Истиқлолият самараи ваҳдат

    
Таҳлили муқоисавии мафҳуми ваҳдат дар адабиёти муосири илмӣ нишон медиҳад, ки таҳти ин мафҳум назария ва таҷрибаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоии таъминкунандаи иттиҳоду якпорчагии халқу миллатҳо ва қишру табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ фаҳмида мешавад.                     
Аввалин дастоварди бузурге, ки аз ҷониби Сарвари мамлакат ба таври пайгирона ва хирадмандона тарғибу татбиқ шудани ғояи Ваҳдати миллӣ ба даст оварда шуд, фурў нишонидани ҷанги дохилӣ, истиқрори сулҳу ризоияти умумимиллӣ мебошад, ки ба шарофати ин дастоварди бузург якпорчагии мамлакат ҳифз карда шуд.

Фиқҳи тақдирӣ ва Абӯҳанифа

     Ҳадаф аз фиқҳи тақдирӣ фатвои масъалаҳоест, ки ҳанӯз ба вуқуъ напайвастааст ва онҳоро ба таври фаразӣ мисол меоранд. Ин навъи фиқҳро фақиҳони аҳли қиёс ва раъй бештар мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор додаанд. Зеро ҳар гоҳ онҳо сабаби аҳкоми собитшударо аз Қуръон ва Суннат муайян менамуданд, ба ин навъи фиқҳ рӯ ба рӯ мешуданд. Пас, фақиҳон масъалаҳоеро, ки ба вуқуъ напайвастааст, мисол меоварданд ва фатво медоданд. Зеро он қиёсу раъйе, ки ба хотири равшану исбот намудани далилҳояшон меоварданд дар дигар масъалаҳои фаразӣ низ кор мефармуданд.

Шикасти тилисм

«… То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хараҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи хараҷотҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Қавмро андешаҳо бояд яке! (Ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ)

Ваҳдат - сарҷамъию якдилӣ, итиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамбастагист, ки оромию осудагии халқ аз он вобастааст. Воқеан ваҳдат неъмат аст. Истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагист, ки пояҳои давлати миллӣ устувор мешаванд ва миллат ба пешравию тараққиёт ноил мегардад.

Муборизаи рӯҳониёни суннатӣ бо кибертерроризм

Солҳои пеш дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рӯҳониён нуфӯз доштанд, мисли Исмоил Пирмуҳаммадзода дар Ҳисор, Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар минтақаи Рашт, Алломаи Регарӣ дар Турсунзода ва дигарон. Аммо имрӯзҳо ингуна нест, ҳар рӯҳоние дар фазои интернетӣ фаъол аст, ӯ машҳур аст. Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳониёни суннатӣ низ ба чашм мерасанд, аммо на ба таври зарурӣ ва дилхоҳ.

Ҳаҷ мактаби тарбияи ахлоқӣ

Адён ва таммадуни шинохташуда аз дер боз маросиме ба унвони зиёрат доштанд, ба ин маъно, ки пайравони он адён барои вафо кардан ба назр ва аҳди хеш, сипосгузорӣ ва ташаккур аз Худо ва ё худоён ё арвоҳи муқаддас, ки ба он эътикод доштанд, бо он амал баракот талабида; ба маконҳое, ки аз назари онҳо муқаддас буд, мерафтанд ва умуман барои онон ҳадя ва қурбонӣ мебурданд.

МЕҲРПАРАСТӢ – ЯКЕ АЗ ОЙИНҲОИ ТОИСЛОМИИ МАРДУМОНИ ОРИЁИТАБОР ВА ТАЪСИРИ ОН БА ДИНҲОИ ҶАҲОНӢ

Халқҳои эронизабон дар ибтидо нерӯҳои табиӣ монанди офтоб, моҳ, ситорагон, хок, оташ, об ва бодро мепарастидаанд. Меҳр худои рӯшноӣ, худои ҳақиқат, танзимкунандаи корҳои олам, ҳомии мазлумон, худои ҷангу набардҳо будааст, ки тамоми қабоил ва тавоифи ориёиҳои бостонӣ дар ҳар ҷо ва ҳар кишваре ӯро мешинохтанд ва месутуданд. Яке аз сурудҳои “Яшт”- дар Хурд Авесто Митраро монанди худое, ки подшоҳон қабл аз оғози ҷанг назди ӯ намоз мебурдаанд, ёд кардааст. Номи ин Худо дар китоби муқаддаси ҳиндувон – Ригведа низ зиёд омадааст. 

Марҳилаҳои таърихии мазҳаби ҳанафӣ аз назари иҷтиҳод

Мутахассисону таҳлилгарони соҳа маҷмӯи масъалаҳои гуногуни таърихии мазҳабро аз назари иҷтиҳод ба се давраи муҳим ҷудо месозанд.

1). Давраи таъсис ва бунёдгузории мазҳаб: 

Он аз оғози фаъолиятҳои илмӣ ва фиқҳии худи Имом Абуҳанифа (ра) шуруъ гардида, даврони фаъолиятҳои илмии чаҳор шогирди бузургашро то вафоти Ҳасан ибни Зиёд (204ҳ.мувофиқ ба соли 819 - 820 милодӣ фаро мегирад. Имом ва чаҳор шогирди бузургаш : 

1.Яқуб ибни Иброҳим (Абуюсуф), 

2.Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, 

3.Зуфар ибни Ҳузайл ва, 

Страницы

Яндекс.Метрика