Табрикоти директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдурраҳим ба муносибати Иди саиди Қурбон

Хонадагони азизи сомонаи Маркази исломшиносӣ! Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саъиди Қурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободро орзумандам. 

 

Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси мардуми мусулмон маҳсуб мегардад, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд. Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу субот, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумии кишвар мусоидат менамояд. 

 

Дидгоҳи уламои аҳноф оид ба гушти қурбонӣ

Масъалаҳо оид ба гушти қурбонӣ

 

 

1.Гушти қурбониро фўрўхтан ҳаром аст. Агар шахсе аз нодонӣ ин корро кард, бар ў лозим аст ҳамон миқдор пулро садақа кунад. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 300-301;

 

2. Ҳафт нафар шарик шуда, молеро аз барои қурбонӣ хариданд, баъд маълум шуд, ки яке аз онҳо нияти гуштфуруширо дошта, дар ин сурат, шахси дигаре, ки нияти қурбониро дорад, он ҳиссаро ба нияти қурбонӣ бихарад, вагарна қурбонии ҳеҷяк аз онҳо дуруст намешавад.

 

Офариниши замину ситорагон

«9.Бигў: «Оё шумо ба Он Зоте кофӣ мешавед, ки заминро дар ду рўз офарид ва барои Ў ҳамтоёнеро муқаррар мекунед? Ин аст Парвардигори оламиён. 10. Ва дар болои замин кўҳҳо пайдо кард ва дар он баракат ниҳод ва дар (бақияи) чаҳор рўз, рўзии аҳли онро дар он андоза кард, ки барои суолкунандагон яксон аст. 11. Сипас, ба сўйи осмон мутаваҷҷеҳ шуд3 ва он (монанди) дуд буд, Пас, ба он ва ба замин (низ) гуфт: «Ба хушӣ ё нохӯшӣ биёед!» 4 Ҳар ду гуфтанд: «Ба хӯшӣ омадем» 

 

МУТТАСИЛИЯТИ ТАЪРИХИИ МАРОСИМИ ДАФН ВА ТАҲАВВУЛИ ҶУЗЪИЁТИ МАЪНАВИИ ОН

Маросими дафн яке аз муҳимтарин унсурҳои фарҳанг ба шумор меравад, зеро он бо ҳалли бузургтарин ва даҳшатноктарин муаммои ҳастии инсон – гузариш аз ҳаёт ба марг алоқаманд аст. Ин ҳолат, аз як тараф, устувории расму ойинҳои маросими дафн ва аз тарафи дигар, синкретизми онҳоро муайян мекунад: онҳо таҷрибаи априории ҷамъиятро ифода мекунанд, ки бо вуҷуди амалан санҷишнопазир буданашон, дар ташкили дигар амалияҳои чамъиятӣтаъсир ва нақши назаррас доранд.

Қурбонӣ- суннати Иброҳим (а) аст!

Дар дини мубини ислом қурбонӣ - ин пайравӣ намудани суннати забҳи маъруфу машҳури ҳазрати Иброҳим (а) буда, бо номи Худованди бузург анҷом дода мешавад. Худованди карим, вақте ки ба Паёмбари худ ҳазрати Муҳамад (с) неъмати бузург, яъне «Ҳавзи кавсар» - ро ато кард, ки яке намоз ва дигарӣ қурбонӣ аст.

 

Чунончи мефармояд:

 

“Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ў шутурро қурбонӣ кун”. Сураи “кавсар” ояти 2. Дар ҳадисе низ омадааст:

Одоби қурбонӣ

Аҳкоми “ Бисмиллоҳ” ҳангоми забҳи қурбонӣ

 

1.“Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гуфтан пеш аз забҳ лозимӣ аст. Агар  шахсе онро қасдан тарк кард, моли қурбониашро хўрдан дуруст нест ва ў гунаҳгор мешавад. Сураи “Анъом”, ояти 121

 

2. Агар шахсе фаромўшона “ Бисмиллоҳ”- ро тарк карда, ҷонварро забҳ кард, гўшти он мол ҳалол аст, метавонад аз он бихўрад. “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.299«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 288.

 

Соҳибкорӣ зодаи истиқлолият

Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини заминаҳои ҳуқуқии рушди босуръати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таваҷҷўҳи зиёде зоҳир менамояд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба МО ҶТ (соли 2019) суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ ва аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

 

Рӯҳонии суннатӣ бояд созанда бошад

Аз нигоҳи донишмандони илми фиқҳ ба корҳои хайр даъват кардан ва аз корҳои бад парҳез додан, як амри савоб аст. Доир ба ин мавзӯъ ҳам оятҳои қуръонӣ ва ҳам ҳадисҳои паёмбар, бисёр зикр шудаанд. Паёмбари ислом (с) чунин гуфтаанд: “Эй Алӣ, агар тавонӣ, ки як нафарро дар роҳи рост ҳидоят кунӣ, савобаш бароят аз садақа кардани шутурҳои сурхмӯй бештар аст”.

Страницы

Яндекс.Метрика