корзор.

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев 27.05.2024

Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзӯъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд. Ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Паёми табрикотии роҳбарияти Маркази исломшиносӣ ба муносибати Рўзи Қӯшунҳои сарҳадӣ

Рафиқон афсарон, прапоршикон, сержанту сарбозон,

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Имрўз аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 - сол пур мешавад.

Бояд қайд намуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш аз тамоми санҷишҳои таърихӣ гузашта, дар таъмини сулҳу субот, амнияту оромӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Яндекс.Метрика