Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:

- Донотарин одам кист?
- Касе, ки аз ташвиши рӯзгор дилтанг намешавад.
- Ҳимматбаланд кист?
- Он, ки неъматашро аз неъмати дунё болотар мегузорад.
- Тавонотарини мардум кист?
- Касе, ки ақлаш комил аст.
- Он кадом оташ аст, ки худро месӯзонад?
- Ҳасад.
- Кадом бино хароб намешавад?
- Адолат.
- Кадом талхӣ дар охир ширин мешавад?
- Сабр.
- Кадом ширинӣ дар охир талх мешавад?
- Шитоб
- Он кадом беморӣ аст, ки табибон ба муолиҷаи он оҷизанд?
- Беақлӣ.

Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

26 январ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Берунӣ яке аз асосгузорони илми антропология дар сарзамини Шарқ аст!

Бо истинод ба сарчашмаҳо ва эътирофи аксари муҳаққиқони осори Берунӣ, ӯро метавон яке аз муаррихон ва асосгузорони илми антропология дар сарзамини Шарқ арзёбӣ намуд.

Ӯ аввалин бор усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усул дар бештари асарҳои машҳури ӯ «Осор-ул-боқия», «Мо-ли-л-Ҳинд» ва «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» ба мушоҳида мерасад. Усули бархӯрди таърихӣ ва илмӣ-табиӣ ба шайъи таҳқиқ аз усулҳои роиҷи усулшиносӣ (методология)-и илмии Берунӣ мебошад.

Китоби зарбулмасал ва мақолҳои халқҳои ҷаҳон ба табъ расид.

Китобе, ки ба хонандаи гиромӣ пешниҳод мешавад, намунаҳои беҳтарини зарбулмасалу мақолҳои 70 миллати ҷаҳонро фаро мегирад, ки дар натиҷаи таҷрибаи чандинасраи онон эҷод гардидаанд.

Ин зарбулмасалҳо агар аз лиҳози замонӣ куҳан бошанд ҳам, аммо дар ҳаёти ҳар яки мо ва ояндагонамон дастури наву ҷолибест, ки моро ба мақсадҳои аълоямон ноил мегардонад.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Андешаҳои устод Садриддин Айнӣ дар бораи китобхонӣ

Ҳар тоҷик бояд ҳар рӯз ду соат китоб хонад.
Садриддин Айнӣ.

Мактаб боргоҳи илму дониш аст !

"Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад".

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замони гул – гулшукуфои давлати миллии тоҷикон мебошад

Давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бахти миллати тоҷик, зиёда аз чоряк асрро дар бар мегирад, замони гул – гулшукуфии асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон, аз ҷумла, соҳаи мактабу маориф мебошад.

С.Ятимов профессор.

Ҳофиз, асрори Илоҳӣ кас намедонад, ҳамуш!

Ёрӣ андар кас намебинам, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Лаъле аз хоки мурруват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?
Гӯйи тавфиқу каромат дар миён афкандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?

Страницы

Яндекс.Метрика