Бойгонии матолиб

06 September 2024

ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ “РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

6 - уми сентябри соли 2024 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Марказ ва ҳайати кормандон бахшида ба таҷлили ҷашни 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст чорабиниро директори Марказ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва дар фаъолияташон барору комёбиҳоро таманно намуданд.

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

Истиқлол бузургтарин дастовардест, ки марҳалаи нави давлатдории миллӣ аз он оғоз мешавад. Ин паёмади таърихӣ омили иттиҳоду сарҷамъии мардум, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувият ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи шаъну шараф ва ҳастии миллат гардид. Муҳимтарин вазифаи халқи тоҷик имрӯз ҳифзу таҳкими истиқлолият мебошад. Зеро, ин вазифаест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сифати ғояи миллӣ муайян намуда буд.

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсила пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлолияти давлатҳои миллӣ тавлидгари як мафкураи сиёсӣ буда, пошхӯрию парокандашавиро барои қисмате аз кишварҳо ва муттаҳидию ваҳдатро ба иддаи дигари давлатҳо чун ҳодисоти тазод рӯи харитаи ҷаҳон овард [2, c. 32-34].

Яндекс.Метрика