Бойгонии матолиб

02 September 2024

ҶОЙГОҲИ ОМӮЗГОР ДАР СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ (дар ҳошияи Паёми табрикотии Пешвои миллат бахшида ба “Рӯзи дониш ва “Дарси сулҳ”)

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1-уми сентябри соли 2024 дар баробари ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе, суханҳои пурмуҳтаво ва пур аз ҳикмату панду андарз гуфтанд, ки роҳнамои тамоми омӯзгорон ва дар умум, ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат мисли ҳар вақта дар ин суханронӣ дар бораи мақому манзалати омӯзгор, ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои соҳаи маориф суханронӣ намуданд. Пешвои миллат дар мавриди эҳтироми устод чунин сухани ҳакимона гуфтанд: “ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”.

Самараи даврони истиқлолият

“Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад”.
 Эмомалӣ Раҳмон
 
Имрўзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.
 
Яндекс.Метрика